Бахшҳо

ССМ дар Тоҷикистон барои дохил шудан ба макотиби олӣ мавриди муҳокима қарор мегирад

Масоили рушди системаи санҷиши миллӣ барои шомил шудан ба макотиби олии Тоҷикистон баррасӣ мегардад.


Зимнан, дар робита ба ин мавзӯъ рӯзҳои 18 - 19 ноябри соли 2011 бо ибтикори Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон бо ҳамкории вазорати маориф, Маркази миллии тестӣ ва Бонки Ҷаҳонӣ дар Маркази исмоилияи шаҳри Душанбе мизи гирд сурат мепазирад. Амалӣ намудани системаи ягонаи имтиҳоноти дохилшавӣ, шартҳои умумии интихобу шомилшавии довталабон ба макотиби олӣ ва нақши донишгоҳҳо дар ситемаи мазкур, аз масоили матраҳшавандаи ҳамойиши мазкур маҳсуб мегарданд. Ҳамчунин дар мизи гирд таҳлили таҷрибаи кишварҳои дигари минтақа оид ба рушди системаи ягонаи санҷишӣ барои шомилшавӣ ба макотиби олӣ дар назар аст.

Тибқи иттилоъ, дар нишаст иштироки намояндаҳои дастгоҳи иҷроияи президент, вазорати маориф, идораҳои вилоятӣ ва шӯъбаҳои ноҳиявии маориф, макотиби олӣ,  Академияи таҳсилот, Маркази миллии тестӣ, Бонки ҷаҳонӣ, Хазинаи кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ), Ташкилоти олмонӣ оид ба ҳамкориҳои техникӣ, Оҷонсии рушди байналмилалии ИМА, Хазинаи Оғо Хон дар назар аст. Ҳамчунин, дар мизи гирд мушовирони байналмилалӣ аз Бунёди «Ҷомеаи Кушода», Барномаи дастгирии таҳсилоти Лондон  (ESP), Anglia assessment LTD ва  Шабакаи марказҳои сиёсати таҳсилотии  Хорватия ширкат мекунанд.

Маврид ба ёдоварист, дар чаҳорчӯбаи самти афзалиятноки Институти «Ҷомеаи Кушода»- Бунёди Мадад дар Тоҷикистон аз соли 2010 ин ҷониб мусоидат кардан ба фаъолияти Маркази миллии тестӣ идома дорад. Буҷаи умумии лоиҳаи мазкур 1 млн. 200 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Лоиҳа бо дастгирии коршиносони байналмилалии  Anglia Assessment LTD амалӣ карда мешавад. Зимнан, барои мураттибони санҷишномаҳо аз фанҳои  математика, таъриху ҳуқуқ, забони модарӣ/русӣ, физика, химия, биология, география, забонҳои хориҷӣ (англисӣ, немисӣ, франсузӣ) семинарҳо гузаронида шуданд.

Мӯҳр
ман бояд чи кунам ки ба инхо дохил шавам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)