Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 29 май 2017, 12:37

Шикасти Амрикову Исроил дар СММ

12 ноябр 2011, 05:53

Таи ду ҳафтаи охир бори дуввум аст, ки Амрико ва Исроил дар раъйгирии Созмони милал ба шикаст рӯ ба рӯ мешаванд.


Кумитаи вижаи сиёсӣ ва истеъморзудоӣ, яъне Кумитаи чоруми Созмони милал дирӯз дар охирин райгирии худ таъкид дошт, ки тамоми иқдомоти режими Тел-авив дар минтақаи Ҷавлони Сурия ботил аст. Пас аз баррасии «Қатъномаи 497» таҳти унвони «Ҷавлони ишғолии Сурия», дар кумитаи чоруми Маҷмаи умумии Созмони милал 159 кишвар ба он раъйи мусбат доданд. Фақат режими Тел-авив ба ин қатънома раъйи мухолиф доду Амрико, Канада ва чанд кишвари дигар изҳори бетарафӣ карданд. Бо ин ҳисоб Созмони милал аз Исроил хост то ба қонунҳои байналмилал тан бидиҳад ва ба вижа «Қатъномаи 497»-и Шӯрои амниятро, ки ҳама гуна ҳокимияти ин режим бар «Ҷавлони ишғолӣ»-ро ботил меҳисобад, иҷро кунад.

Ҳамчунин таъкид гардид, ки Исроил ҳама гуна талош барои тағйири миллият ва додани шиносномаи исроилӣ ба сокинони ин минтақаро қатъ намояд.Пештар аз ин, ҳангоми раъйгирӣ барои узвияти Фаластин дар ЮНЕСКО низ 107 кишвар ба он раъйи мусбат доданд, Амрико ва Исроил ва 12 кишвари дигар раъйи манфӣ ва дар ниҳоят талошҳои Вашингтону Тел-авив ба ҷое нарасида буд.

Ёдрас менамоем, ки минтақаи таърихии «Ҷавлон» дар ҷануб-ғарбии Сурия воқеъ гаштааст. Ин баландиҳо дар соли 1967 дар ҷараёни ҷанги шашрӯза ба ишғоли режими Исроил даромад. Ҳарчанд соли 1982 Тел-авив ин минтақаро бахше аз марзи худ эълон кард, аммо онро Созмони милал напазируфт ва «Ҷавлон» ҳамчунон минтақаи ишғолӣ маҳсуб мешавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!