Сардори маориф ва ноиби Убайдуллоев осори ҷанг дар боғчаро наёфтаанд
Ҳамиддуллоҳ Фақеров, сардори маорифи Душанбе, мегӯяд ҳамроҳи Ҷамила Лангариева, ноиби раиси шаҳр хабари ҷанҷоли мудири боғчаи 129 бо яке аз мураббияҳоро санҷидаанд, вале тасдиқи онро наёфтаанд.
Фақеров имрӯз, 26 май дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, ҳамроҳи Ҷамила Лангариева, муовини раиси шаҳри Душанбе барои муайян кардани ин ҳодиса ба боғча рафтаанд: “Маълум гардид, ки чизе рух надода будааст. Агар чунин ҷанҷол миёни мудир ва мураббии боғча воқеан рух медод, онро то охир мавриди санҷиш қарор медодем. Лекин чизе нашудааст. Ростӣ ман ҳайронам, мудири ин боғча як зани 58-солаи таҷрибадор ва хеле инсони хубу ором аст. Марҳамат рафта бинед. Дар ин бора агар ягон навор бошад, марҳамат пешниҳод кунанд ба мо”.
Радди ҷанҷоли мудири боғча ва яке аз мураббияҳо аз ҷониби Ҳамиддулоҳ Фақеров дар ҳолест, ки 24 май оҷонсии “TojNews” аз қавли манобеи худ хабар дод, ки ҷанҷоли мудири боғчаи 129-и пойтахт бо яке аз мураббияҳои ин муассиса дар ҳузури кӯдакон то мӯйканиву куртадаронӣ расидааст. Акс аз интернет
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |