Бахшҳо

Сипоси Зуҳуров ба Арабистони Саудӣ барои шароити шоистаи адои ҳаҷ

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагон, палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба ҳукумати Арабистони Саудӣ барои муҳайё намудани шароити шоиста ҷиҳати адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра изҳори сипос кардааст.

Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Маҷлиси намояндагон ба “Озодагон” гуфт, изҳори ташаккури ҷаноби Зуҳуров дар мулоқот бо Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудӣ садо дод. Раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон гуфтааст, “мо сипоси шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ҳарсол баҳри адои ҳаҷҷи фарзӣ ва умра мераванд аз шароити шоиста ба Ҳукумати Арабистони Саудӣ арз мекунем ва таъкид менамоем, ки ташаббуси Подшоҳи Арабистони Саудӣ – тарҳи тавсиаи навини Ҳарамайни Шарифайн ба нафъи дини мубини Ислом ва уммати Исломӣ мебошад”.

Раиси Маҷлиси намояндагон ба мушкили оби ошомиданӣ доштани Арабистони Саудӣ ва дорои захираҳои фаровони оби тоза будани Тоҷикистон ишора намуда, изҳор доштааст, ки ду кишвар метавонанд дар бахши содироти оби ошомиданӣ ҳамкорӣ намоянд.

Дар идома ҷаноби Зуҳуров қайд намудааст, ки соли гузашта ҳаҷми мубодилаи мол миёни ду кишвар ба 588 ҳазор доллар расид, ки ба имконияту иқтидорҳои мавҷудаи ду давлат ҷавобгӯ нест: “Мо пешниҳод дорем, ки бо кушиши ҳарду ҷониб барномаи ҳамкориҳо барои солҳои муайян (барои мисол 2016- 2021) таҳрезӣ шавад. Ба ҷуз ин баҳри тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоратии байни ду кишвар таҳти сарпарастии сохторҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва палатаҳои савдову саноат зарурати таъсиси Шӯрои доимо амалкунандаи соҳибкорони ду кишвар ва дар ин росто ба таври мунтазам доир намудани форумҳои иқтисодӣ, намоишгоҳҳои маҳсулоти кишоварзию саноатӣ ва дигар чорабиниҳои муштарак ба мақсад мувофиқ аст. Ҷониби Тоҷикистон аз ҷониби Саудӣ даъват менамояд, ки дар татбиқи лоиҳаи гидроэнергетикӣ, аз ҷумла сохтмони неругоҳҳои барқи обии хурду миёна дар дарёҳои дохилии Тоҷикистон ва сохтмони хатҳои интиқоли барқ иштирок намояд”.

Манбаъ меафзояд, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх дар навбати худ омодагии кишвари худро барои тақвияти равобит бо Тоҷикистон эълон дошта, таъкид намудааст, Арабистони Саудӣ талош мекунад, ки дар оянда муносибатҳои иқтисодиву кишоварзии Тоҷикистону Саудиро тақвият бахшад.
Мӯҳр
Чаноби Зухуров барои кадом шароити шоиста ? Оё боре ба хач омадаад ?Точикон дар мавсими хач миёни кишвархои пасошурави бадтарин шароитро доранд ? , Хаймахо дар Минно бадтарин хаймахоянд обхои хочиёнро аз обхоеки барои отвшфишони мукарар шудааст пур мекунанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)