Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:57

Бохти «Данғара» ва ғалабаи навбатии «Зарафшон»

15 ноябр 2011, 09:35

Бозиҳои даври 30-юми сабқати лигаи якуми футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.


Ин навбат дастаҳои “Ҳулбук” - “Сабо” - 1:1, “Ситора” - “Локомотив” - 5:1, “Пахтакор” - “Ҳосилот” - 0:1, “Рашт” - “Данғара” - 0:3 (техникӣ) бо ҳам рақобат карданд. Ҳамчунин бозии даври 22-юми дастаи “Зарафшон” ва “Кӯктош”  3 бар 0 бо ҳисоби (техникӣ) ба фоидаи дастаи «Зарафшон» анҷом ёфт. Тибқи иттилои Шавкат Аҳмедов, сардори шӯъбаи баргузории мусобиқоти ФФТ, дар бозии даври 29-уми “Локомотив” - “Кӯктош” ба иллати набудани кормандони ҳифзи тартибот ва духтурон дар варзишгоҳ меҳмонон аз сабқат даст кашиданд. Ин ҳодиса дар кумитаи назорату ахлоқи федератсия мавриди муҳокима қарор гирифт ва дастаи мизбон - “Локомотив” бо ҳисобии фаннии 0:3 мағлуб дониста шуд.

Манбаъ афзуд, нишонзанҳои беҳтарини лига, Сайидамир Мирзоев аз дастаи “Ҳулбук” бо 22 гол дар ҷои аввал мебошад. Абдуҳалим Боронов аз дастаи “Румӣ” бо 20 гол дар зинаи  дуюм қарор дорад. Айни ҳол дар ҷадвали мусобиқа дастаи «Зарафшон”-и Паҷакент аз 25 бозӣ бо 56 имтиёз дар ҷойи аввал қарор дорад. Дастаи Ҳосилот»-и Фархор аз 25 бозӣ бо 55 имтиёз дар зинаи дуюм аст. Футболбозони «Ҳулбук»-и Восеъ бошанд аз 25 бозӣ 51 имтиёзро касб намудаанд ва дар мақоми сеюм қарор доранд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!