Бахшҳо

Хоҷаҳақиқ. Деҳае, ки барқ, мактаб ва бунгоҳи тиббӣ надорад (ВИДЕО)

Як рустои ноҳияи Муъминобод 25 сол аст, барқ надорад. Мақомоти ноҳия мегӯянд, то се соли оянда ин мушкил рафъ хоҳад шуд.

Дар деҳаи Хоҷаҳақиқи ҷамоати деҳоти ба номи Нуралишо Назарови ноҳияи Муъминобод 12 хоҷагӣ зиндагӣ мекунад, ки нерӯи барқ надоранд. Ин русто аз маркази ноҳия ҳамагӣ дар фосилаи 3 километр ҷойгир аст.

Ба иттилои сокинони деҳа аз маскун шудани нахустин нафарон дар ин русто 25 сол гузаштааст ва дар ин давом онҳо барқ надоранд. Ин русто мактаб ва бунгоҳи тиббӣ ҳам надорад. Бошандаҳои деҳа ба хабарнигори “Озодагон” гуфтанд, фарзандонашон дар мактаб-интернати маркази ноҳия таҳсил мекунанд. “Зиёда аз 30 нафар дар ин мактаб-интернат мехонанд. Рӯзи шанбе як нафар рафта онҳоро ба деҳа меорад ва якшанбе дубора ба онҷо мебарад”,-мегӯянд сокинони Хоҷаҳақиқ.

Зикамоҳ Ҳалимова, як сокини деҳа мегӯяд, фарзандонашон замони дар хона будан дар равшании шамъ китоб мехонанд ва вазифаҳои худро омода мекунанд. Ӯ ҳамчунин гуфт: “Шароити зистамон вазнин аст. Обу ҳезумро бо хар мекашонем”.

Хонум Ҳалимова мегӯяд, бо далели набудани барқ ва надоштани радиову телевизион аз хабарҳои кишвар ҳам хеле дер огоҳӣ пайдо мекунанд.

Хоҷаҳақиқ ягона деҳае дар Муъминобод нест, ки мушкили барқ дорад. Бино ба иттилои дарёфтӣ дар ҳудуди ноҳия теъдоди чунин рустоҳо ба 20 мерасад. Аз ин миён чанд деҳа, бо шумули Хундегӣ, Чашмаи латиф, Хоки пир, Деғламон, Тамдара ва ғайра умуман барқ надорад, қисми бештар бо сабаби хароб шудани симчӯб, аз кор мондани трансформатор ва дигар омилҳо бо мушкили барқ мувоҷеҳанд.

Хайрулло Абдулоев, мувини раиси ноҳия оид ба иқтисод ва саноат дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, бар пояи як қарори ҳукумат дар назар аст то соли 2019 мушкили барқ дар тамоми минтақаҳои вилояти Хатлон ҳал шавад.

Мӯҳр
Наход!!!! 3-км аз маркази нохия дур бошад, пас раисону мансабдорони нохия ба чи кор машгуланд???? Шарм намедоред РАИСИ нохия асри 21-аст на соди 21-ум.Нохияи бесохиб буд ва мемонад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)