Тоҷикистон аз 19-солагии Ҷашни Ваҳдат бо шукуҳу шаҳомат ва хароҷоти ҳангуфте таҷлил кард. Ҳамчунин гуфта мешавад, 25-солагии Истиқлол бо хароҷот ва шаҳомати бузургтаре ҷашн гирифта хоҳад шуд. Дар ин робита “Озодагон” аз соҳибназарону коршиносон пурсид: ОЁ ДАР ДАВРОНИ БУҲРОНИ ИҚТИСОДӢ ЧУНИН ХАРҶУ ТАҶЛИЛҲО ЗАРУРАНД?
Бобоҷони ШАФЕЪ, ҷомеашинос
Ман аз оғоз зидди таҷлилҳои пуршукуҳам. Дар ин вазъи буҳронӣ тантанаҳо хоксорона бошанд, хубтар аст. Миллат бояд Истиқлолияташро таҷлил кунад, вале бидуни масрафи барзиёд. Ин гуна чорабиниҳо танҳо барои 1-2 соатанд ва барои ин пули зиёду нерӯи инсонӣ масраф мешавад. Дар ин офтобҳои гарм кашидани ҳазорҳо донишҷӯ ба саҳна кори хубе нест. Ҷашнҳои мо ҳам бояд дар доираи ҳамон қонуни танзими расму оинҳо бошанд: хоксорона ва самимона.
Шокирҷон ҲАКИМОВ, муовини раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон
Мувофиқи мақсад мебуд, агар бо дар назардошти воқеияти сатҳи зиндагии мардум ва вазъи иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон тарзи баргузории иду чашнҳо низ тағйир ёбанд. Соҳибкорон ва раҳбарони корхонаҳо маблағхоро чиҳати беҳтар кардани шароити кори коргарон ва ба вуҷуд овардани ҷойҳои нави корӣ бояд истифода бурда, корхонаю ташкилотҳоро бо таҷҳизоти замонавӣ таъмин кунанд, бидуни шак ба манфиати ҷомеа ва давлат аст. Аммо боиси таассуф аст, ки доираҳои муайяни манфиатдор таҷлили чашну идҳоро ба шакли махсуси истифодаи ғайримаксадноки маблағҳо табдил додаанд. Популизми сиёсии бемаврид, тамаллуқ ва садоқатмандии сунъию исрофкориҳои бемаъниро низ мушоҳида кардан мумкин аст. Аз ин гуна мавридҳо ба хусус раҳбарони ноуҳдабарою тасодуфӣ ва беистэъдоду белаёқат хеле хуб истифода мебаранд.
Муҳаммад СОДИҚИЁН, иқтисоддон
Ҷашни истиқлол барои ҳар кишвар, аз ҷумла барои Тоҷикистон муҳимтарин ид аст ва бояд таҷлил шавад. Аммо масъала сари шеваи таҷлил аз он ва хароҷотҳо аст. Ин ки ин ҷашн хеле пуршукуҳ мегузарад медонем, аммо намедонем, ки чӣ миқдор маблағ масраф мешавад. Ҳукумат ҳам боре ин масрафҳояшро ошкор намекунад ва ба мардум ҳам намегӯяд, ки ин миқдор маблағро ният дорад ба ин мақсад сарф кунад. Яъне дар назди мардум ҳисоботдиҳанда нест, ҳарчанд манбаи даромадҳояш андозҳои шаҳрвандон аст. Ин албатта хуб нест.
Маҳдӣ СОБИР, таҳлилгар
Ба андешаи ман ҷашнҳо бояд хеле оддӣ ва хоксорона таҷлил шаванд. Аммо чӣ ҳам метавон кард, вақте баъзеҳо вазъи ҷомеародарк намекунанд? Мардум аз таҷлили чашну идҳо ва рақсу бозӣ монда шудаанд. Мо бояд аз кор, аз ташаббусҳои созанда монда шавем. Аммо ҷашни 25-солагии Истиқлол бояд бо тантана ҷашн гирифта шавад. Беҳтар мешуд дар ин рӯз ба мардуми камбағалу қашшоқ кумак карда мешуд. Ман оилаҳоеро медонам, ки соли гузашта аз камбағалӣ фарзандони худро ба мактаб дода натавонистанд. Агар ба ҳамин гуна оилаҳо ҳадди ақал сару либос тақдим мегардид, нуран алонур мешуд. Раҳматии Леонид Илич Брежнев шиори хубе доштанд "Нон бошад суруд мешавад". Агар мо серу пур бошем, ҳар чӣ қадар рақсу сурудхонӣ шавад, боке нест. Аммо ба гӯши нафари гурусна овози азон ҳам намефорад. Бояд ҷашнҳо бо харҷи кам, бе рақсу бозӣ ва ба таври расмӣ гузаронида шаванд. Дар таҷлили чунин ҷашнҳо аз доираи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ” берун наравем. Бояд дар як доираи муайян таҷлил шаванд. Агар маблағе дорем, онро барои сохтани варзишгоҳҳо, мактабҳо, боғчаҳои бачагона сарф намоем.
