Футболбози тоҷик “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Чеченистон” шуд (АКС)
Рашид Раҳимов, футболбози маъруфи тоҷик ва сармураббии клуби “Терек”-и Грозний ба унвони “Корманди шоистаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Чеченистон” сарфароз гардидааст. Дар ин бора торномаи бошгоҳи “Терек” иттилоъ дода, гуфтааст, ин унвон ба Раҳимов дар ҷараёни як дидори ҳайати клуб ба муносибати анҷоми мавсими футболи 2015-2016 дар Русия дода шудааст.
Ба иттилои манбаъ, президентии фахрии даста Рамзан Қодиров дар ин дидор варзишгаронро барои бозии хуб дар мавсими ҷорӣ табрик намудааст.
Рашид Раҳимов 18 марти соли 1965 дар Душанбе ба дунё омадааст. Дастпарвари клуби “Захираҳои меҳнатӣ”-и Душанбе аст. Дар чемпионати СССР дар ҳайати “Помир”-и овозадор ба майдон мебаромад. Соли 1988 унвони устоди варзишро соҳиб шуд. Дар ҳайати тимҳои “Локомотив” ва “Спартак”-и Маскав бозӣ кардааст. Раҳимов солҳои 2007-2009 “Локомотив”-и Маскав ва солҳои 2009-2011”Амкар”-и Перм ва аз соли 2013 ин ҷониб клуби футболи “Терек”-ро тамрин медиҳад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Март 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 |
4 | 5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 |
11 | 12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 |
18 | 19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 |
25 | 26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 |