Бахшҳо

Чаро Тоҷикистон аз “виза”-и русӣ метарсад?

Иршод СУЛАЙМОНӢ

Русия бо шариконаш, хусусан шарикони заифаш на бар асоси қавоиди муносиботи байналмилал ва на бар асоси манофеи муштарак, балки бар асоси ирода ва хостаҳои сиёсии роҳбарияташ муносибат мекунад. Ҳоло яке аз сабабҳои аслии буҳрон дар Русия ҳамин аст, ки чунин як кишвари бузург қурбонии хостаҳо ва ғурури дурӯғини роҳбарияташ гардид. Ва агар чунин як муносибат давом бикунад аз эҳтимол дур нест, ки вазъи Русия бадтар ҳам бишавад.


Ҳамин ғурури дуруғин аст, ки баъди ду ҳодисаи ахир (тасмими Тоҷикистон дар маврид даст кашидан аз ному насабгузории русии “-ов” “-вич”, “-овна” ва қазияи хунбори гӯристони Хованское) баъзе аз чеҳраҳои сиёсии Русия пешниҳод кардаанд, ки бояд бо Тоҷикистон низоми раводидро ҷорӣ кард. Магар ҷорӣ кардани низоми раводид ба нафъи Русия аст?

Имрӯз барои ҳар таҳлилгар, хусусан касоне ки аз моҳияти сиёсатҳои Русия каме огоҳӣ доранд, маълум аст, Русия бо ин ҳарфпароканиҳо чӣ мехоҳад. Русия дар навбати аввал мехоҳад, ки Тоҷикистон ҳар чи зудтар ба “иттиҳоди путинӣ” – Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид шавад ва ба ин васила кафолати наҷоти иқтисоди ба зонузадаи худро бештар кунад. Зеро ҷуғрофиёи ин иттиҳод васеътар ва вобастагии ин ҷуғрофиё аз Чин камтар мешавад.

Дар чунин мақтаъи замонӣ Русия ҳеч вақт ин заруратро намебинад, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ кунад, зеро ҳоло ягона ҷойи “нозу нуз”-и сиёсии Русия танҳо ҳамин кишварҳо ҳастанд. Ин гуна пархошгариҳои вакилону сиёсатмадорони Русия ба ин хотир мебошад, ки роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ҳукумати путинӣ “крыша”-и онҳост, битарсанд.

Таваҷҷуҳи бесобиқаи расонаҳои Русия ба ҳодисаи гӯристони Хованское аз ибтидо маълум буд, ки ин қазия ба як бозӣ табдил мешавад. Дар ибтидо хостанд, ки ин қазияро як моҷарои байни маҳалҳои Тоҷикистон нишон бидиҳанд. Баъдан ба он ҷомаи низои қавмӣ пӯшониданд ва гуфтанд, ки ҷанг миёни ду қавм – қафқозиҳо ва осиёи миёнагиҳо сурат гирифтааст. Ва ҳақ бар ҷониби яке аз таҳлилгарон, ки гуфта “ин низоъ миёни коргарони оддӣ ва бандитҳо буд, на ҷанг миёни чеченҳову осиёгиҳо”.

Мо ҳама медонем, ки дар қавмшиносӣ қавме бо номи “осиёимиёнагӣ” вуҷуд надорад. Ва ин гуна “формулировка”-и Русия аз он бозгӯ мекарда, ки худи қазия ва пайомадҳояш ба ин содагие нест, ки мо мепиндорем. Яке аз бархостҳои ин қазия, ки мояи нигаронии ҷиддӣ дар сатҳи роҳбарияти Тоҷикистон низ ҳаст ҳамоно таҳдиди ҷониби Русия барои ҷорӣ кардани низоми раводид аст. Дар Тоҷикистон аксарият ҷорӣ кардани раводидро ба маънои “қиёмат”-и муносибати Русияву Тоҷикистон мефаҳманд. Ҳадди ақал дар сатҳи расмӣ аз ҷорӣ шудани раводид бисёр нигарон ҳастанд. Албатта дар шароити иқтисодиву сиёсӣ ва чолишҳои аминиятие, ки Тоҷикистон қарор дорад тарсидан аз раводиди русӣ як миқдор ҷой ҳам дорад. Зеро шароити сафар ба Русия мушкил мегардад ва дарди сар барои Ҳукумати Тоҷикистон бештар эҷод мешавад. Вале як чизро набояд фаромӯш кард, ки то замоне Тоҷикистон ба танзими раванди муҳоҷират ба Русия иқдом накунад вобастагиаш аз хоста ва иродаҳову ғурури роҳбарияти Русия боқӣ мемонад.

Баъди изҳори назари Владимир Жириновский ва баъдан Сергей Миронов ду роҳбари ҳизби пурнуфуз дар Русия ба қазияҳои номгузорӣ ва гӯристони Хованское нигаронии Душанбеи расмиро ҳам ба бор овард. Ҳамин буд, ки ба таври бесобиқа дар гармогармии қазияи гӯристони Хованское роҳбарияти Тоҷикистон ва Парлумони Тоҷикистон изҳор карданд, ки қазияро мавриди назар гирифтаанд. Албатта то замоне, ки Тоҷикистон масири сиёсии худро таҳти сояи сиёсии Русия мушаххастар накунад ва мавқеи худро перомуни ворид шудан ба иттиҳоди АвруОсиё маълум накунад, мутассифона мо шоҳиди чунин нохушҳои бештаре мешавем.

