Бахшҳо

Муҳоҷир: 2000 рубли русӣ донишҷӯи тоҷикро аз «депортация» раҳо кард

Боздошт ва ба маҳкама кашидани як халабони рус дар Тоҷикистон мушкили муҳоҷирони тоҷикро дар Русия даҳчанд кардааст.


Аслиддин Иброҳимзода, як ҳамватанамон, ки алъон дар Маскав ба корҳои сохтмонӣ машғул аст, мегӯяд: «Ду ҳафта мешавад, ки дар Русия вазъияти муҳоҷирон хеле бад аст, лётчикҳои руса дар Қӯрғонтеппа зиндон карданд, полис ва корфармоҳои мо бошанд, аз вазъият истифода карда, бо ҳар баҳона ва бо ҳар роҳ муҳоҷирҳорои тоҷикро аз Русия ихроҷ мекунанд». Ӯ афзуд, тайи ду соли охир муносибати русҳо бо муҳоҷирони тоҷик он қадар бад набуд, бе ҳеч тарсу ваҳм кор мекардем, мегаштем, вале пас аз ҳабс шудани халабони рус дар Тоҷикистон нисбати муҳоҷирони тоҷик бадбинӣ бисёртар шудааст.

Ҳамзамон, Умар Шукуров, муҳоҷири дигари тоҷик бо василаи интернет ба хабаргузории «Озодагон» навишт, ки: «Соли панҷум аст, ки барои дарёфти қути лоямут ба Русия ба мардикорӣ меоям.Дар ин муддат мушкилиҳои зиёдеро паси сар кардем, вале имрӯз мушкилии дигаре пеш омадааст, аз тарс ба берун баромада наметавонем». Умар мегӯяд, як рафиқам, ки дар «Столичний Институт», дар шаҳри Маскав мехонад, боздошт шуда қариб ба Тоҷикистон депортатсия мешуд.

-Ҳуҷҷатҳои ӯро дарронда, эълон кардаанд, ки ту ҳуҷҷат надоштӣ, барои ҳамин ихроҷ мекунем,- дод мезананд полисҳо. Шукуров илова мекунад, ки хайрият рафиқам  2000 рубл дошт, вагарна ҳам аз мактабаш мемонду ҳам бадарғааш мекарданд.

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ айни замон танҳо дар як боздоштгоҳи рақами 1-и Маскав ҳудуди 450 тоҷикистонӣ дар интизори ҳукми баъдӣ нишастаанд.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)