13 ширкати ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-и Аврупо
Иттиҳоди Аврупо тасмим гирифтааст, ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон дар "рӯйхати сиёҳ"-аш боқӣ монанд.
Комиссияи Иттиҳоди Аврупо гуфтааст, ин ширкатҳои Қирғизистон барои риоя накардани талаботи бехатарии авиатсионии Аврупо ва назорати дуруст нашудан аз сӯи ниҳодҳои давлатӣ ба "рӯйхати сиёҳ" шомиланд. Бар пояи феҳристи нашркардаи ин комиссия, беш аз 200 ширкати ҳавопаймоии кишварҳои гуногуни ҷаҳон, аз ҷумла 13 ширкати Қирғизистон ҳаққи анҷоми парвоз ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупоро надоранд.
Ширкатҳои ҳавопаймоии Қирғизистон аз соли 2006 ба ин сӯ дар "рӯйхати сиёҳ"-и Иттиҳоди Аврупо қарор доранд. Мақомоти Қирғизистон борҳо ба зарурати берун кардани номи ширкатҳояшон аз "рӯйхати сиёҳ" таъкид кардаанд. Аммо то ҳол чорае андешида нашудааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |