Бахшҳо
25 июн 2016 08:54Тоҷикистон / Сиёсат

Эмомалӣ Раҳмон ба сокинони Ванҷ: Фарзандони худро аз роҳи бад гардонед

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон аснои суханронӣ дар ноҳияи Ванҷ бо ишора ба вазъи минтақа ва ҷаҳон аз ҳозирин даъват кардааст, ҷиҳати расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва ҳимояи манфиатҳои миллату давлат "ҳамеша ҳушёру зирак" бошанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Президент, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "ҳоло як қатор кишварҳо ба гирдоби хунини ҷангу мухолифатҳои даҳшатнок гирифторанд ва созмону гуруҳҳои террористиву экстремистӣ аъмоли харобкоронаи худро торафт вусъат дода истодаанд. Дар чунин вазъи бисёр ҳассосу мураккаб ҳар яки мо вазифадорем, ки ба қадри сулҳу субот ва бузургтарин дастоварди халқамон - истиқлолияти давлатӣ расем, дастовардҳои онро ҳифз кунем ва ҳамеша барои таҳкиму тақвияти суботу оромӣ ва ваҳдати миллӣ кӯшиш кунем".

Ба таъкиди раисиҷумҳур, барои ноил шудан ба ин ҳадафи миллӣ бояд ҳамеша ҳушёру зирак буд, то ба гуфтаи ӯ, дар ҷаҳони пурҳаводису ноороми имрӯз манфиатҳои миллату давлат ва арзишҳои муқаддаси давлати соҳибистиқлоламонро ҳимоя карда тавонем: "Бинобар ин, ба кулли роҳбарону масъулони мақомоти давлатӣ, падару модарони соҳибэҳтиром, омӯзгорону зиёиён ва шахсиятҳои рӯзгордидаву обрӯманди ноҳия ва деҳоти Язғулом муроҷиат менамоям, ки фарзандони худро аз роҳи бад гардонед ва оқибатҳои бади гароиш ба гурӯҳу равияҳои террористиву экстремистиро ба наврасону ҷавонон фаҳмонед. Зеро тибқи маълумот имрӯз даҳҳо нафар сокинони ноҳия дар амалиёти ҷангӣ дар хоки давлатҳои дигар, аз қабили Сурияу Ироқ иштирок карда истодаанд, ки ин боиси нигаронӣ ва таассуф аст".

Президент дар идома таъкид кардааст, ки ба ғуруру мардонагӣ ва ҳисси баланди миллии сокинони Ванҷ бовар дорад ва хуб медонад, ки дар қалбу вуҷуди онҳо танҳо муҳаббату самимият ва умеди устувор ба ояндаи ободи Ватан ҷой гирифтааст.

Эмомалӣ Раҳмон имрӯз, 25 июн бо як сафари корӣ ва ҷиҳати ширкат дар маросимҳои таҷлил аз Рӯзи ваҳдати миллӣ ба Вилояти мухтори куҳистони Бадахшон рафт. Ин сафар аз ноҳияи Ванҷ оғоз ёфта, дар зимн Президент бо раҳбарону фаъолон ва сокинони ноҳияи Ванҷ мулоқот кардааст.
Мӯҳр
дуруст мегуяд э. рахмон. вазъият бенихоят вазбин аст дар чахон.алалхусус дар давлатой мусалмоннишин хело эхтиёт карданамон даркор..

чавони точик
Хами "пешвои миллат" сулху вахдат, сулху вахдат мега. Мегум хами мардак кати ягонкас чангу сулх карда боша ё просто так мега?

adl
Ами нишонаи вахдат ду даст бохам акс гирифтаанд. Як дасташро хай фахмидем ки дасти президент будаст дасти дигариш аз ки бошад? Агар гуем дасти дигаршам аз президент буд ин нисбат ба ин нишон дуруст намеояд. Бояд нишони вахдатро иваз кунем ки ба ин гуфтахои родио телевизион рост намеояд. Модоме ки президент худаш танхо сулх карда бошад бо худаш пас малум мешавад ки аз тарафи мукобил худаш хам мечангидаст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)