Бахшҳо

Баҳси берунидинӣ: Як каф дуо ба ҷои “як дақиқаи хомӯшӣ”!?

Иршод Сулаймонӣ

Дар Тоҷикистон зери таъсири фарҳанги болшевикӣ ва русӣ, ки аз даврони шӯравӣ ба мерос мондааст, дар ҷаласот ва сутуҳи расмӣ бо наҳваи эҳтиром ба шахсияти касе, ки дар ин ё он замина хадамоте анҷом додааст, баъд аз маргаш “як дақиқаи хумӯшӣ (сукут)” баргузор мешавад. Дар ҳамин авохир баъди даргузашти Қаҳҳор Маҳкамов, раисҷумҳури собиқи кишвар ҳам ҷаласаи рӯзи 9-уми июни Парлумони кишвар бо “як дақиқаи хомӯшӣ” оғоз шуд. Мо дар худии худ ба ҳамин “як дақиқаи хмӯшӣ” ҳеч мухолифате надорем, бигзор, ки барои ҳамеша хомӯш бимонанд, вале аз канори анъана ва суннатҳои диниву мардумӣ рад шудану кадом як анъанаи номафҳуму номушаххасу бемантиқеро пайгирӣ кардан мояи нигаронист. Ин одат дар тамоми идороти расмии Тоҷикистон маъмул аст ва ҳатто ҳамасола дар Рӯзи озодии баён – 3 май дар Тоҷикистон низ ҳамкасбони гиромии мо рӯҳи рӯзноманигорони қурбоншударо бо “як дақиқаи хомӯшӣ” гиромӣ медоранд ва маълум нест, ки рӯҳи онҳо “гиромӣ” мешавад ё не. Ҳамеша дар ин лаҳзот ҳастанд касоне эътитроз мекунанд, ки чӣ даркор ҳаст ҳамин “хомӯшӣ”...

Баъди ҳамин “як дақиқаи хомӯшӣ” аввалин суоле, ки дар зеҳн халқ мешавад ин аст, ки оё ҳамин маросим барои мо зарур аст?

Агар посухро бидуни шарҳ бинависем ин тур мешавад: Агар мо маросими худиро барои поси руҳу арвоҳи гузаштагон намедоштем зарур буд ва чун дорем зарурате нест.

Ва агар шарҳ бидиҳем:

Тоҷикистон як кишвари мусалмонист, ҳол он ки “як дақиқаи хомӯшӣ” асолатан реша дар шакли ибодати квакерҳо дорад. Дар як кишвари мусалмонӣ ва он ҳам кишваре, ки аз шоҳ то гадояш худро мусалмон меҳисобанд ва 1300 сол аст, ки ин ҷо Ислом ҷузъи бисёр муҳими фарҳанг ва асоси бовару эътиқодро ташкил медиҳад, сарфи назар кардани маросими динӣ (ва ҳамин тур мардумӣ) пеш аз ҳама беэҳтиромӣ ба дине ҳаст, ки бовар дорем. Пешопеш бояд бигӯям, ки “як дақиқаи хомӯшӣ” зотан ва абадан рабте ба давлати дунявӣ (секулор) будани Тоҷикистон надорад.

Таърихи падид омадани “як дақиқаи хомӯшӣ” ба тариқи зайл аст. Соли 1919 рӯзноманигори устролиёӣ Эдвард Ҷорҷ Хани дар Рӯзи мусолиҳа бо як нома ба рӯзномаи “The Times” пешниҳод карда буд, ки ба хотири қурбониёни Ҷанги ҷаҳонии аввал 5 дақиқаи хомӯшӣ роҳандозӣ шавад. Баъдҳо 5 дақиқа бисёр тӯлонӣ намуд, ки онро ду дақиқа карданд ва акнун 1 дақиқа шуд. Одатан ин гуна маросим ба хотири қурбониёне роҳ андохта мешавад, ки ҷони худро бар асари фоҷиае аз даст дода бошанд.

Дар Тоҷикистон дар доираҳои расмӣ зери таъсири болшевикҳо ва ҳукумати шӯравӣ, ки расман динро эътироф намекард “як дақиқаи хомӯшӣ” ҳамчун шакли мудернтар ва ғайридинитари пос доштани хотираи шахсиятҳо пазируфта шуда буд, ки бо вуҷуд гард-гард шудани болшевикҳо нопадид шудани шӯравӣ ин маросим ҳанӯз побарҷост.

