Бахшҳо
27 май 2016 11:10Тоҷикистон / Сиёсат

Интиқоди Зуҳуров аз рӯбардоркунии қонунҳои хориҷӣ ва душворбаёнии ҳукумат

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз, 27-уми май лоиҳаи қонуни нав “Дар бораи шартномаҳои байналмилалӣ”-ро қабул намуд, ки бар асоси он назорати иҷрои созишномаҳо пурзӯр мешавад.

Музафар Ҳусейнзода, ноиби вазири умури хориҷии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур изҳор дошт, ки ҳадафи қонуни нав иҷрои пурраи созишномаҳои байналмилалӣ ва назорати он мебошад: “Корхона ва идораҳои давлатӣ муваззаф мешаванд, ки дар бораи татбиқи созишномаҳои байналмилалӣ ба Вазорати умури умури хориҷӣ ҳисобот пешниҳод намоянд”.

Шукурҷон Зуҳуров, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар пайи муаррифии лоиҳаи қонуни мазкур, дар хитоб ба Ҳусейнзода таъкид намуд, ки лоиҳаи пешниҳодкардаи шумо аз рӯи қонунҳои дигар давлатҳо рӯбардор шуда, бисёр душворфаҳм буд: “Ба роҳбарияти вазорат расонед, ки чунин лоиҳаҳо бояд соддафаҳм бошанд. Вазорати умури хориҷӣ бояд лоиҳаҳоро дар шакле пешниҳод намояд, ки барои дигар ниҳодҳо намунаи ибрат бошад”.

Раиси Маҷлиси намояндагон гуфт, болои лоиҳаи пешниҳодкардаи Вазорати умури хориҷӣ ҳудуди 2 моҳ кор кардаанд, то қобили қабул шавад.

Дар маҷмуъ Шукурҷон Зуҳуров таъкид намуд, ки бисёре аз лоиҳаҳои пешниҳодкардаи ҳукумат душворфаҳм мебошанд. Ӯ Кумита оид ба робитаҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилооти Маҷлиси намояндагонро низ муваззаф намуд, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар диҳад.
Мӯҳр
Janobi Rais! Durust be rubardor nameshavad. Avrupo az Amriko Russiya az Avrupo va mo az okiron rubardor mekunem hamaashro ne albatta. Napoleon ba dunyo Kodeksi grajdani meros mond aksari konunho bo tashabbusi Hukumat kabul meshavand yak borakak tahlil namoed haddi akal 25 soli okhir aknun ba yak du khatogi erod giriftan khub nest mo baroi chi intikhob namudem? Ana agar sifati konun vobasta ba mazmun boshad in gapi digar, Ba har hol naranjed. Konun ham mol ast moli Davlat hifz namudan va pos doshtan zarur. Digar ba Shumo baror mekhoham!

Галчабек
Хех, чи худро ба нодони мезанед мухтарам раис? Гуё, ки намедонед.
Аксарияти конунхои кабулшуда аз конунхои дигар давлатхо "ксерокопия" шуда, аз пеши шумо гузашта имзоятонро гирифта мераванд.

Виркан
Общество в котором много законов, является испорченным обществом. Дар парлумон ваколати тамоми хукукшиносонро бояд махдуд кард, бародарон чаро намефахмед чомеаро боясти фархангиён, чомешиносон ва иктисодшиносон идора кунанд на юристу криминалисту милиса - вазифаи онхо дигар аст, чаро намефахмед, чаро?

Ozodagon ozod nesti vakte kaychi mezani

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)