Бахшҳо

Додхоҳии Адолат Боева: Барои гирифтани ҷуброни зарар 1 солу 7 моҳи дигар интизор шавем?

Адолат Боева, як сокини ҷамоати деҳоти Ҳисори ноҳияи Ҳисор мегӯяд, бештар аз як сол аст, ки барои пирӯзии адолат ба дари ниҳодҳои ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот меравад, аммо ҳанӯз ба натиҷае нарасидааст.

Ба гуфтаи хонум Боева, 13 апрели соли 2015 як ҷавони ноболиғ бо номи Фаррух Олимов сабукрави “Опел Астра”-и писараш – Илёс Боевро ғайриқонунӣ идора намуда, баъдан ба садама дучор мешавад ва мошинро корношоям мекунад. Ӯ афзуд, кормандони БДА писари ӯро ҳам дар ин кор муҷрим шинохта алайҳаш парвандаи маъмурӣ боз кардаанд: “Писари ман ягон гуноҳ надошт. Баръакс ҷабрдида ба ҳисоб мерафт, аммо чун мо ягон пушту паноҳ надоштем, ҷаримааш карданд”.

Корманди Бозрасии давлатии автомобилие, ки “протоколи маъмурӣ” тартиб додааст, имрӯз 23 май ба “Озодагон” гуфт, протоколро аз рӯи нишондоди шоҳидон тартиб дод. Аммо Адолат Боева мегӯяд ҳамаи шоҳидон дар додгоҳ нишондодҳои худро рад карданд. Ин хонум гуфт, аз рафтори ба гуфтааш ғайриқонунии корманди БДА ба додситонӣ ва баъдан ба Суди ноҳияи Ҳисор шикоят бурд: “Баъди шикоятҳои мо парвандаи маъмурӣ нисбат ба фарзанди ман бекор ва нисбат ба Фаррух Олимов парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Шӯъбаи корҳои дохилӣ ин қазияро 8 моҳ ба дарозо кашид ва ахиран 22 январи соли 2016 Фаррух Олимов бо қарори суд уҳдадор гашт, зарари расонидааш дар ҳаҷми 4398 сомониро пардохт намояд”.

Аммо, мегӯяд, ӯ бо гузашти панҷ моҳ аз қарори суд маблағе нагирифтааст, зеро гунаҳгорро дар мавсими даъвати тирамоҳии соли гузашта ба аскарӣ бурданд: “Намедонам ӯро чигуна ба аскарӣ бурданд, дар ҳоле ки нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида буд ва ҳам ӯ яккаписар аст”.

Адолат Боева дар идома гуфт, замоне ки Фаррух Олимов ин ҷиноятро содир кард, ноболиғ буд ва агар ШВКД-и ноҳияи Ҳисор парвандаро тӯл намедод ва сараи вақт баррасӣ мегардид, масъулияти пардохти зарар бар души падару модараш меафтид: “Имрӯз ӯ дар хизмат аст ва то наояд мо ин малағро гирифта наметавонем. То баргаштани ӯ 1 солу 7 моҳи дигар мондааст”.

Додхоҳии Адолат Боева: Барои гирифтани ҷуброни зарар 1 солу 7 моҳи дигар интизор шавем?Хонум Боева афзуд, шояд 4 398 сомонӣ барои баъзеҳо маблағи зиёд набошад, вале барои мардуми камбизоат пули зиёд ба шумор меравад: “Панҷ писар дорам, ки қаблан дар Русия кор мекарданд. Онҳоро “депортатсия” кардаанд, дар Ватан ҷойи кори доимӣ надоранд, зиндагӣ вазнин аст”.

Ӯ мегӯяд, баъди он қазия мошини писараш, ки бо он мусофиркашӣ кардаву каме пул меёфт, дар ҷаримагоҳи БДА қарор дорад.
Мӯҳр
Хамид
Рости ба худо ин зан рост мегуяд дар Гаи хисор инсоф мондаги нест шиори гаи хисор «пул дори хол дори» ман худ шохидам дар садамае гаи хисор айбро бар шахси вафот намуда намуд хол он ки айб аз дигар тараф буд.Агар илоч расад он корманди гаи ро ки бо ин апа чунин зулм намудааст номашро менавистед..хохиш аз Озодагон

Босита
Апа агар пул надошта боши бахс накун корхоят бефоидааст худатро саргардон мекуни

Охо, холо бачаи оча, бояд маблаги чаримагохи БДА-ро низ бояд пардохт куни. Мошин рафт, гуфта шин, дигар илоч аз дасти инхо нест!Хамид,

Холачон инчо Точикистон аст харчиро интизор шудан лозим. Ин хама даъвохои шумо дуруст аст, аммо чи мекуни, ки мо худ ба хаммаи ин гунахкор хастем. Агар хап намешиштем ва наметарсидем, мумкин буд нисбати мо адолат мешуд. Акнун дер шуд ва беадолати дар магзу устухону хуни точик чой гирифт. Солхои тулони даркор, ки инро аз хуни мардум барори. Мо тарбиягирифтагони давраи шурави хастем. Дар 25- сол насли дигар бо тарбияву хуни дигар пайдо шуд. Акнун ин наслхои 25-соларо дигар карда намешавад. Агар дарахти бузургро чахд куни, ки росташ намои мешиканад, ин дарахтро бояд дар хурдиаш рост мекардем. Озододагон инхоро ман менависам ва факат як хонанда дорам, ки инхам шумоед ва мехонеду удалиташ мекунед

Олим
Чи бояд боз шрафи чаримагохам дихад як солу шаш мох шудааст, ба фикри ман хам мошинро соз карда додан ва хам пули чаримагохро аз хисоби анахамон корманди гаи ситонида шавад ,
Зеро сабаб хулосаи дуруги корманди гаи ба ин хол расонид.Мисол агар духтур касалро диягноси дуруг монад бемор аз даст меравад .пас мурдаро аз лингаш гирифта ба морг набояд партояну табибе ки диягноси хато дод мучозот намоянд. Хулосаи кори ин апаям хамин аст

Ман
Озоди номи корманди БДА хисорро менавиштед то огохи меефтем ки ки бошад

хами шумо панч бача доре ягонташ хизмати Ватан модар кадан бачои бачахои ту и бечора хизмат дора

ма бачои хами кормандо мешудум якум бачахота штраф мекадум барои ки гайри кону ни такси кор мекунан дуюм Барои чи ягонташ хизмати ватан модар накадабудиян

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)