Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 3 декабр 2016, 18:35

Убайдуллоев аз фаъолияти нақлиёти мусофиркашонӣ дар пойтахт изҳори нигаронӣ кард

14 ноябр 2011, 10:44

Имрӯз, 14-уми ноябр дар пойтахт таҳти раёсати Маҳмадсаид убайдуллоев ҷаласаи васеи шаҳрдорӣ сурат пазируфт.

 


Тибқи иттилои Шавкат Сайидов, сухангӯи мири шаҳр, дар нишаст аз ҷониби Убайдуллоев дар баробари масоили хоҷагидории шаҳр, иҷрои саривақтии нақшаи ҷамъоварии андозҳо,  қабл аз ҳама ба ҷараёни омодагиҳои   ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ба омодасозии Наврўзгоҳи пойтахт ва ҳудуди фарогири марбут ба ободонии он ба таҷлили сазовори ҷашни Наврўзи байналмилалии 2012,  шинонидани дарахтони нақшавӣ бо истифода аз муносиб омадани боду ҳаво дар минтақаҳои мавриди таваҷҷўҳи он изҳори назар ва масъалагузориҳо сурат гирифт.

Ҳамзамон, Убайдуллоев бо хулосагирӣ аз натиҷаи барфи аввал нисбати фаъолияти системаи нақлиёти мусофиркашонии ҷамъиятии шаҳр изҳори нигаронӣ намуда, дастур дод, ки зери масъулияти муовини раиси шаҳри Душанбе А. Оев ва директори  муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» А. Шералиев фаъолияти Ситоди марбутаи шаҳрӣ ва ҳама корхонаҳои нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ новобаста аз шакл ва тобеияти идоравӣ бо вусъат бахшидан, зери назорати қатъии ҷамъиятӣ гирифта шавад ва навбатдориҳои шабонарўзӣ аз ҳисоби роҳбарияти аввали корхонаҳо дар мавсим ташкил карда шавад.

Манбаъ афзуд, бо дахли масоили тирамоҳу зимистонгузаронӣ таваҷҷўҳи масъулин ба тезонидани ҷараёни сохтмони Дегхонаи ғарбии Маркази барқу гармиистеҳсолкунии шаҳри Душанбе, ки аз ҳисоби маблағҳои пешпардохтии буҷети шаҳр аз ҷониби ШСХК «Барқи тоҷик» идома дорад, ба сарфакорона истифодабарии нерўи барқ, таъмини муназзами он ба аҳолӣ, дар ҳолати омодабош нигоҳ доштани захираҳои алтернативии истеҳсоли барқ ва гармӣ дар муассисаҳои иҷтимоӣ нигаронида шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!