Бахшҳо

Аҷам Калонов: Зеризаминӣ кардани гуруҳҳои мазҳабӣ ба манфиати амнияту ваҳдат нахоҳад буд

Суҳбати Сайф Сафар, хабарнигори “Озодагон” бо Аҷам Калонов, докторанти арсаи исломи сиёсӣ дар Донишгоҳи Магдебурги Олмон.

ҶОНИБДОРИ ИДЕОЛОГИЯИ ИСЛОМИ СИЁСӢ НЕСТАМ

Озодагон: Имсол суҳбатҳо атрофи Ваҳдати миллӣ беш аз ҳар замон доғтар шудаанд. Гуруҳе ба истиқболи ин сана моил нестанд, аммо дар долонҳои ҳукумат мегӯянд, “набояд бо рафтани як ҳизб ё гуруҳ ваҳдатро зери суол бурд”. Нигоҳи як пажуҳишгари сиёсӣ ба ин баҳс чӣ аст?

Аҷам Калонов:
Дар оғоз, ин нуқтаро бояд ишора кард, ки худи ҳамин падида, яъне “ваҳдати миллӣ” ва ҳамчунин “давлати ваҳдати миллӣ” дар адабиёти сиёсӣ аксаран дар ҳолатҳои душвори таърихии миллатҳо вориди гуфтумони сиёсӣ мешаванд. Замоне ки миллатҳо сахт осебпазир шуда, дучори парокандагӣ ва фурупӯшӣ қарор мегиранд. Яъне ин вожа бештар дар замонҳои буҳронӣ буруз мекунад, ҳангоме, ки ҷиноҳҳо ва гуруҳҳои сиёсӣ дар як кишвар дар баробари ҳам қарор доранд ва механизми рақобати солим дар он ҷо дар ҳоли суқут аст. Он замон аст, ки так-таки нухбагони сиёсӣ ва фарҳангии миллат бо назардошти манофеъи калони миллӣ, ба хотири наҷоти миллату давлат ба ихтилофхои сиёсӣ нигоҳ накарда, муттаҳид мешаванд. Ва дар он марҳила ба хотири берун рафтан аз буҳрон, ҳамаи ҷиноҳҳоро шомили низом месозанд. Ин созиш байни ҷинноҳои гуногун на бар асоси як рақобати табиӣ, балки бар мабнои муҳаббат бар Ватан эҳё мешавад. Ҳамин иттиҳод ва созишро дар адабиёти сиёсӣ ваҳдати миллӣ унвон мекунанд. Айнан ҳамин марҳилаи таърихӣ буд, ки ин вожа, яъне падидаи “ваҳдати миллӣ” вориди гуфтумони сиёсии мо тоҷикистониён ҳам шуд. Пеш аз он, ҷиноҳҳои мухталиф дар баробари ҳам меҷангиданд ва дидгоҳҳои ҳамдигарро ба ҳеч ваҷҳ қабул надоштанд. Аммо баробари эҳсос кардани хатари парокандагии давлат, ба ҳайси волотарин шиносномаи як миллат ва ҳамчунин, баробари эҳсосу дарк кардани он ки мағлубияти комили як тараф имконнопазир аст, гирди ҳам нишаста низоми сиёсиро бар мабнои хостаҳои аксарияти ҷиноҳҳо таҳрезӣ намуда, ваҳдати миллиро бунёдгузорӣ кардан хостанд.

