Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 16:56

Ҳалокати як нафар дар пайи садамаи нақлиётӣ

20 май 2011, 06:47

Дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон садамаи нақлиётӣ бойиси марги як нафар гардид.

Тавре ба «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД иттилоъ доданд, ронандаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» рақамаи давлатиаш  АЕ 6715 03/РТ  Қодир Шарипов, ки сокини ноҳияи Восеъ аст, аснои ҳаракат аз тарафи ноҳияи Шаҳритус ба тарафи ҷамоати  Обшорон, дар ҳудуди деҳаи  Бинокор қоидаи ҳаракати роҳро риоя накардааст. Зимнан, сарнишини нақлиёт аз  ӯҳдаи идораи он набаромада, велосипедрон Сафаралӣ  Ҳусейнови 19- соларо  пахш намудааст, ки дар натиҷа  ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат мерасад.


Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!