Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 01:15

Дар Хуҷанд пулҳои қалбакӣ ошкору мусодира шуданд

16 ноябр 2011, 07:00

Сокинони шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд бо ҷурми ба муомилот баровардани пулҳои тақаллубӣ боздошт гардиданд.


Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз дафтари матбуотии ВКД хабар доданд, зимни амалиёти вижаи кормандони милиса Муҳаммадшариф Аюбови 16 сола, сокини маҳалаи 18-ум ва Абдусаттор Сатторов 22 сола, истиқоматкунандаи маҳаллаи мазкур ба даст афтоданд.

Манбаъ афзуд, ин афрод дар манзили истиқоматии ноболиғ Муҳаммадшариф  Аюбов бо мақсади ба муомилот баровардани 10 адад арзи миллии қалабакии сомонӣ, ки арзиши 10 сомонӣ доштанд, ба тавофуқ расида буданд. Аснои азназаргузаронии хона, 1 варақаи 4-адад купюраи 10 сомонӣ дошта дарёфт карда шуд.

Гуфтанист, Абдусаттор Сатторов қаблан доғи судӣ дошта,  бо моддаи 244 кодекси ҷиноии Тоҷикистон аз озодӣ маҳрум гардидааст. Мутобиқи  қонуни Тоҷикистон  «Дар бораи авф» аз 21-уми августи соли равон  ба озодӣ баромадааст. Айни замон нисбати ин қазия парвандаи ҷиноӣ боз гардида тафтишот идома дорад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!