Бахшҳо

Суҳбати Шабнаму Ҷонибек: Аз орзуи дуэт бо Пугачёва то шавқи ҳуқуқшиносии духтараш

Шабнами Сурайё, овозхони маъруфи тоҷик, ки ҳамроҳи Ҷонибеки Мурод бо сафари ҳунарӣ дар Русия қарор дорад, дар суҳбат бо “Спутник” гуфтааст, орзуяш хондани дуэт бо ҳамтои русаш Алла Пугачёва мебошад.

Ӯ гуфтааст, барояш тахаллуси “примадонаи тоҷик”, ки бархе аз ҳамватанон ба ӯ нисбат додаанд, маъқул аст ва орзу дорад, бо Пугачёва-“примадонаи рус” якҷо сурудеро иҷро кунад.

Шабнам ва Ҷонибек тайи ду рӯзи гузашта дар Маскаву Санкт Петербург консерт намоиш доданд, вале консерти сеюмашон, ки имрӯз, 25-уми май дар Екатеринбург дар назар буд, бо баъзе сабабҳо баргузор нашудааст.

Шабнами Сурайё далели интихоби ин се шаҳрро барои баргузории консертҳо ҳузури тоҷикони зиёд дар қаламрави онҳо гуфтааст. Ӯ яке аз сабабҳои шуҳраташон дар хориҷи кишварро ба он рабт додааст, ки форсӣ минтақаи васеъ, аз ҷумла Афғонистону Эронро фаро гирифтааст: “Онҳо сурудҳои маро мефаҳманд, барояшон писанд аст, ки ман ба форсӣ мехонам”.

Зимни суҳбат дар мавриди оила Шабнами Сурайё илова кардааст, ки духтараш бар хилофи модар, модаркалон ва холааш мехоҳад ҳуқуқшинос шавад: “Барояш овозхониям писанд ҳаст, аммо худаш ният дорад, ки дар оянда ҳуқуқшинос шавад”.

Ҷонибек Мурод изҳор доштааст, ки гарчанде бо Шабнам дер боз шиносанд, сафари ҳунарии муштаракашон онҳоро боз ҳам наздиктар кардааст: “Ӯ яке аз беҳтарин овозхонҳост ва ҳамкорӣ бо ӯ хуб аст. Мо ахиран аз Канада баргаштем ва имсол ҳудуди 40-50 консерти муштарак дар Аврупо, Австралия ва дигар нуқоти ҷаҳон дорем”.

Ҷонибек афзудааст, ки моҳи Рамазон истироҳат хоҳанд дошт ва баъдан сабти суруду клипҳо барои албоми навашонро идома хоҳанд дод. Шабнами Сурайё илова кардааст, ки ният дорад дар баробари “Только ты и я" чанд суруди дигарро низ бо забони русӣ сабт кунад.
Мӯҳр
Инокентий
Ох Шабнам...ту чи кадар зебои раьнои дилрабои бехамтои.Ту точиконайи ту зеби хонаи ту фасонаи.лахни форам чехраи дилкаш дили софат маро мафтун кард.Садхо Алла Пугачиха ба як тори муи ту намеарзанд..Ту примаддонаи точикхойи.

хайрон
и чи хел хочиай???

Амри
хайрон,
Хайрон нашав
Тура касе намепурсад чи кор кардана
Тура прокурори хочийо мондиян?

Нохочй
хайрон,Ихелиёра хочии овозхон меган. И хам бо як нишонаи перавии хочиён аст. Хочиён ба пеш!!!

Nasir
Примадонна Сурайё Косимова нест магар? Нав фамидам, ки ин унвонро Шабнам ба худаш нисбат додааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)