Дар он замон аксари нухбагони фарҳангӣ ва сиёсӣ аз ҳар ду ҷониб, бар ин қарор расиданд, ки Тоҷикистон бояд як низоми секулор (дунявӣ) ва демократик дошта бошад то ҳамаи гуруҳҳо ва аҳзоби мухталиф бар асоси як рақобати солим бо ҳам зӯрозмоӣ дошта бошанд ва тавозуну ваҳдат дар ҷомеа ҳифз шавад. Аммо ҳоли ҳозир, чӣ тавре ки шумо дар боло ишора кардед вазъият комилан паҳлӯи дигар гаштааст. Имрӯз бо назардошти вазъияти ногувори ҷаҳонӣ, бисёре аз мансабдорони феълӣ ҳузур ва фаъолияти бархе аз мухолифинро (чӣ динӣ ва дунявӣ) дар ростои манофеъ ва ваҳдати миллӣ намебинанд. Аз хатароти берунӣ, дастдарозии дигарон дар умури кишвар ва аз осебпазирии амнияти миллӣ ҳарф мезананд. Аз ин хотир аст, ки маҳдудиятҳоро дар баробари дигарандешон раво дониста ва ҳатто бархеҳоро аз саҳна комилан берун карданд.

Инҷо ҳоло суол пайдо мешавад, ки оё рафтани ин гуруҳ, ки қисман як тарафи сулҳ шинохта мешуд, метавонад ваҳдатро дар кулл зери суол барад ва ё хайр? Ба андешаи банда, берун рафтани як гуруҳи сиёсии мазҳабӣ, агарчи ваҳдатро ба куллӣ зери суол набарад ҳам, онро халалдор ва осебпазир хоҳад кард. Ҳамин, ки имрӯз як гуфтумони ҷадид дар ин маврид оғоз шуда ва тарафҳо дубора ин мавзӯъро доғ кардаанд, нишонгари он аст, ки ваҳдати ин миллат осебпазир шудааст. Ғайр аз ин, бояд гуфт ки мушкил на фақат байни як гуруҳ ва ҳизб бо ҳукумат вуҷуд дорад, балки ҳисси нобоварӣ байни ҳукумат ва ниҳодҳои дигари ҷомеа ҳам ба назар мерасад. Имрӯз робитаи ҳукумат бо баъзе аз ниҳодҳои дигари ҷомеаи шаҳрвандӣ, рӯзноманигорони мустақил, равшанфикрони мухолиф ҳам осеби ҷиддӣ дидааст. Аз ин ҷост, ки баъзе аз рузноманигорони тоҷик ин марҳилаи кунуниро марҳилаи буҳронӣ дар робитаи худ бо ҳукумат унвон мекунанд.

Озодагон: Гуруҳҳое, ки аз худ ҳамчун тарафи сулҳ ном мебаранд ва ҳоло дар ҳошия қарор доранд, масъалаи осебпазирии ваҳдатро пеш меоранд. Шумо ҳам чунин эҳтимолро мебинед?

Аҷам Калонов:
Агар суол ин бошад, ки оё ин вазъияти феълӣ ва канор задани гуруҳи хосе аз мухолифин ваҳдати миллиро халалдор ва осебапазир мекунад ё на? - ҷавоб албата бале мебошад. Тавре дар боло ишора шуд, ваҳдати миллӣ ба хотири шомил кардани ҳамаи гуруҳҳо ва ҷиноҳҳо (албата танҳо гуруҳҳое, ки дар доираи қонун фаъолиятро пазируфта бошанд) ба раванди сиёсӣ ва ба аҳдофи муштарак равона кардани онҳо, бунёд шуда буд. Ҳоло ки як гуруҳ аз саҳна бурун рафт, агарчи ба танҳоӣ як тарафи сулҳ набошад ҳам, ваҳдати миллиро хоҳу нохоҳ осебпазир месозад. Чун замоне ки як гуруҳ ва аниқтараш ҳизби идеоложики мазҳабӣ аз саҳнаи сиёсии кишвар канор зада мешавад, хоҳу нохоҳ ба фаъолиятҳои пинҳонӣ рӯ меоварад, ваҳдату сулҳ дар натиҷа осебпазир мегардад. Махсусан, дар ҳамин шароите, ки мо ва ҷаҳон қарор дорем, зеризаминӣ кардани гуруҳҳои мазҳабӣ бар манфиати амнияту ваҳдат нахоҳад буд. Агарчи имрӯз ин гуруҳи сиёсӣ-мазҳабӣ ба ҷиноят айбдор мешавад, боз ҳам ба таври мутлақ аз саҳнаи сиёсӣ берун кардани ин ниҳод, ба манфиати амнияти миллӣ ва низоми дунявӣ дар кулл нест. Яъне агар воқеан доираҳои хосе дар ин байн, ба ҷиноят даст зада бошанд, бояд кушоду равшан собит шаванд ва ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Аммо ин ниҳоди сиёсиро ҳадди ақал ба хотири шафофияти беҳтар нигаҳ медоштанд. Масалан, шахсан банда ҷонибдори идеологияи исломи сиёсӣ ба ҳеҷ ваҷҳ нестам, аммо аз он ки ин гуруҳҳо зеризаминӣ мешаванд, беҳтар мебуд то дар доираи низом ва чорчуби қонун амал карда, бо назардошти заруратҳои дунёи имрӯз ва хостаҳои тамоми ақшори ҷомеа андешаҳои худро муътадилтару муосиртар месохтанд. Яъне агар онҳо дида шаванд беҳтар аст, аз он ки дида намешаванд. Чун дар ин шароити ҳассос тарафдорон ва ҳаводорони онҳо метавонанд, ба осонӣ вориди гуруҳҳои ифротӣ ва хушунатталаб гарданд. Дар ҳоли ҳозир шумораи тоҷикон дар сафи ДОИШ ва гуруҳҳои дигар дар Сурияву Ироқ ва Афғонистон бе ин ҳам нигаронкунанда аст.