Хулоса. Ҳоло Тоҷикистон як кишвари мусалмонист. Тамоми акобиру ашрофини давлати мо ба ислом пойбанданд. Пойбанд ба он маъно, ки то кунун касе аз онҳо нагуфта, ки мусалмон нест. Дар дигар мақом ва сатҳҳои расмӣ низ мусалмонон кору пайкор мекунанд (инҷо касоне, ки ғайримусалмон ҳастанд дар назар гирифта нашудаанд ва ин дархости мо марбути онҳо ҳам намешавад). Ҳамагии ҳаминҳо дар хонаводаҳои худ ва дар доираи авлоду аҷдоди худ агар ҳодисаи маргу мурдан шавад ва кадоме аз наздиконашон бимирад, ҳатман бар асоси расму русум ва суннатҳои исломӣ онро ба хок месупоранд ва барои карру фарри худро нишон додан низ ҳафтаҳову моҳҳо хатми Қуръону дуову фотиҳахонӣ низ мекунанд. Вале чаро онҳо дар идороти расмияшон намехоҳанд, ки хотир ва руҳу арвоҳи мурдагону гузаштагонро бо якчанд ояи Қуръон шод кунанд?! Суолест, ки посухашро наёфтаем.

Агар далел ин бошад, ки Тоҷикистон як кишвари дунявисту баргузор кардани маросимҳои динӣ дар идороти расмӣ ҷоиз нест, ин мавзуъ вориди ин баҳс намешавад, зеро “як дақиқаи хомушӣ” унсури хоси давлати дунявӣ ҳам нест. Дар давлати дунявӣ давлат танҳо бо инсонҳои зинда сару кор дорад ва агар бо ҳазл бигуйем “масъалаи мурдаҳо марбути давлатҳои секулор нест”. “Як дақиқаи хомӯшӣ” дар худии худ як навъи маросими динист ва чаро чунин як маросим вориди идороти расмӣ шудааст ва ҷоиз аст, вале ба хотира ва руҳу арвоҳи гузаштагон бахшидани як каф дуо ва қироати чанд ояе аз Қуръон ҷоиз набошад. Дар давлати дунявӣ ҳам ба бовари мардум эҳтиром гузошта мешавад.

Хулосаи хулоса. Тоҷикистон, ки як давлати мусалмонист бояд ба хотири эҳтиром ба анъана ва суннатҳои эътиқодиву бовари мардумаш аз “як дақиқаи хомӯшӣ” даст бикашад ва агар қарор аст, ки дар ин давлат хотираи касе дар сатҳи расмӣ пос дошта мешавад, чӣ хуб аст, ки он бо ояе аз Қуръон пос дошта шавад. Зеро дар ин кишвар касе аз мусалмон будани худ шарм накардааст ва мусалмон будан ҳам мояи нанг нест, балки шараф аст.

Вақте мансабдорони мо ба таври расмӣ ва хонаводагӣ ба зиёрати Кабаътуллоҳ мераванд ва аз ин ифтихор ҳам мекунанд ва дар суханрониҳои расмии худ борҳо ва борҳо мегӯянд, ки “алҳамдуллилоҳ мо мусалмонем” пас зарурате нест, ки як дақиқа хомӯш бошем, зеро мантиқе надорад.
Мӯҳр
Салому Дуруд бар Миллати Шарифи Точик ва корбарони сомонаи Озодагон!
Чаноби Сулаймони бисер фикру андешаи Хакимона ва Оли, Ман бо шумо сад дар сад хамфикрам!

Аввалин фикри хбу чолибе нашр карди бародари гул хело хам сари вакти ва бомаврид хело хам хушам омад....Аммо он нафаронеро ки бо лахзаи 60 сония барои хотири онхо хмуш меистанд ин зиндахо нафароне хастанд аз хамон бокимондахои БОЛШАВИКХО ки расму русуми худро пос медоранд ва айни хол аз дин хам дар холати зарури истифода мекунанд..... Табиати хоси ин зумра афрод хаст ин хама ..

Ахсан ба Шумо дустам, худованд сафи шумобарин рузноманигорора зиёда кунад.

Иршодҷон бародари азиз як чизро медонию ошкор накарди ё шояд то ҳол ба дарки он нарасиди.Охир надида истодаи ки дар Тоҷикистон мусалмонони забони рӯз аз рӯз бисёр шуда истодааст дар забони қариб 97% мусалмон аммо дар амал 57% ин ҳам бошад халқи бечора.Мо бо шиори ананаҳои милли бар акс пеши роҳи ананаҳои суннатии ниёгонамонро гирифта истодаем.яке аз ин мисолҳо ин либоси милли аст ҳар руз аз шабакаҳои давлати моро ташвиқ мекунанд,ки бояд либоси мили ба бар дошта бошем ва мо шоҳиди бисёр гаштем,ки дар зери мафҳуми либоси милли мақомот бо кашидани сатру аврат ва рӯмоли хаҳарони машғул аст, ва ҳато ман бисёр шунидам аз забони шахсони болои ки сатру аврат мероси тоҷикон нест ва дар донишгоҳҳо духтарони сатрдорро аз дарсҳо пеш мекарданд,лекин мебахшен ҷанобон чаро шумо дар баромадҳои худ ба либоси аврупои ҳарфе намезанед охир либоси аврупои моли тоҷикон нестку о дар кадом фарҳанги тоҷики либоси авруаои зикр шудааст,бар акс сатру аврат дар фарҳанги ниёгони мо алоқаи зич дорад.Хулосаи хулоса ҳаминаст,ки бояд ҳама баробарҳуқуқ бошад ва қонун низ инро уафолат медиҳад.Ба қонунҳои ватан содиқ бошед болонишинони азиз!Озодагон матлаби моро дар асос қонун Ҷ/Т чоп намо зеро дар асоси қонун мо ҳуқуқи озодии суханро дорем!

