Бахшҳо
15 ноя 2011 09:30Хабарҳои ҷаҳон

Пас аз 33 соли ҳукмронӣ Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ низ ба истеъфо меравад

Президенти Яман Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ эълон кард, ки дар давоми 90 рўзи оянда аз сари қудрат меравад.


Ў дар мусоҳиба бо шабакаи телевизионии «Фаронса – 24» гуфт: «Он чӣ дар мавриди пофишории ман ба идомаи ҳукумат рондан мунташир мешавад, дуруст нест. Ман омодагӣ дорам тайи 90 рўз пас аз имзои тарҳи Шўрои ҳамкории кишварҳои Халиҷ аз қудрат канор биравам.

Аз сўйи дигар, мухолифонаш эътирозу роҳпаймоиҳоро идома дода,  Абўбакр Бозиб аз раҳбарони мухолифи Солиҳ дар гуфтугў бо шабакаи «Ал-арабия» изҳор дошт, ки Солиҳ аз имзои тарҳи Шўрои ҳамкории Халиҷ барои поён додан ба бўҳрони ҷорӣ худдорӣ мекунад. Алӣ Абдуллоҳ Солиҳ алорағми мувофақати аввалия бо тарҳи кишварҳои арабии Халиҷ то кунун чандин бор аз имзои тарҳ худдорӣ кардааст.Ин тарҳ ҷадвали замонбандишудаи мушаххасеро барои канорагирии тадриҷии Солиҳ аз қудрат ва ташкили Шўрои миллӣ, сипас баргузории интихобот ироа мекунад.

Имсол дар пайи инқилобҳои мардумӣ дар кишварҳои арабӣ Зайнулобидин бин Алӣ - президенти Тунис ба Арабистони Саудӣ фирор кард, Ҳуснӣ Муборак – раисҷумҳури Миср ба истеъфо рафт ва Муаммар Қаззофӣ – президенти Либия кушта шуд. Ба назари коршиносон акнун навбати президентҳои Яман ва Сурия фаро мерасад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)