Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 9 декабр 2016, 16:32

Боздошти Забеҳуллоҳ Муҷоҳид-сухангӯйи ҳаракати «Толибон»

15 ноябр 2011, 05:19

Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангўйи вазорати корҳои дохилии Афғонистон иброз доштааст, ки дар ҷараёни амалиёти неруҳои низомии давлати исломӣ дар вилояти Пактиё 4 тан аз Толибон боздошт шудаанд.


Номбурда гуфтааст,  ки эҳтимол меравад Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангўйи ҳаракати «Толибон» дар миёни дастгиршудагон аст.

Сиддиқӣ ҳамчунин афзуд, ки неруҳои пулиси афғон як нафари ниманизомиро, ки талоши иҷрои ҳамлаи интиҳорӣ дар Луйи Ҷирга (парлумон)-ро доштааст, ба қатл расондаанд. Ба гузориши хабаргузориҳои хориҷӣ гумонбаршуда дар даромадгоҳи Донишгоҳи политехникии Кобул, ки қарор аст рўзи чаҳоршанбе дар он ҷаласаи навбатии ин ниҳод баргузор шавад, дар пайи як амалиёт кушта шудааст. Интизор меравад, ки дар маҷлиси навбатии Луйи Ҷирга дар бораи имзои Паймони роҳбурдии Афғонистон бо Иёлоти Муттаҳидаи Амрико тасмимгирӣ шавад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!