Нифоқу дуруяги дар ҷомеаи мо аз ҳад зиёд шудаст. Дар маросими ҷанозаи шодравон Қаҳҳор Маҳкамов-аввалин президенти Тоҷикистон дар масҷиди марказии шаҳри Душанбе аксари мақомоти давлати дар саҳни масҷид рост истоданд ва ягон нафараш дар намози пешин ва баъдан намози ҷанозаи он марҳум ширкат накард. Агар дар моҳи шариф намоз намехонанд чаро ба саҳни масҷид дохил шуданд. Ана ин аст Тоҷикистони мо! Так что як дақиқа рост истода дар ин бора фикр кун, баъд ҳақиқатро мефаҳмӣ!

Аҳсан Сугдинажод,

Ба фикри Шумо рози шуда наметавонам. Як дакикаи хомуши дар чорабинихои расми эълон карда мешавад, на дар масчид. Наход хаминро нафахмед, мухтарам журналист. Ин коида арзиши давлатдории демократии дуняви эътироф шудааст. Шумо ба чои он ки дар баланд бардоштани маърифати мардум кумак кунед, онхоро гумрох месозед...

Лолаги
Бародар Иршод..як мавзуи мухим низ маро солхост ором намегузорад..Модом ки аз ахкоми шариат фикри худро баен кардед дар хусуси чумьаги ва панчшанбеги низ як маколаи (илми) менавиштед..бубинед агар то як чорво забх накуниву хурокхои хархела напази на ягон мулло на ягон омми фотиха намехонанд(ман дар назар дорам рузхои панчшанбеги ва чумагиро) вой бар холи шахсе ки ягон нафарашро аз даст додаасту шароити курбони карданро надорад..пас ин чи хел мешавад як оет хондан бар ивази як коса шурбо????Бародар Иршод ма мунтазирам бо умед

Хакатхох
Иршод номаъкул карди, мусалмон шудем дар балои ту мондем дигар. имруз ин хел мегуи пагох ту мусалмони гуфта хохари 9 солаи мара ба зани мегири... ва ту мусалмони гуфта мургдуздеро аз даст махрум мекуни...ту мусалмони гуфта зани акаи мурдагиамро ба ман мачбур никох карда медихи ва маро дар азоби вичдон мегузори....Барои "як дакика хомуши", ки хич бади надорад, ин кадар шуридаи, Худо хокимт нагардона вагарна бо мусалмонимон гунахгормон карда хамаи хохишхои шахсита бор карда гуломи меградонимон...хайр ин хам аислом гуфтааст ку...гуфта ба сармон бор мекуни...Дуову фотиха мефорад, хондесан ку, ки манъ кардаст, ту дар хаки Каххор Махкамов фотиха бигир мархамат..Неки агар давлати дуняви ба мурдахо кор надорад, мегуи хато мекуни..кани диндорон ба хаёти дуняви дахолат накунунд...ту барин муллосифатхо аз нохун то муи сармона эрод мегирен ку...ин мкола буи фанатизм мекунад...

Саидбилол
Худ Булбули ва Суханхот гул ....Бародар Худо забонат ро ах кутох накунад...Худо кувват 99% Миллат тарафдори Пешниходи шмуоем))

Оятуллох
Пешниходи хуб ва бамаврид

tjk
Хеле хуб гуфтаст бародар аммо дар бораи сурат гузорияшон чизе нагуфт инаш чи мешавад.

ПОРС
Хакатхох,
ТУ ХУДАТ Ё НАМЕДОНӢ ЧИ ГУФТАНАТРО Ё ДАР ТАҲИ ДИЛ ХУДОРО КАБУЛ ДОРӢ (Худо хокимт нагардона вагарна бо мусалмонимон гунахгормон карда хамаи хохишхои шахсита бор карда гуломи меградонимон...хайр ин хам аислом гуфтааст ку...гуфта ба сармон бор мекуни..) ВАЛЕ ЧОР КАЛИМА АЗ БЕДИНОН ШУНИДАИ ҲАМОНРО ТАКРОР МЕКУНӢ (ОН АҲКОМЕ КИ МАСХАРА КАРДӢ ОНҲО ШАРОИТИ ХОС ДОРАНД ВА ИНХЕЛ ҲАМ ТУИ БЕХУДО ВА ТУҲМАТГАРУ ФИТНАДОЗ ВОҲИМА КАРДӢ НЕСТАН)

Вакилони Точик мардуми Мусалмони Точикистонро насихат мекунанд, ки куркурона таклид ба фарханги бегона накунед, худашон бошанд таклид ба хама миллатхову гуруххо мекунанд!

изатуллох
Офарин бародари шердил сада дар сад ман ба гуфтахои шумо мувофикам

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)