Бахшҳо

Падари сегоникҳо: Хароҷоти беморхонаро худам додам, аз ҳукумат ҳатто табрик накарданд (ВИДЕО)

Як сокини рустои Пахтакори шаҳри Кӯлоб як моҳ қабл сегоник таваллуд кардааст.

Собирҷон Шарипов имрӯз, 20 май ба “Озодагон” гуфт, ҳамсараш -- Марҳабо Шоваллиева 17 апрели соли равон дар таваллудхонаи марказии шаҳр соҳиби сегоник шуд. Ӯ мегӯяд, номи фарзандонашро Фотима, Зуҳро ва Ҳусейн гузоштаанд. Собирҷону Марҳабо аз ин пеш соҳиби ду писар буданд, ки ҳоло яке 5 ва дигарӣ 3 сол доранд.

Собирҷон Шарипов мегӯяд, шунида буд, ки дар ҳолати таваллуд шудани сегоник аз мақомоти маҳаллӣ ба волидони кӯдакон туҳфа медиҳанд, аммо касе аз масъулини ҳукумати шаҳр ҳатто онҳоро табрик накардааст: “Хароҷоти беморхонаро низ, ки қариб 2000 сомонӣ шуд, худам пардохт намудам”.

Аз идораи Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Кӯлоб ба “Озодагон” гуфтанд, ба ин тифлон шаҳодатномаи таваллудро ройгон тақдим намудаанд. Ба иттилои манбаъ, дар пайнҷ моҳи соли равон ин дувумин ҳолати таваллуди сегоникҳо дар шаҳри Кӯлоб аст.

Собирҷон Шарипов, падари Фотима, Зуҳро ва Ҳусейн мегӯяд, баъди ташхис табибон гуфтаанд, дар таркиби шири ҳамсараш норасоӣ мавҷуд аст: “Гуфтанд, ки ба кӯдакон хӯрдани шири модар мумкин нест ва бояд шири хушк истеъмол кунанд. Пештарҳо рӯздармиён шири хушк мехаридам. Ҳоло ки шукри Худо калонтар шудаанд, ҳар рӯз шир мехарам”.

Ба қавли Собирҷон, аз ҳисоби мусофиркашӣ зиндагиашро пеҳ мебарад. Ӯ гуфт, аз соли 2008 барои қитъаи замини наздиҳавлигӣ ариза навишта буд, аммо ҳанӯз посух нагирифтааст.


Мӯҳр
nabi farhor
Собирчон бародарам ин се фарзанди солим,мехмонони навро ба ахли хонаводаатон табрик мекунам.Фарзанд ин неъмати Худо дод аст.

Охир бародари азиз тули ду сол мешавад-ки дар Точикистон бухрони иктисоди омадааст-хайр камтар рахм бар чони чавони худ кунед-холо фарзандори аз пеш.Хурди нав сесола будаст-Хукумат гами кадоми моро хурад? Андоза нигах дор ки андоза накуст-хам лоики душман асту хам лоики дуст!-гуфтаанд. Худованд ба ин тифлон умри дарози пурбаракат дихад! Дасти худро гул бисоз минати хар инсон макун-захмат кашу фарзандонро ба бихезон додар!

Ibrohim
Салом, ман ай Пахтакори Кулоб неки и одама нашинохтам, кани маълумоти пурратар нависед! Миннатдорам!

Фирдавс
Як тифл, ду, се ё чор чӣ фарқ? Шукр кунед, Худованди бузургвор ба шумо ато кард. Аз хукумат чӣ интизоред? Калон кардан гиред. Шумо барои кӯмак зоидед? Зӯр задед, ки давлат яке хона диҳад? Ин атфол ризку худ доранд ва мӯҳтоҷи ҳеҷ ка нестнад.

Зебо
Иброхим...инхо ай пахтакори кулоб..ту чи инора нашинохти??э тобаеее

Гунги тутала.
Мммуборак шшшавад,ааакаи Сссобирчоон!Фффарзанд,дддоди. Хххудост.Ббарои ооон тттабрик нннакаарданд,ккьи ххеши мммири шшшахр нннабудеддд..Ппарвоьоо ннакун Сссобирччон,ддавллат ббоз зззаммм шшшуд.Хххонаат бббуии тифлонь мммеккунад,ббуи ххуллбаву ррайххогн мммекунаддд,бббуи тиффлоннь ббехтарин бббуй аасст,гганимат ддон!

муборак шавад ,,,,худованд ба умри дароз дода бошад....

О будродар, гилаву ҷингила бас, Ҳусен 18сола шавад, облава ба табрикатон меояд.

Озоди
Ба сохибони сегоник гуфтаниям, ки Худованд худаш ризки тифлонро медихад ба умеди касе нашавед.

Said
Табрик о бародар умри дароз дихад худованд ба фарзандонат

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)