Бахшҳо

Луқмон Бойматов: Вандализми фарҳангӣ ё адами эҳтиром

Луқмон БОЙМАТОВ

Бетафовутии мо ба ҷойгоҳи осори таърихиву фарҳангиамон ба гунаи ноогоҳонаест, ки барои худ асари мавҷудиятӣ қоил нестем ва ҳатто дар зеҳни худ таърифе, ки дорем бисёр куллӣ ва гоҳе бемаънӣ аст. Ахиран дар сайти Радиои Озодӣ матлаберо дар бораи насби «муҷассамаи 25-солагии истиқлол ба ҷойи маҷмааи Темурмлик» мутолиа намудам. Зарур донистам то дидгоҳи хешро нисбати наҳваи ҳифзи мероси таърих ва муқаддасоти фарҳангӣ арза бидорам.

ҲАР НАВЪ ТАҶЛИЛ БОЯД АҚЛОНӢ БОШАД

Хабари тағйири ҷойи насби маҷмаъаи меъмории Темурмалик боиси хушҳолиам шуд. Хурсанд шудам аз ин ки билохира, дастандаркорони тарҳи «Маҷмаъаи меъмории Темурмалик» ва масъулини шаҳрдории Хуҷанд ба хотири ҳифзи эътибори хеш аз пиёда кардани тарҳи хеш даст бардоштаанд.

Пӯшида нест, ахиран, шатранҷвор ҷо ба ҷо намудани пайкараҳои номварони таърих, табдил ба як суннати номатлуб дар ҷомеъаи тоҷикон шудааст. Ағлаби масъулинро эҳтироме бар ҳаққу назари мардум нест. Чӣ қадр сахту дардовар аст, агар бибинем, ки иддае аз масъулини кишвардорӣ, бидуни ин ки назарсанҷӣ кунанд, иқдом бар «ибтикороти таърихӣ» мекунанд, ки аъмолашон на дар доираи ахлоқ мегунҷад, на чаҳорчӯби қонун. Рафтори ин гуна ташаббускорон тавре аст, ки гӯйӣ ин ҳама харҷҳои ҳангуфти чорабиниҳо аз кисаи худашон сурат мегирифта бошад! Аммо мавзӯъи баҳсе, ки мехостам матраҳ кунам, на лузуми эҳтироми ҳаққи мардум, балки лузуми эҳтироми ёди гузаштагон аз роҳи шоистагӣ аст.

Ба далели заъф ва худхоҳиҳои мудирият ва бетавваҷҷӯҳии мардум нисбат ба ёди гузаштагон, мероси таърихӣ, фарҳангӣ ва ному манзалати миллат боз ҳам бепаноҳ мондаанд. Сареҳан мегӯям, бояд тарзи тафаккур ва наҳваи бархӯрдамонро бар тамомии арзишҳои инсонӣ ва ҳифзи мероси ниёконамон тағйир бидиҳем вагарна, замоне нагзашта ҳамагон навмед ва наслҳо сарафканда хоҳанд шуд.

Бо шитобзадагӣ ва аз роҳи равобиту завобит пиёда кардани тарҳҳое, гарчӣ ба номи мардум анҷом мешаванд, дар ҳақиқат, аз ҳар буъд бар зарари ҷомеъа тамом хоҳад шуд. Чунончӣ, тарҳе, ки аз сӯи сармутахассиси шӯъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ҳукумати Суғд оқои Аюбҷон Раҳматов дар ВАО матраҳ шуда буд, аз диди мо фоқиди ҳамаи арзишҳост. Мушкилии мо на дар сатҳи дониш, балки дар адами усули шоистасолорӣ ва дар набудани риъояти адолат дар интихоби пешниҳоду тарҳҳост. Чӣ тур бояд фаҳмид, ки ҳеҷ як аз тарҳҳои ироъашуда мавриди баррасӣ ва интиқод аз тарафи мутахассисин қарор нагирифта ва аз ҳама муҳим назари мардуми Хуҷанд, ки тамомии ҳазина ва хароҷоти эҷоди маҷмаъаи меъморӣ бар дӯш мекашад, ба кулл аз эътибор соқит шудааст.

