Бахшҳо

Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)

Дар ҷараёни ҷустуҷӯҳои археологӣ дар ноҳияи Балҷувон қабри қадимии як ҷуфт пайдо шудааст, ки шартан номи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун”-ро гирифтааст.

Ҷустуҷӯҳои археологӣ дар Балҷувон бар пояи “Барномаи маҷмӯи рушди ноҳияи Балҷувон ба сифати минтақаи туризми байналмилалӣ барои солҳои 2000–2016” анҷом мешавад. Шурӯъ аз соли 2011 як ҳайати бостоншиносони Русия бо раҳбарии Надежда Дубова, доктори илмҳои таърих ва биология ба Тоҷикистон омада, ҳамроҳ бо ҳамтоҳои тоҷики худ ба омӯзиш ва ҳафриёт машғуланд. Гуруҳи бостоншиносони Тоҷикистонро Татяна Филимонова, номзади илмҳои таърих аз Институти бостоншиносии Академияи илмҳо раҳбарӣ мекунад.

Бостоншиносони тоҷику рус дар мавзеи Қумби деҳаи Шоимайдони ҷамоати Сари Хосор ба ҳафриёт машғул шуда, аз онҷо қабрҳои қадимие пайдо кардаанд, ки бо усулҳои гуногун гӯронда шудаанд. Дар ин қабрҳо ҳамроҳ бо ҷасад кӯзача, ханҷар, ороишоти занона ва тангаҳо бо навиштаҷоти гуногун ҳам будааст. Аммо диққати бостоншиносонро қабре ба худ ҷалб кардааст, ки дар он ду ҷасад на паҳлӯи ҳам, балки болои ҳам гӯронда шудаанд. Ин қабрро онҳо шартан “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” ном гузоштаанд.



Шамсулло Аҳадов, коршиноси соҳаи сайёҳӣ, ки гуруҳи бостоншиносонро ҳамроҳӣ мекунад, ба “Озодагон гуфт”, дар Осиёи Миёна ин аввалин ҳолати кашфи гӯрест, ки бо чунин шева дафн шудаанд: “Ин ҷасадҳо мисли ошиқу маъшуқ, яъне яке аз поён ва дигарӣ аз боло бо ороишоти гуногун ёфт шуданд”.

Бостоншиносон муътақиданд, ин қабр ба давраи Ҳайтолиён рост меояд. Дар ин қабр кӯзача, ханҷар, тангаҳои гуногун ва ангуштарию гарданбанди занона ва мардона ҳам пайдо шудааст: “Қисмати асосии ин бозёфтҳо имрӯз дар озмоишгоҳи Институти таърих ва бостоншиносии Академияи илмҳои Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор доранд”.


Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)

Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)

Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)

Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)

Кашфи “Гӯри Лайлӣ ва Маҷнун” дар Балҷувон (АКС+ВИДЕО)
Мӯҳр
Салим
Баъд ба Эрмитаж мебаранд, чи хеле ки 70 сол ва зиёда кашонданд?

Дар аввали матн хато ворид шудааст. Нохияи БалчуЧон нею Балчувон. Ислох кунед.

Бежан
Барои чи гури Лайливу Мачнун охир аз хамин номхои араби мо кай рахо мешавем Бежану Манижа будагист Хусраву Ширин будагист охир ин достони Лайливу Мачнунро дохии бузург Низоми бо дили хохам нахохам навишта буд о мо точикем то кай аз ин марди араби хашмгину асабони метарсед!!!

Darvesh
Devnaen chien 1 musafedi Srikhosori guft ki I oe iyo koftestan prosto qabristoni kuhnay!!!!!!!!!!! Dar ijo ba gayr az ustukhoni badani odam va chizhoe ki bo onho guronidaand digar hej chi nest

Шекспир
Ба фикрам, ки баьд аз ин масалаи чашни 6000 солагии балчувон ба миен гузошта мешавад. Ана хамин ид как раз дар календарь намерасид, ки ефтанд. Озодагон ташаккур

Устухони мумиёиношуда аз давраи Ҳайтолиён то кунун маҳфуз мондааст?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)