Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 30 апрел 2017, 02:29

Ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» 10 сола шуд

14 ноябр 2011, 09:55

Раиси вилояти Суғд дар тантанаи ҷашни 10-солагии ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд», ки дар муассисаи давлатии «Кохи фарҳанги ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ» баргузор гардид, иштирок намуд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии ҳукумати вилоят иттилоъ доданд, ба ин муносибат аз тарафи ҳофизони ансамбли шашмақомхонони «Нури Хуҷанд» бо роҳбарии ҳунарманди халқии Иттиҳоди Шӯравӣ Ҷӯрабек Муродов барномаи рангини консертӣ тақдим гардид. Ҳамчунин, ба аҳли толор филми ҳуҷҷатӣ оид ба фаъолияти ансамбли шашмақомхонон, ки бо дастгирии президент    созмон ёфтаву ба рушди фарҳангу санъати миллӣ мусоидат менамояд, намоиш дода шуд.

Раиси вилоят дар фарҷоми чорабинӣ аҳли ансамблро ба ҷашни 10-солагии таъсисёбиаш табрик намуда, изҳор дошт, ки бо қарори раиси вилоят барои таҷҳизонидани ансамбл бо асбобҳои муосири навозандагӣ 100 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.Қоҳир Расулзода роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро вазифадор намуд, ки бинои факултаи санъати донишгоҳро, ки дар натиҷаи сӯхтор зарар дида буд, то ҷашни Наврӯзи соли оянда таъмир ва барқарор намоянд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Апрел 2017    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!