Русский  >>  فارسی  >>  Шанбе 10 декабр 2016, 00:16

Маҳкумияти сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар Вашингтон

16 ноябр 2011, 10:34

Ҳайъати намояндагии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Созмони Милали Муттаҳид рўзи сешанбеи 15-уми ноябр изҳор дошт, ки дар зудтарин фурсат пешнависи қатъномаеро дар бораи маҳкумияти тарҳи иддаои тавтиа барои террори сафири ин кишвар дар Вашингтон ба Маҷмаи умумии СММ месупорад.


Пешнависи қатънома аз аъзои Маҷмаи умумии СММ тақозо менамояд, ки «тавтиаи террори сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико»-ро маҳкум намоянд.

Абдулмуҳсин Илёс- сухангўи Шоҳигарӣ дар СММ гуфтааст, ки аъзои Маҷмаи умумӣ рўзи ҷумъа ба ин пешнависи қатънома овоз хоҳанд дод.

Мақомоти амрикоӣ моҳи гузашта иттилоъ дода буданд, ки тарҳеро ошкор карданд, ки ҳадафи он истифода бурдани як фидоӣ барои террори Одил ал-Ҷубайр – сафири Саудӣ дар Вашингтон мебошад. Мақомҳои амрикоӣ мегўянд, моҳи сентябр Мансур Арбобсайр – шаҳрванди эронитабори ИМА дар робита ба ин қазия дастгир шуда, нафари дуюми ин тарҳ дар пайгард қарор дорад. Зимнан, Ҷумҳурии  Исломии Ирон иддаои ИМА-ро дар бораи даст доштани ниҳодҳои амниятии кишвараш дар ин қазия қотеъона рад мекунад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!