Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 21:15

ВМ: Омодагии ҷузъу томҳои низомии гарнизони Суғд мавриди санҷиш қарор гирифт

15 ноябр 2011, 05:47

Омодагӣ ва дигар ҳолати воқеии ҳайати шахсии ҷузъу томҳои Вазорати мудофиа, пайваста аз ҷониби роҳбарияти ин мақомоти қудратӣ ва масъулини раёсату хадамоти дахлдори дастгоҳи марказии вазорати мудофиа ва ситоди генералии қувваҳои мусаллаҳ мавриди санҷиш қарор дода мешаванд.


Тавре Фаридун Маҳмадалиев, сухангӯи дафтари матбуоти ин ниҳоди қудратӣ ба «Озодагон» гуфт, ҳафтаи равон вазири мудофиаи кишвар, Шералӣ Хайруллоев бо мақсади шиносоӣ аз омодагии қисму воҳидҳои низомии сохторҳои қудратии мамлакат ба фасли сармо ва масоили дигари марбут ба фаъолияти ҳайати шахсии ҷузъу томҳо бо сафари корӣ дар гарнизони Суғд қарор дошт. «Роҳбарияти вазорати мудофиа аз вазъи омодагии ҷангӣ ва ҳам хизмативу маишӣ, аз ҷумла синфхонаҳои дарсӣ, ошхона, ҳамом, шаҳраку майдончаҳои гузаронидани машғулиятҳои таълимии ҳарбӣ, анбори озуқавории қисмҳои низомӣ, рафти корҳои сохтмонӣ дар баъзе аз бинову иншооти навбунёди ҳарбӣ ва аз дигар шароитҳои рӯзмарраи хизматчиёни низомии ин гарнизон аз наздик шинос гардида, доир ба монеаҳои мавҷуда ва баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта ба масъулини  дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дод»,- афзуд Маҳмадалиев.

Зимни нишаст дар бинои комиссариати ҳарбии вилояти Суғд, ки он бо ҷалби ҳайати роҳбарикунандаи қисму воҳидҳои низомии ин гарнизон доир карда шуд, масоили вобаста ба омодагиҳои ҷузъу томҳо ба зимистони дар пеш истода, даври навбатии омӯзиш дар қувваҳои мусаллаҳ, ҳамаҷониба бартараф намудани норасогиву камбудиҳои ҷойдошта ва баҳри дар амал татбиқ намудани ҳама фармону дастурҳои ба зиммаи роҳбарон ва афсарону сарбозон вогузоршуда, мавриди муҳокима ва баррасӣ қарор дода шуд. Ҳамзамон, атрофи дигар масъалаҳои марбут ба амнияти минтақа изҳори назар карда шуд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!