Бахшҳо
24 июн 2016 13:00Тоҷикистон / Сиёсат

Истеъфои Кэмерон баъди раъйи Бритониё алайҳи узвият ба Иттиҳоди Аврупо

Дэвид Кэмерон, нахуствазири Бритониё баъди эълони натиҷаҳои раъйпурсӣ дар кишвараш, ки аксарият зидди узвият ба Иттиҳоди Аврупо овоз додаанд, истеъфояшро эълон кард.

Кэмерон дар пайи касб кардани овози мувофиқи бештари раъйдиҳандагон ба хуруҷи Бритониё аз Иттиҳоди Аврупо гуфтааст аз симмати худ канорагирӣ мекунад. Ӯ афзудааст, дар моҳи октябри соли равон ҷаласаи Ҳизби муҳофизакорон нахуствазири навро таъин кунад ва музокироти хориҷ шудани Бритониё аз Иттиҳодияи Аврупо бо таъини нахуствазири нав оғоз шавад.

Нахуствазири Бритониё, ки барои боқӣ мондани кишвараш дар ИА талош мекард, изҳор доштааст мардум тасмими худро қотеона эълом кардаанд ва кишвар ба раҳбари ҷадид ниёз дорад.

Дар раъйпурсие, ки дирӯз баргузор шуд 52 дарсади бритониёиҳо -17 миллиону 410 ҳазор раъйдиҳанда барои хуруҷ аз Иттиҳодияи Аврупо ва 48 дарсад-16 миллиону 141 ҳазор нафарашон барои мондан дар ин иттиҳод овоз додаанд.

Натиҷаҳои онлайни раъйдиҳии Бритониё

Раъйпурсӣ дар мавриди узвияти Бритониё дар Иттиҳоди Аврупо бахше аз барномаи интихоботии ҳизби ҳокими Муҳофизакор бо раҳбарии Дэвид Кэмерон, нахуствазири ин кишвар дар интихоботи парлумонии 2010 буд. Кэмерон он замон шароити узвияти кишвараш дар Иттиҳоди Аврупоро мунсифона надониста, гуфта буд талош хоҳад кард то бо касб кардани шароити беҳтар аз мардум дар бораи узвият дар ин иттиҳодия назархоҳӣ хоҳад шуд.

Худи нахуствазири Бритониё мувофиқи мондан дар Иттиҳодияи Аврупо аст, аммо шуморе аз аъзои дигари давлат ва ҳамчунин аъзои бонуфузи ҳизби Муҳофизакор ба монанди Борис Ҷонсон, шаҳрдори собиқи Лондон ва узви феълии парлумон хостори хуруҷи Бритониё аз ИА мебошанд. Ҷеремӣ Корбин, раҳбари Ҳизби коргар, ҳизби аслии мухолифи давлат низ хостори идомаи узвият дар Иттиҳоди Аврупо аст.

Мухолифони узвият дар ИА мегӯянд қонунҳои ниҳодҳои ин иттиҳодия ба маънии гирифтани ҳокимият аз порлумони Бритониё мебошад. Онҳо ҳамчунин бархе аз қоидаҳои шароити касбу корро аз сӯи ИА бар Бритониё таҳмилӣ мешуморанд. Афзун бар ин пардохт ҳаққи узвитяро бар ҳадар рафтани манобеи мардуми ин кишвар мешуморанд.

Аз сӯе ҳам тарафдорони узвият дар Иттиҳоди Аврупо бар дастрасӣ ба як бозори озод таъкид мекунанд ва мегӯянд дар сурати хориҷ шудан аз он Бритониё наметавонад дар ҷаҳон ба танҳоӣ мавқеи муносибро касб кунад.

Бритониё дар соли 1973 ба узвияти “Ҷомеаи иқтисодии Аврупо” даромад ва узвияти дар ин ниҳод, ки баъдан Иттиҳоди Аврупо ном гирифт, дар соли 1975 ба ҳамапурсӣ гузошта шуд ва бо 67 дарсади оро мавриди қабули мардум қарор гирифт.
Мӯҳр
хакикат
Офарин Девид Кэмерон орои мардум назди шумо кадр дорад. Бинобар хамин давлати бузургед.

точикистони нав
давлатхое, ки орои мардумро кадр мекунанд таракки мекунанд

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)