Субҳон ҶАЛИЛОВ, директори барномаҳои радиои “Ватан”
Баргузории чунин иду ҷашнҳо ва барномаҳои театрикунонидашуда пеш аз ҳама барои шинохти бештари мардуми кишвар ва тарғиби анъанаву фарҳангу санъати миллат ба ҷаҳониён хеле муҳим аст. Маълум аст, ки хароҷоти зиёд дорад, аммо аз он пурра даст кашидан ҳам шояд нодуруст бошад. Фақат шеваи омодагӣ, тарзи пешниҳод ва муносибат бо нафароне, ки ҷалб мешавад, бояд дигартар бошад. Яъне агар пули зиёд харҷ мешавад, бигузор ҳамон донишҷуён каме аз он ҳамчун ҳаққи заҳматашон бигиранд, барояшон нушобаву ғизо бидиҳанд, то ки шикоят аз ҳолатҳои баръаксаш расонаӣ нашавад. Чизи муҳиме ки бояд роҳандозӣ шавад, ба назари ман ин услуби баргузории ин гуна ҷашнҳо аст. Чаро мумкин набошад, ки шоу барномаҳои чароғӣ баргузор шавад? Чаро мумкин набошад, ки сенарияи баргузории ин гуна ҷашнҳо миёни мардум лоақал дар шабакаҳои иҷтимоӣ баррасӣ шавад? Хулоса, ягон варинати замонавӣ, нав, муосир ва барои ҳама шавқовари гузаронидани иду чашнҳоро бояд коргардонҳо фикр кунанд. Иловатан бояд аз роҳе кор гирифт, ки он барои ҳама қишрҳои чомеа дастрас бошад, зеро ҳоло мушоҳида мешавад, ки аксарият ҳамин гуна намоишҳои театрикунонидашударо фақат тариқи телевизион тамошо мекунанд, яъне имкони ҳама барои аз наздик дидани ин намоишҳо баробар нест. Дар ҳар сурат коргардонҳову сенариянависон ва муаллифони ин гуна барномаҳо бояд кушиш кунанд, ки чунин барномаҳо барои ҳама ва ё аққалан аксарият шавқовар бошад ва такрори онро интизор шаванд.
Абдуманнон ШЕРАЛИЕВ, коршинос
Мардуми нодор як одати бад доранд - пояшонро ба андозаи дороҳо мехоҳанд дароз кунанд, то касе аз нодориашон хабар наёбад. Аммо мусибат ин ҷост, ки намедонанд нодорӣ айб нест, балки аз худ доро тарошидан айб аст. Айбаш ҳам як тараф, зарари он "пойдарозкунӣ"-ро фарзандони бечораи нодор бояд пардохт кунанд, ки чанд моҳ аз ғизояшон коста мешавад. "Шукӯҳу шаҳомат"-и идҳои Тоҷикистон ҳам мисли ҳамин аст. Бо маблағе, ки барои ин ҷашнҳо сарф мегардад, мешавад чанд мактаб сохт, садҳо беморро табобат кард, ҳазорҳо нафарро аз гуруснагӣ наҷот дод, ба даҳҳо ҳазор хонавода, ки моҳҳо рӯи гӯштро надидаанд 1-2 килоӣ гӯшт харид, даҳҳо донишҷӯро ба хориҷ фиристод, чанд корхонаи кӯчак сохт... Ин рӯйхатро мешавад бе охир идома дод. Аммо мутаассифона як аксиомае ҳаст, ки намешавад нодида гирифт: нодорон бештар ба он хотир доро намешаванд, ки қоидаи истифодаи дурусти маблағро намедонанд ва бештар корашон тақлид ва худнамоист.