Имрӯз тақрибан аксари донишмандоне, ки дар риштаи исломи сиёсӣ ҳарфи аввалро мезананд, ба ҳамин натиҷа расидаанд, ки дар дохили низом ва дар доираи қонун амал кардани ҳизбҳои мазҳабӣ бар манфиати амният ва низомҳои демократӣ ҳаст. Бар андешаи ин гуруҳи соҳибназарон, ҳар қадар ҳизбҳо ва ҷунбишҳои мазҳабӣ бештар дар раванди сиёсӣ ворид шуда, дар баробари ниҳодҳои дигари миллӣ масъулиятпазир бошанд, ҳамон қадар онҳо аз андешаҳои инқилобӣ дуртар шуда, дидгоҳҳояшон муътадилтар мешаванд. Фарзияи баръаксаш ҳамин аст, ки агар ин гуруҳҳо аз саҳна берун шаванд, хашинтар, ифротитар ва хатарноктар хоҳанд шуд. Таҷрибаи худи Тоҷикистон дар гузашта ва инчунин кишварҳои дигари мусалмоннишин аз қабили Миср, Алҷазоир ва ғайра инро ба хубӣ собит кардааст. Ҳатто соҳибназароне чун Басам Тиббӣ (донишманди олмонии арабтабор), ки комилан ба исломи сиёсӣ мухолиф ҳастанд, дар дохили низом амал кардани аҳзоби динмеҳварро бештар ба манфиати кор медонанд, агар чи пешниҳод мекунанд, ки аҳзоби мазҳабӣ бояд ҳамеша зери назорат бошанд, ки қудрати мутлақ дасташон науфтад. Далелҳои дар боло овардашуда асосан дар доираи назарияи муътадилӣ (Theory of moderation) пешниҳод шуданд. Назарияе, ки натиҷаҳои мазкурро дар қарни гузашта бар мабнои фаъолияту таҳаввулоти ҳизбҳои коммунистӣ ва демократ-масеҳӣ гирифта буданд. Ҳоло бархе аз муҳаққиқон ҷунбишҳо ва аҳзоби исломиро низ бар асоси ин назария меомӯзанд.

СУЛҲИ ТОҶИКОН ЯК ТАҶРИБАИ НОДИР ВА ОМӮЗАНДА АСТ

Озодагон: Ин гуфтаҳо ҳам гоҳо матраҳ мешаванд, ки сулҳи тоҷикон муваффақтарин намунаи сулҳофаринӣ аст ва кишварҳои ҷаҳон аз он истифода мебаранд. Дар адабиётҳои сиёсӣ аз сулҳи тоҷикон чӣ мегӯянд? Оё он воқеан чунин як сулҳи идеол аст, ки метавон мавриди истифодаи кишварҳои дигар гардад?

Аҷам Калонов:
Бо назардошти ихтилофҳои тӯлонӣ ва оштинопазири гуруҳҳои мазҳабӣ бо ҳукуматҳои дунявӣ дар кишварҳои мусалмонӣ, месазад сулҳиАҷам Калонов: Зеризаминӣ кардани гуруҳҳои мазҳабӣ ба манфиати амнияту ваҳдат нахоҳад буд тоҷиконро намунаи хуб арзёбӣ кард. Дуқутбӣ будани аксари кишварҳои мусалмонӣ аз ин ҷиҳат ба ҳама маълум аст. Бархӯрд ва мухолифатҳои ҷиддӣ миёни гуруҳҳои мазхабӣ ва дунявӣ дар кишварҳои мисли Алҷазоир, Тунис, Миср ва ҳатто Туркияро дар се ва ё чаҳор даҳҳаи охир мешавад ба ёд овард. Афғонистони ҳамсоя ҳам як намунаи бисёр боризи он аст. Ҷанги гуруҳҳои сиёсии мазҳабӣ бо режими дунявии чапгаро дар онҷо оғоз шуд ва ҳоло вазъият ба ҳама маълум аст. Аз ин ҷиҳат, бешак метавон гуфт, ки сулҳи тоҷикон як таҷрибаи нодир ва омӯзанда аст. Аммо раванди сулҳсозӣ дар илми моҷарошиносӣ аз чандин марҳила иборат аст. Сулҳ якшаба ба даст наомада ва якшаба сохтаву таҳким намеёбад. Аз ин хотир марҳилаҳое чун peacemaking, peace-building ва peacekeeping, (сулҳсозӣ ва ҳифзи сулҳ) ҳастанд, ки дар раванди сулҳсозӣ аз онҳо ёд мешавад. Ба андешаи банда, нухбагони фарҳангиву сиёсӣ ва роҳбарияти ҷумҳурӣ дар якҷоягӣ барои таҳким ва пойдории сулҳ дар даҳсолаи аввали баъди ҷанг корҳои зиёдеро ба хубӣ анҷом доданд. Марҳилаи аввал, ки овардани ҷонибҳо бар сари миз ва имзои созишномаи сулҳ аз ҳар ду ҷониб буд, ба хубӣ анҷом шуд. Бозигарон ва неруҳои таъсиргузор, қумандонҳо, шахсиятҳои ҷангхоҳ ва ифротиро аз ҳар ду ҷониб ба ин нуқта расондан кори осон набуд. Барои мисол Афғонистони ҳамсоя бештар аз як даҳсола аст, ки ба хотири манофеи Ҳинду Покистон дар оташ месӯзад, вале наметавонад Покистонро ба сулҳ дар ин кишвар ташвиқ кунад. Марҳилаи дуввум, ҳам ки аз идғом ва воридкунии размандагони мухолифин дар ниҳодҳои давлатдорӣ, таҳкими волояти қонун, шарик сохтани мухолифин дар қудрат ва ғайра иборат буд, ҳам ба хубӣ ва бо муваффақият анҷом шуд. Дар ин марҳила ва дар марҳилаи аввал роҳбарият ва нухбагон аз ҳарду ҷониб ба хотири аҳдофи калони миллӣ гузаштҳо ва талошҳои ҷиддӣ анҷом додаанд. Фаъолият ва кушиши нухбагон ва сиёсатмардони ҳарду ҷонибро дар Комиссияи Оштии миллӣ барои таҳкими марҳилаи дуввуми сулҳсозӣ фаромӯш набояд кард. Аз овардани гурезаҳҳо ва ҷо ба ҷо кардани онҳо оғоз карда, то шарик сохтани ҳамагон дар қудрат ва ғайра. Қадамҳои баъдии марҳилаи дуввум, низ ки ба рушди ниҳодҳои демократӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ рабт дошт, ба таври чашмрас анҷом шуд. Аҳзоби сиёсӣ дубора барқарор шуданд, волояти қонун таҳким бахшида шуд ва заминаҳои ибтидоӣ барои озодии баён ва рушди васоити ахбори мустақили миллӣ то андозае ҳам бошад, бунёд гузошта шуд. Яъне то ин ҷойи кор сулҳи тоҷикон бешак омӯзанда буда ва дигарон ҳам метавонанд аз он биомӯзанд. Аммо тавре мушоҳида кардем дар солҳои охир ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва озодии баён ҳамчун бахши таҳкимбахши сулҳу ваҳдати пойдор осеб дидаанд.

