Бахшҳо

Маҳсулоти хитойӣ “бозор”-и сабадҳои Исроилро танг накард (ВИДЕО)

Исроил Қосимов 5 соли ҳаёти 40-солаи худро сарфи бофтани сабадҳо кардааст.

Ин сокини рустои Сайёди ҷамоати ноҳияи Муъминобод мегӯяд, сабадбофиро аз ҳамдеҳааш Ҷумъа Халифаев омӯхт ва ҳоло ба қавле “аз пушт”-и ин шуғл нон мехӯрад.

Исроил Қосимов дар суҳбат ба “Озодагон” гуфт, дар кори сабадбофӣ ҳамсараш ба ӯ ёрӣ медиҳад: “Ӯ дар як вақти кутоҳ хеле хуб ин шуғлро аз худ кард”.

Ин ҷуфт аксаран сабадҳоро мувофиқи фармоиш мебофанд: “Одамон барои хушк кардану нигоҳ доштани мева, гирифтани нон, гузоштани қурут, тухм ва маҳсулоти ширӣ ва барои коҳ додани чорво сабад фармоиш медиҳанд”.

На танҳо сокинони маҳаллӣ, балки хориҷиҳо низ барои харидории сабад дари онҳоро мекубанд: “Баъзе шаҳрвандони Тоҷикистон вақте хориҷи кишвар мераванд, сабадҳоро ҳамчун туҳфа мебаранд. Хориҷиҳо низ меоянд ва аз мо сабад мехаранд”.

Маҳсулоти хитойӣ “бозор”-и сабадҳои Исроилро танг накард (ВИДЕО)Исроил Қосимов мегӯяд, онҳо аз моҳи сентябр то март ба ҷамъоварии химчаҳои шулаш машғул мешаванд: “Сабадҳо танҳо бо ин химчаҳо мустаҳкам ва зебо мешаванд”.

Ин ҷуфт мегӯяд, ҳарчанд ҳоло молҳои пастсифати хитойӣ дар бозорҳо зиёданд, аммо ин теъдоди муштариёни онҳоро кам накардааст: “Дар маркази ноҳия бародарам як дукон дорад ва онҷо сабадҳои моро мефурӯшад. Шукри Худо харидорон ҳастанд”.

Нархи сабадҳо вобаста ба шаклу андозаи онҳо аз 10 то ба 70 сомонӣ мерасад.


Мӯҳр
Ошики як шоира.
Хар он кас,ки ери азизу мехрубон дорад,
Саодати абаду умри човидон дорад.
Занро мард мекардаги зан аст,номард мекардаги хам зан.

Зани хубу дурусту порсо ,кунад марди дарвешро порсо!!!!!!
Бо мехнати халол руз мегузаронанд,иштироки хамсари ин марди хунар хело уро кувват мебахшад.
Як шоирае гуфта аст,ки танхоии зан аз вучуд доштан е надоштани мард дар оила вобаста нест.Мутлако хатои махз аст,мард боиси танхогии зан намешавад хеч гох,агар чунин хамсаре дошта бошад.Халоли шумо бод,эй хунармандон!!!!

Шарки озод.
Ки бошад у шоира?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)