Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 14:58

Локшина: Қазияи муҳоҷирони тоҷик шабеҳи маъракаи зиддигурҷиҳост

15 ноябр 2011, 10:38

Татяна Локшина, муовини раҳбари созмони «Human right Watch» дар Маскав вазъ ва фишор рӯи муҳоҷирони тоҷикро дар Русия ба иқдомҳои мақомоти Русия алайҳи ҳамсояашон Гурҷистонро дар чанд соли пеш шабеҳ кардааст.

 

Хонум Локшина, зимни сӯҳбате ба бахши русии радиои «Озодӣ» гуфтааст, он чӣ ки ҳоло ба вуқӯъ мепайвандад, «маъракаи зидигурҷиҳо дар соли 2006»-ро ба хотир меорад. «Ҳарчанд мақомоти Русия иддао мекунанд, ки ихроҷи муҳоҷирони тоҷик ба ҳукми додгоҳ нисбати халабонҳо дар Тоҷикистон иртибот надорад, аммо ин як иқдоми ҳадафмандона алайҳи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар Русия иқомат мекунанд, мебошад»,-илова намудааст Татяна Локшина.
Муовини раҳбари созмони Human right Watch дар Маскав гуфтааст, «ҳукми шаҳрванди Русия дар Тоҷикистон ва бо ин усул ихроҷ намудани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия на бояд дар як зовия қарор бигиранд».



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!