Гузашта аз ин дар мавриди овардани сулҳ низ чанд суханро мехоҳам иброз дошта бошам. Пеш аз ҳама инро бояд гуфт, ки дар овардани сулҳ, ҳамаи қишрҳои ҷомеа аз равшанфикрон, ҷомеаи шаҳрвандӣ сар карда, то ҷонибҳои ҷанг, ҳамагӣ саҳм доштанд. Ғайр аз ин нақши СММ ва дигар кишварҳои нозир, инчунин шахсиятҳои алоҳидаи сатҳи ҷаҳониву минтақавиро намешавад ба ҳеч ваҷҳ нодида гирифт. Вазъияти ҳамонрӯзаи минтақа низ ба сулҳсозии тоҷикон мусоидат кард. Ба ибораи дигар як бадбахтӣ дар он сӯйи Амударё, яъне бурузи Толибон ба хушбахтӣ дар ин тарафи Амударё мунҷар шуд. Агар буруз ва қудрат гирифтани Толибон ба нақш ва вазъи тоҷикон дар он тарафи Амударё таъсири манфӣ гузошта бошад, дар ин тарафи руд ба хушҳолии мардум мусоидат кард. Зуҳуру қудрат гирифтани Толибон, кишварҳо ва неруҳои таъсиргузорро дар минтақа ба ҳам наздик кард ва дар натиҷа онҳо сулҳ дар Тоҷикистонро ба манфиати худ донистанд ва барои расидан ба он аз фишорҳои лозима истифода карданд.

ЯК ШАХСИЯТ БА ТАНҲОӢ НАМЕТАВОНАД ВАҲДАТИ ПОЙДОРРО ТАЪМИН НАМОЯД

Озодагон: Ин зеҳният бештар миёни тӯдаҳо ва гаҳ-гоҳе аз забони курсинишинони баланд ҳам сар мезанад, ки нухбагони сиёсии феълӣ кафили ваҳдатанд ва ба назари онҳо танҳо ҳамин қишр ҳастии ваҳдатро таъмин мекунад. Фикр намекунед, ки ҳамин наҳваи бардошт аз сулҳ худ ноустувории онро барҷаста мекунад?

