Русский  >>  فارسی  >>  Чоршанбе 7 декабр 2016, 00:55

Палатаи поёнии парлумони Русия ҳам ба қазияи халабонҳо таваҷҷӯҳ дорад

17 ноябр 2011, 07:03

Думаи Давлатии Русия ҳам ба баррасии қазияи халабонҳои ширкати мавсум ба «Rolkan Investmens Ltd», ки рӯзи 7-уми ноябр дар Тоҷикистон зиндонӣ шуданд, даст мезанад.


«ИТАР-ТАСС», оҷонсии иттилоотии ин кишвар менависад, таҳти раёсати Борис Гризлов, сарвари палатаи поёнии парлумон ва бо дархости Владимир Жириновский вакил, ҳамзамон раҳбари ҳизби либерал-демократҳои Русия қазияи судии ду халабони ширкати ҳавоии "Ролкан" муҳокима мешавад.

Ҳамзамон, дар баёнияи вакилони парлумони Русия омадааст, ки ҳукми додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ноадолатона сурат гирифтааст ва он метавонад, ба равобити стратегии Душанбеву Маскав латмаи ҷиддӣ ворид созад.

Ёдрас менамоем, чанд моҳ қабл аз ин Борис Гризлов ва чанд мақоми баландпояи Русия хостори бозгашти марзбонони ин кишвар ба сарҳади Тоҷикистон шуда буданд. Онҳо эълом доштанд, ки хурӯҷи низомиёни рус аз сарҳадоти муштараки Афғонистону Тоҷикистон боиси афзудани ҷиноёти марбут ба қочоқи маводи мухаддир шудааст. Гризлов аз ҷонибдорони ҷорӣ кардани низоми раводиди Русия ба Тоҷикистон маҳсуб мегардад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!