Чаро намехоҳем бифаҳмем, тӯдаҳои забонбаста мебинад, ки ошкоро дар фикри ғаноим ва судҳое ҳастем?! Шарм бояд дошт, бо истифода аз ҷалоли қаҳрамонони таърих, думболи таҳкими мақому манзалати хеш ва аз пайи тақвияти шӯҳрати кизбем! Ҳамчунон рафтор мекунем, ки гӯӣ чашми хиради мардум кӯр асту ақлаш кунд.

Чунин ба назар менамояд, он чӣ зери шиори омодагӣ ба ҷашни Истиқлол ва зимни таблиғи эҷоди «Маҷмаъаи меъмории Темурмалик» дар шаҳри Хуҷанд мегузарад, ба ҷуз масхараи таърих ва судҷӯйиҳои иддае аз афрод нест! Эй кош, ин тарроҳон ва «фарҳангиён»-и зодгоҳи азизам дарк мекарданд, коре, ки ҳам акнун анҷом медиҳанд, навъе аз вандализмҳои модерн аст. Вандализме, ки ҳатто намегузорад арвоҳи гузаштагон оромиш дошта бошанд! Вандализме, ки аз ҳисоби исрофи пули мардуми мазлуму бечора бар нафъи гурӯҳи худхоҳон анҷом мешавад.

Хиҷолат бояд кашид, мавзеъи таърихиеро, ки арвоҳи қаҳрамонони гумноми рӯзгорон орамидааст, ба ин арзонӣ беэътибор мекунем ва аз роҳи судҷӯиву гурӯҳакбозӣ бо қасди офаридани «маҷмаъаҳои фарҳангӣ»-и берӯҳ ҳастем. Чаро ба арзишҳои нуҳуфтаи маконҳои таърихӣ ва ё осори фарҳангӣ ба шоистагӣ намерасем? Бояд масъули аъмоли худ шуд, ҳатто агар дар ин миён фарҳехтагони улум ё нухбагони қудрат бошем, чун фитрати инсонӣ хиёнатро намепазирад.

Бояд ин ҳақиқатро низ фаромӯш накунем, ки мероси гузаштагон мутаъаллиқ ба тамомии инсонҳое аст, ки дар ин ҷаҳонанд. Он моли фақат гурӯҳе ва хонаводае нест. Аз ин рӯ, эҳтироми назар ва раъйи тамоми мардум дар таъйини ҳар навъ тасмимот шарту зарур аст. Агар макони таърихӣ арзишманд аст, чун фақат будани он нест, ки арзиш дорад, балки куллии андӯхтаҳои таърихӣ ва фарҳангиро бо худ дорад, ки ҳамеша барои тақвияти маънавиёти хеш баҳравар мешавем. Пас муваззафем аснод ва ё ҳар навъ осори таърихиро барои ояндагон нигаҳ дорем, аммо ҳимоят ва нигаҳдорӣ бояд ақлониву созанда бошад, на ғайри ақлониву сӯзанда.

СОҲИБИ ТАЪРИХЕМ, ВАЛЕ АЗ ҲИКМАТАШ БЕХАБАР

Пеш аз он ки ба ашхос ва воқеъоти таърихӣ арҷ гузорем, масъулем то сатҳи таърихро возеҳтар бинем. Бояд бидонем, ки ғайр аз баргузории ҷашнҳо вазоифе ҳам дорем дар баробари зикри ёди хайри қаҳрамонони гумном ва барои ҳифзи осори таърихӣ. Онҳое, ки имрӯз ин вазифаро пеши чашми мардум аз роҳи худхоҳиву судҷӯиҳо ба намоиш мегузоранд, кори хубе намекунанд, чаро ки аз ҳикмати илми таърих бехабаранд.

Муҳим ин нест, ки таърихро ҷашн бигирем, балки муҳим он аст, ки бархӯрди дурусте бар ёди гузаштагон ва мероси онҳо дошта бошем, чун покӣ ва нияти нек дар ҳар ҷои дунё азиз ва асараш бар саъодат ва саломати наслҳо босамар аст. Фақат аз роҳи дарк метавон кори хубе анҷом дод. Он гоҳ ки профессор Назирҷон Турсунзод таъкид бар вуҷуди «шароити буҳронӣ ва мушкили иқтисодии кунунӣ» менамояд, нишонгари заъфи масъулин аст, на заъфи ирода ва ҳимати мардуми Хуҷанд. Эшон мефармояд, ки «дар як ҷазираи хурди байни об бунёд намудани маҷмаа ва бардоштани пайкараи бузурги Темурмалик хеле гарон хоҳад уфтод».