Аҷам Калонов:
Дуруст аст, воқеан чунон ба назар мерасад, ки дар ҳоли ҳозир як фаҳму тафсири бисёр маҳдуд ва истибдодмеҳвар аз ваҳдати миллӣ дар байни бархе аз нухбагони сиёсии феълӣ шакл гирифта истодааст. Фаҳме ки дар гузашта дар долонҳои ҳукумат ба андозаи имрӯз фарогир набуд. Гӯйӣ нухбагони феълӣ ваҳдати миллиро имрӯз ингуна мефаҳманд, ки бояд ҳама дар ҷомеа мисли онҳо фикр кунанд. Дар сурати ғайр, ҳар андешаи дигар хилофи ваҳдат, манофеъи миллӣ ва билохира амнияти миллӣ тафсир хоҳад шуд. Шиорҳое ба мисли “ҳизбҳои сиёсӣ чӣ дар кор”, “атрофи ҳукумату раҳбар бояд муттаҳид шуд” ва ғайра аз ҷониби мардум ҳам як навъ усулест, ки ба ҳамин фаҳми ваҳдати миллӣ машруъият мебахшад. Аммо як нуқтаро бояд гуфт, ки ин тарзи тафаккур ба ҷаҳонбинӣ ва таълимоти демократия, ки мо қарор аст онро дар Тоҷикистон пиёда созем, созгор нест. Мафҳуми ваҳдат дар як ҷомеаи демократӣ фарогир буда, ҳаргиз ба маънои якнавохт андешидану амал кардан нест. Ба қавли як файласуфи ғарбӣ “агар мо ҳама якнавохт фикр кунем, пас ин бар он маъност, ки ҳеч касе аз мо фикр намекунад”. Шиори “ҳар ки бо мо ҳаст дӯсти мо аст ва ҳар ки бо мо нест душмани мост”, дар фарҳанги муосир ва низомҳои мардумсолор чандон корбурд надорад. Чун иттиҳод ва ваҳдат дар ҷомеаҳои демократӣ бар мабнои меъёрҳое чун гуногунӣ, озодӣ, адолат ва ғайра фаҳмида мешавад. Падидаи “ваҳдат дар касрат ва ё гуногунӣ” (unity in diversity) ба ҳамин маъно аст. Истилоҳи демократияи касратгаро (pluralistic democracy) низ ба ҳамин хотир мегӯянд. Яъне неруҳо ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ҳама андешаҳои мухталиф доранд, вале аҳдофи ниҳоияшон, ки сохтани як Тоҷикистони беҳтар аст, ягона аст. Аммо дар ин роҳ як истисно ҳам аст ва он ҳам ин ки дар ин фазои гуногунрангу касратгаро (плюралист) ва озод, ки дар низомҳои демократӣ фароҳам мешавад, барои гуруҳҳои ифротӣ ва хушунатзо ҷойи по ҳаргиз набояд бошад (агарчанде, баъзе аз кишварҳои демократӣ аз қабили Олмон баъзе аҳзоби ифротиро ба хотири назорату шинохти беҳтар ва шаффофияту амният иҷозаи фаъолият медиҳанд). Чун фалсафа ва табиати онҳо ахлоқи плюралистӣ ва фарҳанги касратгароиро ба ҳеч ваҷҳ қабул надошта, хостори як навъ ҷомеаи табъизомези дур аз таммадун ҳастанд. Онҳо бо истифода аз усулҳои муосир (мудерн) тамаддуни муосирро ҳадаф қарор медиҳанд.

Дар ин нуқта, банда нигаронии ҳукумати феълиро дарк мекунам. Мо бояд фаромӯш накунем, ки дарозтарин марзро бо Афғонистоне, ки даҳсолаҳост ба лонаи гуруҳҳои ифротӣ табдил шудаст, дорем. Дар ин маврид таҳдидҳои амниятии мо болотар аз хеле кишварҳои дигар аст. Дар ҳамин маврид як мисол ба ёдам омад. Дар ништасте як марди амрикоӣ аз Оливей Руа, донишманди саршиноси фаронсавӣ суол карда буд, ки “чаро шумо фаронсавиҳо ба Ислому гуруҳои исломӣ ин қадар ҳассосияти хос доред. Мо амрикоиҳо гарчанде ҳаводиси 11 сентябро паси сар карда бошем ҳам, аз шумо дида оромтар ба назар мерасем”. Дар ҷавоб Руа гуфт, “чун мексикоиҳо мусалмон нестанд”. Шояд сиёсатҳои Фаронса дар бисёр маврид дар робита ба дин, шояд ғайри демократик ва ғайри либерол унвон шаванд, аммо боз ҳам ин гуфтаи эшон аз нигоҳи амният то андозае ҷой дорад.

Озодагон: Як назария ҳам дар Тоҷикистон хеле роиҷ аст. Ба ин маънӣ, ки ҳоло бояд мардуми тоҷик барои бақои ваҳдат атрофи Пешвои миллат мутаҳид шаванд. Яъне, инро яке аз роҳҳои пойдор мондани осудагӣ дар кишвар медонанд. Ба назари Шумо ин роҳи дуруст аст?

