Бахшҳо

Ҳолӣ: Милиса ва ҳоли мо

Сайф САФАР

Вазорати умури дохилии кишвар қаблан бо нашри як пажуҳиш муайян карда буд, ки 50,2 дарсади мардуми Тоҷикистон ба пулис эътимод надоранд. Бештар аз ними аҳолии кишвар. Вақте ба корманди ҳифзи ҳуқуқ, яъне муҳофизи худат эътимод надошта бошӣ, ба нармгуфторӣ, хеле гап аст.

Суҳбат сари қазияи ҷашни Ҳолӣ ва моҷарои пас аз он меравад, ки мунҷар ба дашному носазогӯии кормандони пулис дар ҳаққи ширкаткунандаҳои ин ҷашн аст. Азбаски то ҳол танҳо сабти садо дар даст дорем, табиист суоле ба ин мазмун халқ мешавад. Кӣ гуфт онҳо кормандони пулисанд? Посухи пурсиш ҳам ин аст, ки дар Тоҷикистон танҳо милитсия ҳаққи назорат бар вайрон нашудани тартиботи ҷамъиятӣ ва бозпурсии мардумро дорад. Аз ин рӯ метавон гуфт, тамоми он дашному бадрафторӣ аз сӯи пулиси кишвар сар задааст. Агар ин сабт ба гӯши фард фарди ҷамъияти кишвар бирасад яқинан эътимод ба милиса ба сифр баробар мешавад.

Дар роҳҳои пойтахт тоблуҳое ба чашм мехуранд, ки дам аз “ислоҳоти милиса” ва “наздикшавии милиса ба мардум” мезананд. Намедонам ин барномаҳо аз чӣ вақт ба ин сӯ рӯйи даст гирифта шудаанд. Танҳо бо таассуф метавон гуфт; чӣ “ислоҳот” ва чӣ “наздикшавӣ!!!”

Ин ислоҳот зоҳиран таҳти ҳимояти молии САҲА, ки худро яке аз ниҳодҳои ҳомии ҳуқуқи инсон дар сатҳи ҷаҳон медонад сурат мегирад. Агар тавсияҳои САҲА дар умури ислоҳи милисаи тоҷик бо бадтарин шева вайрон шудани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва он ҳам шаҳрванди ноболиғ (гуфта мешавад қисме аз иштирокдорон ноболиғ будаанд) бошад, пас масрафоти ин ниҳод барҳадар рафтааст.

Ин рафтори кормандони пулис бештар шабеҳи додгоҳи саҳроӣ (полевой суд) аст, ки он ҷо муҷримон аз сӯи афроди муштзӯр ва дорои нуфуз мавриди бозпурсӣ қарор мегиранд ва саранҷом латту кӯб мешаванд.

Ҳоло суол ин ҷост, ки оё ин рафтори номуносиб тайи мароҳили қонунӣ мешавад ё хайр? Натиҷаи воқеӣ дастраси умум қарор мегирад? Нафарони таҳқиршуда бо канор гузоштани тарс бо расонаҳо суҳбат мекунанд? Он бадрафторон ба дасти адолат супурда мешаванд? Суолоте, ки мунтазирашон мемонем.

Ба ҳайси як шаҳрванд пешниҳодам ин аст, ки аз тариқи қонун гирифтори ҷазо шаванд. Фикр мекунам ба хотири пок шудани идороти пулис аз чунин кормандон беҳтар он хоҳад буд, ки ба таври намоишкорона аз вазифаашон сабукдӯш шаванд.

Рамазон Раҳимзода, ба ҳайси вазир, ки аз боби масоили миллӣ мисли парчаму, ватанпарастиву садоқат ба кишвар шиор мезанад, боястӣ шакли ибтидоии муносибатро ба тобеъинаш бифаҳмонад. Мо мунтазирем, ки вазири муҳтарами дохила ин рафтори кормандонашро ба миллат ва ҷомеаи Тоҷикистон шарҳ медиҳад. Дар сурати ғайр эътимоди мардум баробар ба ҳеч мешавад.
Мӯҳр
Dod
Бисер пениходи хуб бародар Сайф Сафар! Сабукдуш кам аст, бояд барои лату куби духтарон ин кормандони пулисро ба паси панчара равон бояд кард. милисаро бинед, ки ба духтарон мегуяд "магар шуморо тинчи намефорад?". Охир эй бидон ки ин идхо ягон дахл надоранд ба нотинчи кардани кишвар. Ин хамту як иди миллии индухо хаст, ки ба фарорасии бахор чашн гирифта мешавад. Ба мисли "Навруз"-и мо.

Э марак содда будаи не ки аку бовари дори ки вазир чазо медихад асло намекунад

Milisa ba dukhatari tojik ki boyad dar asl hofizi nomusu amniyatash boshad meguyad. "Oe turo bore g....iand dukhatar bo girya meguyand aka mebakhshed nafahmidem vagarna namerftem milisa pas agar g....i naboshi man meg......yam mekunam" Marg bar chunin milisa

донишчу душанбе
Чаноби рахимзода инаша чи мегуед?

Бекор
Милиса бояд аз хукукхои мардум хифз кунад , на ба сари мардум зулм биерад.

Мухтарам Рамазон Рахимзода оё хамин аст миллатдустии шумо?!! Кучо шуд он суханоне ки худро аз минбари баланд хомии хукук мехондед?!

Мирзо
Ин кудакову чавоно ахмак шудаанд. Ин ид гайри ислом аст, иди бутпарастон аст. Кайд кардани он чоиз нест. Лачоми инхоро аз хозир нагирем пагох хама пасхаву гейпарадро кайд мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)