Бахшҳо

Шинохти нави Бобомуллоев: Тоҷик маънои зардуштиро дошт (ВИДЕО)

Саидмурод Бобомуллоев, доктори илми таърих ва бостоншиноси Акадмияи улуми Тоҷикистон муътақид аст, ки вожаи тоҷик то қарни 10 ҳамчун атрибути динӣ буд.

Ӯ аснои суханронӣ дар мавзӯи “Решашиносии вожаи тоҷик дар сарчашмаҳои тоисломӣ” гуфт, “аз давраи Ашкониён то асри 10 вожаи тоҷик этноним набуд, балки тоҷик ҳамчун атрибути динӣ буд, яъне тоҷик бо онҳое мегуфтанд, ки муътақиди оини зардуштӣ буданд”.

Ба назари Саидмурод Бобомуллоев, танҳо баъди омадани дини Ислом мардуми маҳаллӣ то андозае бо арабҳо махлут шуданд: “Бигзор дигарон қабул накунанд. Дар асоси форсҳо, суғдиҳо, сакоиҳо, бохтариҳо як этноси нав пайдо шуд, ки ин этнос бо номи халқияти тоҷик дар таърих боқӣ монд”.

Ҷаноби Бобомуллоев ҳамчунин гуфт, баъд аз асри 10 то кунун забони шеър миёни мардуми Эрон, Афғонистон ва Осиёи Марказӣ як буд, вале забони асосӣ, яъне дафтару дафтардорӣ имрӯз комилан фарқ мекунад.

Тафсилоти назароти дигари ин таърихдони тоҷикро дар мавриди маъноҳо ва шинохтҳо аз тоҷик дар сарчашмаҳои тоисломии “юнонӣ, чинӣ, арманӣ, тибетӣ” ва дар мавриди тафовутҳои имрӯзи забони форсӣ дар видеои зер бубинед.


Мӯҳр
безор шудем аз хами таърихчихову адабиётшиносон.хар руз як чизи нав фикр карда мебароран, ба мо мухандисон лозиманд!!!!! як чизи нав барои зиндаги фикр карда барорен! Бо хамин навоварихои забону адабиёту таърих мо руз ба руз бесаводтар шуда истодаем

Филолог
Мухтарам Бобомуллоев шумо худ ягон манбаи аслиро бо чашми худ хондед ва дидед, ки ин мафхум ба маънии манзури шумо бошад. Дар таърих бадтарин кор фалсификация аст, ки мутаассифона муаррихони мо ба иштибохот бештар рох медиханд. Ягон манбаи зардушти ва ё акаллан порсии миёнаро худ пурра мутолиа кардаед ё не. Чи даркор аз номи дигарон маълумот чамъ кардану афсона хондан. Илтимос аз дунболи дигар фалсификаторхо наравед, хохиш. Бундахишнро мутолиа кунед назари баръакси шумо он чо собит шудааст. Матнхои русиро дуруст мутолиа кардан наметавонеду боз аз кадом манобеи бостони мехохед далел оред. Чи даркор аст, чи даркор. Аслан гиред мухаккиконе, ки ин масъаларо хеле хуб мефахманд ороми ороманд ва хатто нонамоёнанд, онхоро чалб кардан даркор, аммо на барои ичрои заказ, балки барои ошкоро гуфтани хакикат. Масалан агар маро пурсед ки кисти ман мегуям.... аммо мутаассифона имруз замонаш нест. Шояд худованд замонеро барои мо замонат монда, ки назари худро ошкоро бигуем ва он амонатро мунтазирем.

Шумо мухтарам доктори илми таърих ва бостоншиноси Саидмурод Бобомуллоев чахонбинии дини ва умумияти одамон-этносро бо хам аралаш кардаед. Ду нафар мисли Шумо бошад, масъалаи шинохти миллати точикро дар арсаи байналмилали аз нав дида мебароянд. Ин кадар мехнати мо барабас меравад. Пас шуури сиёси ва хисси миллии мо кучост?! Ва барои ки кори фикри мекунем......

Ин назария аз хеле замонҳо боз маъруф аст.

Туток
Агар точик маьнояш зардушт бошад о зардушт чи маьне дошта бошад?!

Антихарзаи араб
Аз хамин ёвахои исламистхо хаста шудем бар зидди инхо бояд сиёсатро пурзур кард агар тавонаш набошад аз Русия кумак бояд гирифт аз Казокистон на илме на ихтирооте на як ахлоке на фаросате на мантике на кашфиёте на истидлоле факат харза факат ёва азоби кабр дигар хич акалан хамин тариххое ки худди мусулмонхо навиштаанд хонед чиноятхои дустонатон ва пешвоёнатонро мефахмед

Нои
Аз 28:28 то 28:40 "Имрӯз хело сарчашмаҳои дастнохӯрдае барои мо буд, КУШОД шуданд ва мо бояд, ки имрӯз инҳоя ОШКОР шавем ва аз ино баҳрабардорӣ кунем."

Эй Худои ҷон, дигар чӣ гӯям, ки нагуфтанам беҳ аст. Агар ин доктори илм бошад, донишҷӯёнаш дар чӣ ҳол бошанд?! recourse

Точ
Антихарзаи араб,зардушт маьнояш точик

Покиза
Хайфи илму хайфи олим!