Бигзор эҷоди маҷмаъи «Ҳисори Темурмалик» дар Ёва Арал ба мушкилоте рӯ ба рӯ шавад, вале шурӯъи ҳар кори нек нисфи кор аст, коре, ки дар оянда боиси ифтихори наслҳо мешавад. Агар мардум бифаҳмад, ки анҷоми ҳамчунин тарҳ бар нафъаш аст, бо камоли майл ҳамаи ташаббусро бар ӯҳдаи худ мегирад. Фақат майдонро барои мардум тоза бояд кард!

Бо баҳонаи бӯҳрони иқтисодӣ, эҷоди маҷмаъи масхараомези Темурмалик дар яке аз соҳилҳои Оби Хуҷанд, ба назарам, на шоиста ба равонҳои шаҳидон аст, на шоёни ҷомеъаи огоҳу фарҳангӣ. Агар имкони шурӯъи кори эҷоди тарҳи «Ҳисори Темурмалик» дар Ёва Арал набошад, беҳтар аст, дӯкони ҳамаи ҳунарфурӯшони хуҷандӣ баста гардад!

Набояд фаромӯш кард, ки эҷоди ҷойи кор аз муҳимтарин барномаҳои давлат маҳсуб мешавад. Нек бояд бидонем, ки мероси фарҳангӣ калиди гумшудаи тавсеъаи пойдор аст. Бидуни шакк, ободии ҷазираи Ёва имконоти васеъро барои тавсеъаи санъати гардишгарӣ ва иқтисоди кишвар хоҳад гузошт. Мусалламан, ин ҳама имконот ва потенсиолҳои таърихӣ ва табиъӣ ниёзманди мудирияти қавӣ дар ҳавзаи гардишгарӣ дорад. Бояд аз имконоти мавҷуд ва нуҳуфтаи гардишгарӣ ба наҳви аҳсант истифода намуд. Барои ин бояд тендерҳои дохиливу хориҷӣ ва ба хусус бахши хусусиро дар ободӣ ва эҳёи маркази таърихи ва фарҳангии «Ҳисори Темурмалик» ҷазб кард.

Агар имрӯз иқдом барои ободии ҷазираи Ёва Арал накунем, фардо боиси сарбазерӣ хоҳад шуд. Ин хушкӣ гавҳари ношнохта аз мероси фарҳангии миллат аст. Шакк нест, ин хушкии аз ёдҳо рафта, ки замоне шомили осори малмуси таърихӣ буд, ҳам акнун бо гузашти асрҳо табдил ба осори номалмус шудааст. Ин мавзеъест, ки шадидан ниёзманди ҳимоят аст.

Аз назари таърихӣ, ин хушкӣ мероси мунҳасир ба фард аз рӯзгори аҷдод аст. Ин мавзеъ ғайри қобили ҷойгузине ва дар миёни наслҳо бояд аз арзиш ва эҳтироми волое бархӯрдор бошад. Моем, ки қадри онро арзиш намегузорем. Ин таасуфовар аст. Кадомин ҷоеро дар ҳудуди ҷуғрофиёи сиёсии кишварҳои Эрону Осиёи Марказиро медонем, ки шоҳиди ҳамчунин рашодатҳои таърихӣ бошад? Кадомин мавзеъи ҷондифоиҳои гузаштагонро медонем, ки дар таърихи улуми низомӣ ва стратежик ба андозаи хушкии Ёва арзишманд бошад? Кадомин ҷойро аз хоку буми ватани азизамон медонем, дар авроқи муборизоти алайҳи бузургтарин ғосибони таърихи башарият, дар радифи Ёва Арал сабт шуда бошад? Сареҳан, метавонам гӯям, ки аҳамияти маънавии ин ҷазира камтар аз шоҳкорҳои фарҳангӣ, ки дар музеҳо ва голериҳои ҳунарӣ-таърихии кишварҳои Урупову Осиё қарор доранд, нест.

Ҷазираро, ки насли мо бо гузаштааш мешиносад, тавассути наслҳои пеш бо далоиле ҳазф нашуда буд, аммо насли огоҳ аст, ки бояд онро барои наслҳои пасин эҳё кунад! Ин ҷазира меросест, ки ғайри манқул ва арзиши таърихиаш бештар ба ёдмонҳост. Он аз зумраи меросҳои таърихӣ ва фарҳангиест, ки метавон ба сарвати фарҳангии миллат табдил кард.

