Русский  >>  فارسی  >>  Сешанбе 6 декабр 2016, 22:59

Райиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон аз Гурӯҳи мусоидат ҷонибдорӣ мекунад

16 ноябр 2011, 10:02

Зинатулло Исмоилов, райиси Шӯрои ВАО-и ҶТ, ҳамзамон сарвари кулли шабакаи телевизионии СМТ омодагии худро дар мавриди пайвастан ба Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон изҳор кард.


Оқои Исмоилов бар ин назар аст, ки: «Мушкили муҳоҷирони тоҷик, ки алъон дар Русия ба сар мебаранду теъдоди онҳо марзи беш аз 1 миллионро кайҳо убур кардааст, мушкили саросарии кишвар аст». Ӯ мӯътақид аст, ки ихроҷи муҳоҷирини тоҷик ва бозгашти онҳо ба Ватан боиси ноҷӯр шудани вазъи иҷтимоии хонаводаи эшон ва дар маҷмӯъ Тоҷикистон мегардад.

Ёдрас менамоем, Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирин шаби 14-уми ноябр дар  Душанбе аз ҷониби  гурӯҳе рўзноманигорон ва рӯшанфикрон ташкил шуд. Мубтакирони ин Гурӯҳ мегӯянд, дар пеши худ ҳадаф гузоштаанд, ки вазъи баамаломадаро, ки дар натиҷаи боздошт ва ҳукми додгох нисбати ду халабони ширкати «Rolkan Investmens Ltd» сурат гирифтааст, мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор диҳад. Дар ҳоли ҳозир раҳбарии ин гурӯҳро Барзу Абдураззоқов, ҳунарманд ва коргардони шинохтаи тоҷик бар дӯш дорад. 
Дар ҳамин ҳол, бархе аз нерӯҳои сиёсӣ низ  пуштибонии худро аз таъсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон  эълон кардаанд. Аз ҷумла, Муҳиддин Кабирӣ, вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон ва раҳбари Ҳизби наҳзати исломӣ, таъсиси ин гурӯҳро амри муҳим дар ростои ҳалли мушкилот унвон кардааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!