Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:17

Эмомалӣ Раҳмон: Аз обу ҳавои мусоид истифода баред

14 ноябр 2011, 03:27

Раисони вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои Турсунзода, Фархор, Ҳамадонӣ, Восеъ ва Данғара доир ба омодагӣ ба зимистон ва  рафти киштукори тирамоҳӣ ба президент телефонӣ ахбор доданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии райисҷумҳур иттилоъ доданд, дар мавриди омодагӣ ба зимистон таваҷҷӯҳи бештар ба захираи маводи сӯзишворӣ дар муассисаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ зоҳир карда шуд. Эмомалӣ Раҳмон доир ба ҷамъоварии пурраи ҳосили меваю сабзавот ва пахтаи боқимонда  ва ҳамчунин доир ба вусъат додани киштукори тирамоҳӣ ба масъулин супоришҳои мушаххас дод.

Тибқи ахбори раиси вилояти Суғд киштукори тирамоҳӣ дар ҳудуди ин вилоят бояд то 15 ноябр ба анҷом расад. Дар вилояти Хатлон ва дигар шаҳру ноҳияҳо низ    ин кор идома дорад.Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои сари вақт анҷом додани киштукори тирамоҳӣ аз обу ҳавои мусоид  ва ҳар як рўзи офтобӣ пурсамар истифода баранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!