Бахшҳо

Тавсифи шайхи араб аз боғи Алимардон ва ваъдаи қаср ба депутатҳои тоҷик

Муродалӣ Алимардон, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон дар умури кишоварзӣ, ки бо чорвою боғдорӣ маъруф аст, 26 май Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх, раиси Маҷлиси Шӯрои шоҳигарии Арабистони Саудиро ба боғи худ-хоҷагии “Баракат”-и Ҳисор бурдааст.

Тибқи иттилои манобеи “Озодагон” раиси парлумони Арабистони Саудиро дар сафар ба Ҳисор Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлииси намояндагони Тоҷикистон ҳамроҳӣ мекунад.

Манбаъ афзуд, Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх аз меваҳо ва аспҳои зоти тоҷикии хоҷагии Баракат тавсиф карда, хостори тиҷорати мева миёни ду кишвар шудаст. Масъулини “Баракат” иттилоъ додаанд, ки дар хоҷагӣ аз ҷумла 48 гектар себ, 43 гектар гелос дарахтони ангур ва беш аз 30 аспи зоти тоҷикӣ доранд. Афзудаанд, ки соли гузашта 15 ҳазор тонна ангур ба кишварҳои Афғонистон, Покистон ва Русия содир намудаанд.

Абдуллоҳ ибни Муҳаммад ибни Иброҳим оли Шайх инчунин бо Маҳмадсаид Убайдуллоев, раиси парлумони Тоҷикистон мулоқот карда, омодагии кишварашро барои маблағгузории бунёди маҷмааи парлумонӣ баён доштааст. Тибқи иттилои масъулини Кумитаи меъморӣ бунёди қасри парлумон дар рӯбарӯи Боғи Рӯдакӣ дар ҷои бинои шаҳрдорӣ ва вазорати кишоварзӣ дар назар аст.

Қаблан Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шароити кории аъзои ду палатаи парлумони кишвар интиқод карда, изҳор дошта буд, ки биноҳояшон дар ҳолати фарсуда қарор доранд.
Мӯҳр
Беном
албатта, палатаи нав сохтан даркор, депутатхои дарбори кор мекунанд. Барои халк ягон чиз сохтани нестед, мухтарам Пешвои миллат?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)