Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 11:09

Марио Монтӣ-иқтисодшиноси маъруф райиси ҳукумати Италия

14 ноябр 2011, 03:54

Марио Монтӣ, собиқ комиссари ИА ва райиси феълии донишгоҳи бизнеси Милан ба мақоми нахуствазирии Италия пешниҳод гардид.


Ин тасмим аз сӯи Ҷорҷио Наполитано, президенти Италия гирифта шуда, профессори 68-солаи иқтисодиётро пас аз гуфтушунид бо сарони ҳамаи ҳизбҳои сиёсии порлумонии кишвараш ба ин мақом даъват кард.Тибқи иттилои расонаҳои хориҷӣ, Марио Монтӣ ҳайати ҳукумати навро дар чанд рӯзи оянда муайян менамояд.

Гуфтанист, Силвио Берлусконӣ, нахуствазири собиқи Италия дар аввали ҳафтаи гузашта натавонист, раъйи аксарияти порлумони ин кишварро ба даст оварад.Номбурда, миллиардери 75-сола барои нахустин бор дар соли 1994 бо шиори “Италия ба пеш ҳаракат кун!”ба қудрат расида буд. Аммо дар ниҳоят бо боло гирифтани ихтилофот миёни вай ва раҳбари Лигаи шимолии Италия дар соли 1995 маҷбур ба истеъфо шуд.Сипас дар соли 2001 симмати панҷсолаи нахуствазириро барои бори дуввум бар ӯҳда гирифт ва пас аз он дар соли 2007 ва баъди истеъфои Романо Проди нахуствазири вақти Италия ба далели рукуди иқтисодӣ, барои бори севум ба мақом нахуствазирӣ расида буд.

Тибқи иттилои расмӣ, дар ҳоли ҳозир қарзи Италия беш аз як триллиону 900 миллиард евро аст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!