Аҷам Калонов:
Ба андешаи банда, дар ҳоли ҳозир бояд тамоми ниҳодҳои ҷомеаи мо, равшанфикрон, нухбагони сиёсиву фарҳангӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ бо шумули рӯзноманигорону аҳзоби сиёсӣ дар якҷоягӣ ва бар асоси як гуфтумони солим ва созанда ваҳдат ва суботу амнияти миллиро ҳифз бикунанд. Ваҳдат як фазои солим ва ҳамаро фарогиранда кор дорад. Чун дар ҷаҳони муосир бо ин ҳама вижагиҳо ва печидагиҳое, ки дорад як гуруҳ ва ё як шахсият ба танҳоӣ наметавонад осудагӣ ва ваҳдати пойдорро дар ҷомеа таъмин намояд. Ҳоло замони он расида, ки мо дар бораи гуруҳҳо ва ниҳодҳои қаввии мустақили миллӣ фикр кунем.

Дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва марҳилаи баъдӣ, ки ниҳодҳои миллӣ бояд сохта мешуданд ва миллат аз вартаи нобудӣ халос мешуд, воқеан мо ба як шахсияти харизматик ниёз доштем. Раҳбаре, ки метавонист кишварро аз парокандагӣ ҳифз кунад, ҷиноҳҳо ва гуруҳҳои мухолифро бо ҳам оварда, заминаҳои ташаккули як давлати миллиро омада созад. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайси як раҳбари харизматик ин корҳоро тавонист анҷом диҳад. Агар ҳамон марҳилаи аввали буҳрониро ба ёд биёрем, Тоҷикистон на артиш дошт, на як ҳукумати мутамарказ ва на ниҳодҳои қавии давлатдорӣ. Тақрибан касе ба касе гӯш намедод. Дар ҳамон шароити буҳронӣ ҷамъ шудани қудрати комил дар дасти як раҳбари тавоно ба хотири рафъи мушкилот зарур буд. Аммо ҳоло мо дар марҳилаи дигари таърихӣ қарор дорем. Агар воқеан қарор аст ки мо як низоми мардумсолор бисозем ва бо ҳамин роҳ биравем, бояд ниҳодҳои миллиро қавӣ созем ва фалсафаи касратгароиро дар низоми мардумсолорӣ мухолифи ваҳдати миллӣ напиндорем. Коре, ки бархе аз низомҳои истибдодии арабӣ ба баҳонаи он ки бофтҳои ҷомеаи онҳо бо низоми демократия созгор нест, карда буданд.

ҲОЛО АЗ ШИКАСТИ КОМИЛИ ИСЛОМИ СИЁСӢ ГУФТАН БАРВАҚТ АСТ

Озодагон: Шумо дар заминаи “исломи сиёсӣ” тадқиқот мебаред. Ҳамин истилоҳ то куҷо дуруст аст?