Аз ҷониби дигар, барои Душанбеи расмӣ ҳам масъала ба ин соддагӣ нест, ки тасмими вуруд ба иттиҳоди мазкурро бигирад, ҳарчанд чорае ҷуз ин надорад. Ҳоло ба назар мерасад, ки барои пойин бурдани сатҳи фишори Русия (фишори иттилоттие, ки тариқи расонаҳо ва чеҳраҳои сиёсиаш ба Тоҷикистон мегузорад) ду роҳ дорем:
Ё эълон мекунем, ки мо ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешавем;
Ё ҷуръат ва ҷасорати сиёсӣ нишон дода, ҷорӣ шудани низоми раводидро ба унвони як муқаррароти маъмулии муносиботи ду давлат мепазирем ва худ низ хостори ҷорӣ кардани низоми раводид мешавем.

Ҳоло аз ин ду гузина кадомеро пеш мегирем мушаххас нест, вале мешавад ҳадс зад, ки Тоҷикистон на аз нигоҳи сиёсӣ ва на аз нигоҳи иқтисодӣ тавони бардошти фишорҳои Русияро надорад. Ҷонибдорӣ аз ҷорӣ шудани низоми раводид ҳарчанд дар кӯтоҳмуддат ба зарари Тоҷикистон бошад, вале дар дарозмуддат ба нафъи Тоҷикистон тамом мешавад ва ин кор вобастагии сиёсии Тоҷикистонро аз Русия то андозае кам мекунад. Русия ниёзҳои сиёсиву иқтисодӣ ва ҳатто иҷтимоие дар Осиёи Марказӣ дорад, ки маҷбур мешавад ба хотири онҳо имтиёзотеро ҳам ба кишварҳои ин минтақа бидиҳад. Акнун тасмим Тоҷикистон баъди ин ҳама фишору пархошгариҳои Русия чӣ мешавад бастагӣ ба хосияти қудрати сиёсӣ дар кишвари мо дорад.
Мӯҳр
Човандоз
Баъд барои ин 7 азор аскари Русия хам раводид мшуд-мй?

мехмон
Бисер маколаи чолиб !!!! Иршод мо бояд визаро кабул кунем . Ин халосии мо аз машинаи пурбухроне (Руссия) ки аробаи моро мекашад. Баъди чори шудани раводид Руссия охиста охиста нерухои худро аз каламрави мо мебарорад. Чи хеле ки дар Грузия кард. Мухочирони мо аз Руссия бармегарданд ва дар хона ба дехкони машгул мешаванд. Як ду сол азоб мекашему халос!
БОВАР КУНЕД ХАМИН НИЗОМИЁНИ РУС ИНВЕСТОРХОИ ХОРИЧИЕ КИ МЕХОХАНД БА ТОЧИКИСТОН ОЯНД МЕТАРСОНАНД. ИМРУЗ ТАМОМИ ЕВРОПА ВА ДАВЛАТХОИ АРАБУ АЧАМ МЕХОХАНД БО ТОЧИКИСТОН ХАМКОРИ КУНАНД , АММО ХУЗУРИ НИЗОМИЁНИ РУС МОНЕЪ ИН МЕШАВАД.
БАРХЕ МАРДУМИ МО БАРОИ ОСОНИИ ЗИНДАГИАШОН ШАХРВАНДИИ РУССИЯРО КАБУЛ КАРДААНД. АГАР ДАР РУССИЯ БУХРОН ШАВАД ОНХО БОЗ КАДОМ ШАХРВАНДИРО КАБУЛ МЕКУНАНД ??

Dev
"Ё эълон мекунем, ки мо ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ворид мешавем;"
Hub , in ba tojikon, ba muhojiron chi medihad? Hej chiz. MOra ba har navъ zadan,dar hamun Ittihod ham ba mo hamin nakshro medihand, nakshi galtidaro, nakshi lagadhurro. Bahudayu behuda edrasamon mekunand,ki hamajihata noshudem, onho "murdai" mora kashida burda istodan.
GUzinai duyumat ,barodar Irshod behtar ast. Agar mo elon kunem,ki hostgori vizaem, Russiya inro dar murdash namehohad va ba har navъ mekushad suhan az viza nashavad.Dar in holat mo kame obruj pajdo mekunem, bajni shuravihoi sobik.Agar hostgori viza shavemu viza jori shavad ham , budani moro biseriho paj mebarand...

Мухочир
Иршодбой ин хобата рафта ба об гуй ва дигар ин хел макола нанавис Точикистон бе Россия хам ва бо Россия хам хамеша хамин тавр дурахшон монед дустони азизам хамеша хору зор аст. Бояд фикри халку мардуми оддиро кардан даркор ва навис нависро камтар кардан даркор Бародари азиз

хуш
офарин!! Иршод, Фикри мо бояд низоми раводид чори шавад, аз гуломию тахкир халки Точик зудтар рахо меебад

Ман сад фоиз тарафдори иктисоди гумруки бо Руссия. Барои он ки нисфи маоши ночизамон барои патенту хучатхою ину вай сарф мешавад. Дар ватанамон барои мо кор нест. Ончо барои китайцу, афгону дигар хоричихост кор.

Агар Точикистон дар мавкеъаш истад ин гапи дигар, лекин Точикистон ягон бор дар як гап наистодааст. Ман бовари дорам, ки ба ин итиход дохил мешавад. Агар, ки то ин вакт истодагари кард бигзор замин чои осмонро гирад, аммо дар як самт монад. Бо Эрон муносибатхоро бояд хуб кард. Чаро муносибатхои мо Бо Эрон хунук шуда истодааст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)