Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 21:17

Академик Шакурӣ, профессор Усмонов ва Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос низ ба Гурӯҳ пайвастанд

16 ноябр 2011, 11:28

Академик Муҳаммадҷон Шакурӣ аз фаъолияти «Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирон» пуштибонӣ кард.


Ӯ дар сӯҳбат бо хабаргузории «Озодагон» гуфт, ки ин ташаббуси саривақтӣ ва тасмими хубест, ки метавонад ҳисси башардӯстии ҷомеаи шаҳрвандии кишвари Русия ва Тоҷикистонро бедор кунад ва бо ин роҳ дар ҳалли мушкили муҳоҷирони меҳнатӣ мусоидат намояд. Академик Шакурӣ чунин мешуморад, ки муҳоҷирони меҳнатии мо дар Русия бе пушту паноҳ мондаанд ва касе нест, ки аз ҳоли онҳо пурсон шаваду ҳуқуқҳои онҳоро ҳимоя кунад. Бинобар ин таъсиси «Гурӯҳи мусоидат ба мушкили муҳоҷирон» кори хуб аст. Фақат бояд, ки аъзои ин созмон одамони кордону ҳолдон ва аз вазъи муҳоҷирон огоҳ бошанд. Ҷасур бошанд ва дар ақидаи худ устувор монанд. Ӯ аз ҷумла гуфт: «Синну солам ба ҷое расидааст, ки дар чунин созмонҳо ширкат кардан бароям душвор аст, аммо ман аз ин ташаббус пуштибонӣ мекунам ва агар коре аз дастам ояд, хоҳ маслиҳату машварат бошаду хоҳ ягон кӯмаки дигар, ҳамеша омода ҳастам, ки анҷом диҳам ».

 

Дар ҳамин ҳол, Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, рӯҳонии саршинос ва собиқ муовини аввали сарвазири Тоҷикистон ва профессор Иброҳим Усмонов низ аз пайвастан ба ин Гурӯҳ дарак доданд.

Ёдрас мешавем, ки «Гурӯҳи мусодат ба вазъи муҳоҷирон» шаби 14-уми ноябри соли ҷорӣ бо мақсади дарёфти роҳи ҳалли проблемаи муҳоҷирони тоҷике, ки дар робита ба баҳси додгоҳии халабони рус дар Қӯрғонтеппа ба фишори Русия гирифтор шудаанд, бо ташаббуси иддае аз рӯзноманигорон ва равшанфикрони тоҷик таъсис ёфт. Ҳоло сафи онҳое, ки ба ин гурӯҳ пайваст мешаванд, дар ҳоли афзоиш аст.

 

 



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!