Ҳамагон медонем, ки хушкии Ёва мавзеъест, ки бар тақдиру сарнавишти ҳазорон сокинони шаҳри Хуҷанд муассир будааст. Аммо аз дидгоҳи дигар, ҳифзи ин навъ осори таърихӣ ва табиӣ метавонад ба эътиборсанҷии хотироти гузаштагон кӯмакҳои беандоза мекунад. Аз ин рӯ, хуб нест, ки дар яке аз соҳилҳои Оби Хуҷанд, маҷмаъаи меъморӣ ва фарҳангӣ ба номи қаҳрамонон сохта шавад. Ба қадар маконҳои муқаддас расидан аз рукнҳои шаръии ҳар фарди мусалмон аст. Ҳифзи маконҳои муқаддас вазифаи ворисон аст, чаро ки дар ободии онҳо достонҳое нуҳуфтаанд, ки сабаби сарфарозии миллат дар оянда хоҳанд шуд.

Дар хабари мазбури Радиои Озодӣ омадааст, ки «дар ҷойи пештараи муҷассамаи Исмоили Сомонӣ… муҷассамаи 25-солагии истиқлоли Тоҷикистон қомат хоҳад афрохт». Ба ростӣ, ин тасмими Ҳукумати вилояти Суғд идомаи мантиқии ҳамон «бозии шатранҷ» бо донаҳои бузургон ва падидаҳои таърихи миллӣ дар паҳнои рӯзгори Хуҷанд аст, ки назираш дар таърих набудааст!

Шакк нест, насби нумоди Истиқлол дар ҷойи муҷассамаи амир Исмоили Сомонӣ аз ночорӣ буда ва бо ин кор масъулин хостаанд, то садоқати худро нисбат бар сиёсати Марказ нишон бидиҳанд. Аммо агар қасди ҳукумат арҷгузорӣ нисбат ба ёди бузургони таърих ва фарҳанги миллӣ бошад, беҳтар ва мантқитар он аст, ки дар ҷойи қаблии муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ пайкараи ситорашинос ва риёзидон Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ ҳамроҳ бо нумоди Устурлоби бикраш барафрошта шавад, зеро симои ин нобиғаи улуму фунуни ҷаҳонӣ ва мазҳари Устурлобаш бамаротиб илмиву зебандаву шоистатар аз пайкараи хаёлии Темурмалик ва чанд тан аз ёронаш дар маҳватаи наздик ба бахши улуми поя ва табиъии Донишгоҳи Давлатии Хуҷанд метавонад бошад. Зимнан, Абӯ Маҳмуди Хуҷандӣ худ яке аз шохистарин самбули улуми появу табиъӣ дар таърихи илм аст, ки мусалламан, баҳсаш ҷудост.
Мӯҳр
ДОНИШҶӮЁН
Номаи ҷавонони тоҷики фориғут-таҳсилони днишгоҳҳои Тоҷикистони муқими Русия ба нашрияи «Озодагон»