Ин иддиъои дуктур Бобомуллоев ки “аз давраи Ашкониён то асри 10 вожаи тоҷик этноним набуд, балки тоҷик ҳамчун атрибути динӣ буд, яъне тоҷик бо онҳое мегуфтанд, ки муътақиди оини зардуштӣ буданд”, дуруст нест. Зардуштиҳо на худро, балки арабҳо ва эрониҳои мусулмоншударо "тозик" меномиданд. Ин матлаб аз нахустин ҷумлаи дебочаи Бундаҳишн рӯшан аст ки дар чопи тоҷикияш бо таҳриф оварда шудааст:
"Аз омадани тоҷикон (дар асл - тозикон. - У. Ҷ.) ба Эроншаҳр ва ривоҷ бахшидани эшон душдиниву душхоҳиро...". Душдинӣ яъне баддинӣ ва душхоҳӣ яъне бадхоҳӣ. Комилан рӯшан аст ки манзур аз "тозикон" инҷо арабҳо ҳастанд, на тоҷикон.
Аммо ин як иддиъои дуктур Бобомуллоев дуруст аст ки "дар асоси форсҳо, суғдиҳо, сакоиҳо, бохтариҳо як этноси нав пайдо шуд, ки ин этнос бо номи халқияти тоҷик дар таърих боқӣ монд”.
Вале ҷустани вожаи "тоҷик" дар сарчашмаҳои тоисломии “юнонӣ, чинӣ, арманӣ, тибетӣ” корест беҳуда. Дуктур Бобомуллоев дар китобаш "Таджики (в источниках и трудах исследователей). (Душанбе, «Истеъдод» - 2013, 280 стр. ISBN 978-99947-0-869-7) дар бахши "АРМЯНСКИЕ ИСТОЧНИКИ О ТАДЖИКАХ" (с. 12) дар понависи 4 овардааст: "Пустыня Тачкастана — тачиками и Тачкастаном в армянской раннесредневековой литературе назывались арабы и их родина". Бо ҳамин як ҷумла ҳама иддиъоҳояшро худаш ботил кардааст.
Натиҷа ин ки иддиъоҳои дуктур Бобомуллоев дар бораи решаву маънии вожаи тоҷик нодуруст ҳастанд.

Абдукарим
Бубахшед, ин доктор дуруст харф зада наметаванаду боз даъвои......

ГАРДУНИ СИФЛА БЕХУНАРОНРО РИВОЧ ДОД
Азбаски эътибор ба сохибхунар намонд...

Бухорои
Ин таърихшиносе бо номи Умеди Чайхони боз аз кучо пайдо шуд ачабо, ин масъаларо хамзабонони эронии мо кайхо хал кардаанд ту хоби ба фикрам точик ба касоне мегуфтанд ки гайриараб ва гайритурк буд яъни ориёи ё хамон эронии асл ниг Саъди Бустон:
Зи дарёи Уммон баромад яке..... Араб дидаву турку точику Рум, боз хамон Саъди Руи точиконаат бинмой то доги Хабаш Осмон бар чехраи туркони ягмои занад. Тег мебояд кушуду ишк мебояд кашид Нест дар турки намак точик мебояд шудан (толиби Омули) ва гайра точик бино ба охирин баровардахои таърихиии донишмандони хамзабони мо хамон як кавми бузурге бо исми доик дар авастост ки дар даврони Саъди ва хатто пеш аз вай замони Унсури ва мокабли он сахехтараш замони Ибни Муканнаъ ки дини худро чори кард дар Вароруду кариб банду бисоти исломро чамъ мекард ба мардуми махалли чи курду чи балучу чи форсу чи луру бахтиёриву сугдиву хоразми мегуфтанд китоб бояд хонд Чайхони будаст боз

Бухорои, мавзуъи ин суханронӣ “Решашиносии вожаи тоҷик дар сарчашмаҳои тоисломӣ” аст. Пеш аз ислом аз тоҷик ба ин маъние ки шумо намунаҳо овардаед, ному нишоне дар манобеъ нест. Доику додику дотик ном қабилае ҳам дар Авесто набуда, балки даҳа ном тираҳое аз ариёҳо ёд шуда ки сарзаминашон дар садаҳои миёна Даҳистон номида мешуд ва бахши ғарбии сарзамини имрӯзии Туркманистонро дар бар мегирифт. Он даҳа бо тоҷик ҳеч пайванди решашинохтӣ надорад. Агар ҳам намедонед пас бидонед ки даврони пеш аз ислом яъне аз дуртарин замонҳо то садаи 7 милодиро дар бар мегирад. Дар он манобеъ ҳарҷо ки тозик ё тожик ёд шуда, манзур аз он танҳо ва танҳо араб аст ва на тоҷикон. Намунаҳое ки шумо овардаед ҳама пас аз садаи 10 милодӣ падид оварда шудаанд ва дар он замон ниёконамон дигар тоҷик ном доштанд ва маънияш низ ҳамон “мусулмонҳои эронитабор” буд.

Бухорои
Шумо инкадар бо итминон сухан мекунед ки тааччубам бештар мешавад хадди акал мефармудед ки хануз пажухиш идома дорад ва шояд харфхои наве натичагирихои чадиде дар пеш бошад ки барои ману мо рушан нест зеро то чое ки ман хондам ва дидам ва шунидам шикофтани вожахои форсии кухан ки дар замони имруз сохторашон дигаргун шудааст идома дорад ба вижжа дар байни донишафшонон ва донишёрони иронии чи дохил ва чи хорич аз кишвари Ирон гузашта аз ин дуруст ки намунахои инчониб пас аз исломист аммо фарзияхои гуногуне хам вучуд дорад. Яке аз он фразияхо хамон точикаён аст. Пас агар фарз кунем ки ин иддаои шумо дуруст аст вакти он расида ки мо тагири ном кунем шояд. яъни шумо хамон харферо мезанед ки дуругдонишмандони узбак. инро бояд ба донишмандони бузурги ирони дар миён гузошт ва албатта назари онхоро хам бояд дид.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)