Бахшҳо

ТАЛКО дар Бадахшон баландтарин парчам дар ҷаҳонро месозад

Манораи ливои миллӣ, ки дар майдони Исмоили Сомонии шаҳри Хоруғ қомат меафрозад, баландтарин парчам дар миқёси ҷаҳон хоҳад буд.

Бино ба иттилои торнамои рӯзномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” пояи ин парчам 32 метр ва паҳноияш 4,8 метр буда, дар баландии 1232 метр аз сатҳи баҳр парафшон мегардад: “Бо назардошти мавқеи ҷуғрофии ВМКБ, ки аз давраҳои пеш онро “Боми ҷаҳон” унвон мекунанду дар баладии беш аз 2 ҳазору 500 метр аз сатҳи баҳр ҷой гирифтааст, парчами мазкур нафақат дар кишвар, балки дар олам аз баландтарин хоҳад буд”.

Манбаъ аз қавли Гран Гозариян, роҳбари сохтмончиён менависад, дар бунёди ин манора 18 сохмончии касбӣ иштирок доштааст: “Масъули ин тарҳ Корхонаи алюминийи тоҷик ният дорад то рӯзи 25 июн корҳои сохтмониро пурра ба анҷом расонанд”.

Манораи ливои миллӣ яке аз 82 иншооти хурду бузурге унвон шудааст, ки қарор аст дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ дар вилояти мухтори куҳистони Бадахшон мавриди баҳрабардорӣ қарор бигиранд.

Бунёди парчами баландтарин дар Бадахшон дар ҳолест, ки Тоҷикистон барои парчаме бо миллаи 165 метрӣ ба китоби рекордҳои Гиннес роҳ ёфт.

Матои парчам, ки 60 метр дарозӣ ва 30 метр паҳноӣ дорад, 9 сентябри соли 2011 дар ҷашни 20-солагии истиқлоли Тоҷикистон дар канори Қасри миллат расман барафрохта шуд. Сохтмони пояи сутуни парчами Тоҷикистон аз моҳи ноябри соли 2010 оғоз шуда, онро кормандони ширкатҳои ватании “Алюминбинокор” ва амрикоии "Trident Support" бунёд карданд. Ин сутун аз оҳан сохта шуда, ранги сафед дорад, ки ҳам дар шаб ва ҳам дар рӯз аз масофаи дур дида мешавад.
Мӯҳр
ali
Millati Tojik az faqirivu nodorivu gulomi murdestan iqtisodi kishvar ba nol rasidai in davlatdoroi mo parchambozi karda gashtan bo mardumi badakhshona ba yak parcham fireb kardaniyan

Хоркаш
Дигар давлатҳо байрақҳошона кайҳо ба космос баровардагӣ!!!
Намешавад аз ҳамин лоиҳа дида, ТАЛКО барои дастгирии соҳибкорони хурд маблағгузорӣ кунад?!
Шарму айбу номуси кас меояд аз ҳамин корҳо, хориҷиҳо омада барои соҳибкорони хурд кумакҳои бебозгашт медиҳанд, кампанияе ки ба гуфтаи худашон банкрот аст ҳама ин дағдағаву воҳивама мекунад. Аз куҷо он пул?! Аз кисаи кӣ?!
Магар дар блоки иқтисодии ҳукумат як ақли солим намондааст?!

Хайр чи чои гуфтан аст дигар... Гуфти гапхо акл сабзи бошад ки

Айб аст дар ҳоле ки мардум дар пасттарин шароит руз ба сар мебаранд шарм аст ки мо аз ҳама парчами баландтарин дошта бошем шояд чанд млн сомони ё долар сарф шавад барои сохтани он аммо ба ки даркор аст. Парчами баладтарин дорем гуфта баъзеҳо фахр мекарданд аммо яке аз давлатҳои араби баладтаринашро сохт имруз шумо мехоҳед болои куҳи 1000 метра ҷо кунед. Аммо боз мебинем ки кадом як давлати Арабӣ боз болои хонаи 1000 метра байрақшона ҷо мекунанд.. магар ин ҳукумат пешрави ва тарақиётро дар байрақи калонтарин нишони калонтарин ё чойхонаи калонтарин медида бошад!!!???

Лучше дайте эти деньги тем кто нуждается!!! Видите как народ страдает, пенсионеры голодают, безработица везде, лучше бы открыли какую нибудь заводы и фабрики чтоб народ работал зарабатывал! Все в Москве страдают, а вы...

мехмон
Бисер дуруст кайд карданд ки парчами дигар давлатхо дар кайхон бурдаги !! Ин чи бехиради?? Намешавад бо ин маблаг як хочагии намунави сохта дигар ширкатхоро низ ба ин ташвик кард ?!

Кухистон
Аз ин парчами бехуда дида, бо пули он як ду трактор ба мардуми Помира тухфа мекардед дар зимистон барфхои роххояшонро меруфтанд, бехтар набуд?

Bubakhshed ki tashvish mediham... Oyo dar Tojikiston ba ghair az parcham soziu, parchamduzi digar yagon ideyai khubtare vujud nadorad? Dar shahraki khorugh nuktahoi obi barovardani budand va az bepuli hama zeri khok mond... Boz beshtar gushau kanoraahoi shahr boband. Ammo, afsus 37 hazor dolar baroi yak...

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)