Дар таърихи 29 июли соли ҷорӣ мақолаи муаррих Луқмон Бойматов таҳти унвони «Қутби гардишгарии Хуҷанд» (пиромуни таҷлили 800-мин солгарди мудофиаи Хуҷанд дар баробари ҳамлаи муғул) дар ҳафтаномаи «Озодагон» ба чоп расида буд. Баъд аз чанде мусоҳибаи ҳамин муҳаққиқ дар ҳафтаномаи мазкур бо номи «Ҳисори Темурмалик метавонад ганҷинаи маънавиёт гардад» (30 сент. 2015) нашр шуд. Дертар мақолоти дигаре ҳам ба чоп расиданд.
Баҳси аслии муаррих Л. Бойматов пиромуни эҷоди маҷмаъаи гардишгарӣ ва фарҳангӣ дар ҷазираи Ёва-Арали дарёи Сир дар шаҳри Хуҷанд мебошад. Муаллиф эҷоди инчунин маҷмаъаи таърихиро тўҳфаи арзандаи давлат ва ҷомеа дар арафаи таљлили 800-мин солгарди мудофиаи шаҳри Хуҷанд бар зидди ҳуҷуми ғоратгаронаи лашкари Чингизхон хондааст. Ин воқеаи таърихӣ дар соли 1219 рўй дода буд, ҳамагон медонанд.
Нависандагони номаи зайл, мақолот, мусоҳибаи устод Луқмон Бойматовро дар ин маврид мутоила намудем. Тарҳи устод Луқмон Бойматов тарҳи хубест ва мо ҷонибдори онем.
Бидуни шакк, онҳое, ки ҷойҳои таърихии кишварҳои дигарро дидаанд, хуб медонанд, ки мардум ва ҳукуматҳо чӣ қадр ба таърих ва эътибори қаҳрамонони миллии худ таваққўҳ доранд. Чунончӣ, аз ҷумла дар Русия барои ифтихори қаҳрамонҳои миллии худ музейҳо ва осорхонаҳои боарзише месозанд.
Аҳамияти мудофиаи шаҳри Хуҷанд барои ҳар як тоҷик муҳим аст. Он воқеа дар ҳақиқат яке аз машҳуртарин ҳодисаҳои таърихии халқи тоҷик мебошад. Навиштани китобу очеркҳои таърихӣ дар бораи қаҳрамонҳои миллӣ кам аст. Яке аз роҳҳои таблиғи таърихи ифтихорманди миллӣ ва роҳҳои тарбияти мардум эҷоди маҷмаъаи таърихӣ мебошад.
Аз ин назар ҷазираи Ёва-Арали дарёи Сир ҷои таърихист, ки дар он ҷо муҳорибаи қаҳрамононаи халқи тоҷик бар зидди муғулҳо рух додаааст. Ин ҷо барои миллати мо бисёр арзишманд аст. Ҷазираро бояд обод кард, он ҷо барои устувории асосҳои ҳуввияти миллат бисёр боаҳамиятанд. Сохтани маҷмўъаи таърихӣ ва гардишнгарӣ дар ин ҷазира айни мудаъост.
Умед бар он дорем, ки пешниҳод ва тарҳи муаррих Луқмон Бойматов дар бораи эҷоди маҷмўъаи таърихӣ ва туристӣ дар ҷазираи Ёва-арали Сир-дарё дар арафаи ҷашни 800-мин солгарди воқеа пешниҳоди комилан илмӣ аст ва мебояд онро дастгирӣ кард.

Ахсант бачахои точик!
Миллати точик бояд аз чунин донишчуён ифтихор кунад.

хамин мардак худаш барои диёраш чи хизмат кардааст, ки боз аз берун истода дар бораи ватан бо дахони пур сухбат мекунад. ин ободихоро дида тавонистан даркор


Ҳамин Луқмон Бойматов магар олим аст? «Озодагон» чаро ба ҳангомаҳои беасос такя карда, ҳар гуна маводи зидди миллату давлатро нашр мекарда бошад? Аз навиштаҳо ва аксари муаллифони доимӣ маълум аст, ки паси ин амалҳо хоҷагони хориҷӣ – аниқтараш «оқоҷон» - ҳои эрониашон меистанд, ки пешравии миллати тоҷикро намехоҳанд.
Баъдан Луқмонҷон, аниқтараш оғои Луқмон бо ин забони барои омма бегона навиштаанд, ки «Ағлаби масъулинро эҳтироме бар ҳаққу назари мардум нест. Чӣ қадр сахту дардовар аст, агар бибинем, ки иддае аз масъулини кишвардорӣ, бидуни ин ки назарсанҷӣ кунанд, иқдом бар «ибтикороти таърихӣ» мекунанд, ки аъмолашон на дар доираи ахлоқ мегунҷад, на чаҳорчӯби қонун».
Магар ин тӯҳмати рӯирост нест? Суханро насанҷидаву надониста гуфтан магар ба олим мезебад? Ҳол он ки дар Тоҷикистон чунин олимро касе намешиносад ва эътироф ҳам намекунад!!! Ин масъалаҳо ҳатман бо иштироки мутахассисон баррасӣ мешаванд. Дуввум ин, ки ҳар касс метавонад, фикрашро озода баён кунад, ҳам тавассути ВАО ва дар рӯзҳои қабули шаҳрвандон аз тарафи Раиси вилоят.
Чаро оғои Луқмон фикру пешниҳоди худро ба мақомоти дахлдор, ба меъморону олимон пешниҳод накард? Чаро ӯ ҳангома бунёд мекунад?
Ба ин олими муҳоҷир аз забони шоири бузург гуфтаниам:
Ғаразҳо тира дорад рушноиро,
Ғаразҳоро чаро аз дил наронем?

