Бахшҳо

Мактуби Бузургмеҳр: Телевизору Қуръонро фурӯшед...

Бузургмеҳр Ёров, вакили боздоштшудаи тоҷик дар муроҷиаи додгоҳии имрӯз гуфтааст, аз 15 нафаре, ки алайҳи ӯ шикоят кардаанд, маблағе нагирифтааст.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар мурофиаиҳои гузашта гуфта буд, 18 нафар аз Бузургмеҳр Ёров шикоят бурда, иддао доранд, ӯ дар маҷмӯъ 92 ҳазору 300 доллари онҳоро гирифтааст. Аммо Ёров гуфтааст, танҳо аз се нафар маблағ гирифта буд ва бо далелҳои мухталиф натавонист кори онҳоро анҷом бидиҳад.

Ҷамшед Ёров, бародари Бузургмеҳр имрӯз, 30 май баъд аз анҷоми мурофиаи додгоҳӣ гуфт, ҳангоми суханронӣ Бузургмеҳр шикояти 15 нафарро туҳмат хонд ва изҳор дошт, ки ҳозир аст, маблағи аз се нафари дигар гирифтаашро баргардонад. Ӯ дар як нома, ки ба Ҷамшед додааст, навиштааст, барои пардохти маблағи вакили дифоъ телевизорашро, ки 1400 доллар нарх дорад ва китоби Қуръонро, ки ба асри 16 мутаалиқ аст, бифурӯшанд: “Инчунин навиштааст, ки рӯзномаи духтарамро биёред, дар он имзо гузорам”.

Мактуби Бузургмеҳр: Телевизору Қуръонро фурӯшед...


МУРОФИАИ НАВБАТИИ ЁРОВ: БОЗ БЕ ЖУРНАЛИСТУ ДИПЛОМАТҲО...

Мурофиаи навбатии Бузургмеҳр Ёров ва Нуриддин Маҳкамов, ҳуқуқшиносони тоҷик дар Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе баъди зуҳри имрӯз, 30 май шурӯъ гардид. Тавре хабарнигори “Озодагон” аз назди бинои додгоҳ иттилоъ дод, додрас барои иштироки журналистон дар мурофиа иҷозат надодааст: “Ду нафар дар назди дари додгоҳ истода, аз журналистон хостанд, барои иштирок дар мурофиа аз додгоҳи болоӣ-суди шаҳрӣ иҷозатнома биёранд”.

Намояндаҳои сафоратҳои хориҷӣ ва САҲА, ки дар мурофиаи қаблӣ аз онҳо низ иҷозатномаи Вазорати умури хориҷӣ талаб карда шудааст, ба мурофиаи имрӯза ҳозир нашудаанд.

Ин мурофиаи дуюми Ёров ва Маҳкамов мебошад, ки бе ҳузури рӯзноманигорҳо мегузарад.

Дар мурофиаи рӯзи 13 май, ки бо иштироки журналистҳо баргузор шуд, Бузургмеҳр Ёров аз додрас тақозо кард, дар асоси қонун бояд ҳамаи 18 ҷабрдида дар мурофиа ҳузур дошта бошанд. Ӯ гуфт, барои ҳозир нашудан ҳар ҷабрдида 400 сомонӣ ба фоидаи давлат ҷарима баста шаванд. Аммо Асадулло Бобохонзода, додраси парванда гуфт, ҷабрдидаҳоро барои ҳозир нашудан ҷарима намекунанд, зеро шояд барои наомадан ба мурофиа узр доранд. Вай гуфт, талош мекунанд дар мурофиаи баъдӣ ҳамаи ҷабрдидаҳо ҳозир шаванд. Аммо наздикони Ёров мегӯянд, дар мурофиаи гузашта низ ҳамагӣ 4 ҷабрдида ҳозир шуданд.

Бино ба гуфтаи айбдоркунандаи давлатӣ 18 нафаре, ки аз Бузургмеҳр Ёров шикоят бурдаанд, иддао доранд, ӯ дар маҷмӯъ 92 ҳазору 300 доллари онҳоро гирифтааст. Аммо Ёров ин ҳамаро рад мекунад.

Бузургмеҳр Ёров рӯзи 28 сентябри соли 2015 баъди эълони азмаш дар бораи таъсиси Кумитаи дифоъ аз аъзои дастгиршудаи Ҳизби мамнӯи наҳзати исломии Тоҷикистон аз сӯи мақомоти интизомии кишвар боздошт шуд. Баъдан, Вазорати умури дохилӣ эълон кард, ӯ дар “қаллобӣ” ва “сохтакорӣ” муттаҳам мешавад. Аммо наздикони Бузургмеҳр Ёров аз қавли ӯ ин иттиҳомотро рад карда, гуфтанд, изҳор доштааст, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ бегуноҳияшро исбот хоҳад кард.
Мӯҳр
Дар як навори видиои Хамсару ахли хонаводаи "Вакил" аз надоштани пулу зиндагии хуб шикоят мекунанд.... Ва як хоне ки Падарашон харидааст дар солхои шурави нишон медиханду мегуянд ки ягон зиндагии хуб надорем.... Телевизори 1400$ боз дар хонаи сеошёна? Зиндагии нохубаш ин бошад.... зиндагии моро чи мегуфта бошанд? Телевизони 300 сомона бо хонаи лойи (похсаги)....?? шикатур 12 сомон гуфтанд нимаш боз шикатур нокарда мондааст... (ба фикрам мо зиндагии гуломона дорем)... аммо шукур мегуем ва шикоят надорем... ба хонаводаи "вакил" низ хаминро тавсия доданиам....

Сафи
Мухочир,
Номард т ки бданта аниқ кади! Т муҳоҷир нести, т амуе ҳасти ки ба номҳои гуногун коммент менависӣ. Ҳайфи он ки Аллоҳ тура мард офаридааст.

Мухочир,
Зиндагии хубу моли хубро холо хеч кас мамнуъ ё но мумкин эълон накардаанд .
Максад телевизори 1400$ доштан ё надоштан нест .... Холо телефонхои мобилии чавонон 1500$ аст . Шумоён дар хакки хамин мардак ачоиб хаттоги ёфтед ха ха хандаовар...
Хамин хел фикр мекунед,ки мардум бояд танхо бо азобу машакат зиндаги кунанд?
Ё хакки зиндагии хубро надошта бошанд ,хандаовар дар кадом аср зиндаги дори (Дехконбобо) ?

а
Мухочир,

Ин мардак халол хондааст, касб омухтааст. Сохиби хонаву дар шудааст. Ту хасад набар, бехтараш миенатро сахт банду зиндагиатро бехтар кун.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)