Шахсан ман аз хар ободи хушхолам, бигзор ободи шавад. Дустон туву манхо чи лозим? Суханхоятон дилсузона аст, аммо харма андешаро дар мизони имкону замон баркашидан лозим!

Чаноби Бойматов хамин нуктаро гуфтаниам,ки дар зери ин мачмаа гузаргохи зери замини бунёд мешавад ва ин гузаргох донишчуён ба Донишгохи хукук биснес ва сиёсати Точикистну Донишгохи давлатии Хучанд мебарад. Рафту омади донишчуён бехатар хохад шуд. Мухим ободист. Ба мучассамаи Абумахмуди Хучанди хам чои мувофике хаст!

Боз шикоят! Чои шикоят биёеду худатон бевосита сахм гиред Ватанро обод кунед!

Ба Шумо чаноби Сарфароз гуфтаниам.
Сухан санчида бояд гуфт. Агар дилатон барои миллататон месузад,бо амалатон нишон бидихед. Дидем олимони лагандбардори Хучандиро ман хам Хучанди хастам вале баъзан аз рафтори зиёиёни хучандиам шарм медорам аз навиштахоятон маълум аст, ки худ олим хастед, агар тавонашро дошта бошед, мисли устод Л.Бойматов нависед, накд бинависед, шумо ба чузъ таъриф чизи дигареро намедонед. Ман китобхои Бойматовро хондам дар бораи кахрамонони хакли точик, он чо ман эхсос кардам, ки гурури милли яъне чи. Агар надошта бошед пайдо бикунеду бихонед. Шумо барин шахсиятхо аз кишвар набаромада мардумро дар рухияи гуломи тарбият мекунед

Муаллим Сарфароз ман мехохам аз шумо пурсам хозир Сафорати Эрон ба шумо барои сафари Эрон пул чудо кунад кафшатонро монда пойи луч худатон медавед ва он чо хам равед аз Эрон таърифу тавсиф мекунед.
Бойматов муаллими мо буданд хеч гох бидуни далел сухбат намекарданд, кош хамаи муаллимон мисли хамин одам мебуд. Шумо ба забонашон эърод гирифтед, агар ба шумо бигуянд, ки Камоли Хучанди, Рудаки ва ..... эрони хастанд сина мезанед, ки не точик буданд. Шумо, ки забонро намефахмед, назокати забонро дарк намекунед харчи ба дахонатон биёяд менависед.

Устод Лукмон Бойматов хакки гапро гуфтаанд. Хар чи аз ин олим хондам дар бораи манфиати миллат ва давлат аст. Шахсе бо номи Сарафроз аз шахри Хучанд навиштааст, маълум аст аз гараз навиштааст. Ман намефахмам барои ин хучандихо дидани якдигарро надоранд. Охир хамин хучандихо нагузоштанд, ки устод дар ватанаш монад ва мачбур карданд, ки ба давлати дигар равад. Боз хам аз бахили чашми дидани муваффакиятхои хамватанононамонро надоранд. То кай миллати мо барои якдигар гур мекобад? Шумо Сарафроз ва Комрон агар олим хастед, акалан ба як китоби ин олим такриз нависед! Маълум ааст, ки чуръаташро надоретон. Навиштани шумо барин олимон мисли аккоси сагон аз акиби корвон аст.

Cавол ба Шабнам.
Шумо худатон мутахассис хастед? Дар бораи Абу Махмуди Хучанди чи медонед? Хамаи халк медонанд. ки дар шахри Хучанд чой зиёд аст барои сохтани мучассамахо. Аммо чойи лозимро гайр аз мутахассисон каси дигар намедонад. Маълум аст ки шумо аз лаганбардони хукумат хастед. Ло-акал яке аз маколахои Устод Лукмон Бойматовро дар бораи Абу Махмуд хондаед? Шумо аз руи инсоф гап мезанед ё барои ин хамшахриатон гарази шахси доред? Ман тавсия медихам, хамин маколаи устод Лукмон Бойматовро дубора аз руи инсоф бихонед!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)