Аҷам Калонов:
Дар мавриди истилоҳ ва падидаи Исломи сиёсӣ баҳсу мубоҳисаҳои зиёд байни ҳам донишмандон ва ҳам гуруҳҳои мухталиф дар гузаштаву имрӯз сурат гирифтааст. Пеш аз ҳама, худи намояндагони исломи сиёсӣ борҳо эътироз карда, ин вожаро нодуруст унвон кардаанд. Чун ба андешаи онҳо Ислом ба ҳайси як дин тамоми паҳлуҳои ҳаёти башарро аз иқтисоду иҷтимоъ сар карда, то сиёсату фарҳанг фаро мегирад. Онҳо таъкид мекунанд, ки сиёсат танҳо як бахши он аст. Бархе аз соҳибназарони ғарбӣ, ки назари манфӣ ба Ислом доранд, чун Бил Вонер, Ҷеймс Вайт ҳам истилоҳи исломи сиёсиро қабул надоранд. Онҳо худи Исломро дар кулл як дини сиёсӣ мешуморанд. Яъне онҳо на танҳо як гуруҳи хурд, балки тамоми мусалмонҳоро дохили ин лоиҳа қарор медиҳанд. Руҳониёни суннатгаро ва махсусан муҳаққиқони равшанфикре, ки Исломро ғайрисиёсӣ тафсир кардан мехоҳанд, ҳам бо ин падида ва истилоҳ мушкил доранд. Онҳо паҳлӯи сиёсӣ ва фиқҳии Исломро камранг нишон дода, ҷанбаҳои маънавӣ ва ахлоқии онро асоси дин унвон мекунанд. Яке аз муҳаққиқоне, ки ин дидгоҳро матраҳ мекунад, Бассам Тиббӣ аст. Тиббӣ китобе дорад бо номи “Исломгароӣ ва Ислом”, ки дар онҷо бар хилофи Вонер талош кардааст, ки Исломро ба ҳайси эътиқод ҷудо аз падидаи исломгароӣ ва ё исломи сиёсӣ нишон бидиҳад. Аммо дар адабиётҳои илмӣ муҳим нест, ки мо ин гуруҳро чӣ меномем. Чун бештари мутахассисони ин ришта ин гуруҳи мусалмононро, ки Исломгаро унвон шуданд, гуруҳе медонанд, ки аҳдофашон сиёсист, тафсирашон аз дин идеоложик аст ва хоҳишашон овардани дин ва арзишҳои динӣ ба низоми давлатдорист. Гузашта аз ин, донишмандон ин гуруҳҳоро ба номҳои мухталиф ёд кардаанд ва танҳо як истилоҳи исломи сиёсӣ истифода нашудааст. Барои мисол дар маҳофили илмии амрикоиҳо истилоҳи “бунёдгароии исломӣ” ҳамчун синоними исломи сиёсӣ бештар ба кор меравад. Вожаҳои исломизм (исломгароӣ) ва исломи сиёсӣ бештар дар фазои академкии фаронсавиҳо маъмул аст ва дар ин ҷо пайдо шудаанд. Ва касони дигаре ҳастанд, ки истилоҳҳои дигарро истифода мекунанд. Аммо ҳамаи ин истилоҳо аз ҷониби муҳақиқони ғарбӣ истифода шудаанд. Яъне исломгароҳо худро чунин номгузорӣ накарданд, балки дигарон ба онҳо ном гузоштанд (ҳарчанд Тариқ Рамазан, муҳақиқи мусалмон дар Урупо ва набераи асосгузори исломи сиёсӣ дар ҷаҳон - Ҳасан ул Банно мегӯяд, ки ин худи исломгароҳҳо буданд, ки дар солҳои 50-уми асри гузашта худро исломгаро унвон карданд).

Озодагон: Пажуҳиши Шумо исломи сиёсӣ дар Тоҷикистон аст ва таҳавуллоти ахир ин мавзӯъро ба мавзӯи рӯз бадал кард. Аз ин рӯ ҷо дорад ба ин баҳс ҳам бипардозем. Фикр намекунед, ки бо рафтани як ҳизби мушаххас, ки исломи сиёсиро дар симои он медиданд, ҳоло танҳо аз шикасти он дар Тоҷикистон метавон суҳбат кард?

Аҷам Калонов:
Бисёриҳо дар бораи шикасти исломи сиёсӣ гуфтанду навиштанд. Барои мисол Оливей Руа як китобе ба ҳамин ном дорад. Аммо чуноне ки мушоҳида мекунем исломи сиёсӣ баръакс дар баъзе кишварҳо маҳбубияти бештар касб мекунад. Баъд аз баҳори араб, интихоботҳо дар Тунису Миср инро собит карданд, ки мардум боз ҳам ба ин гуруҳҳо агарчи як барномаи созанда ва ҷиддӣ барои рушди кишвар надоранд, боз ҳам эътимод мекунанд. Барои ҳамин ҳоло аз шикасти комили исломи сиёсӣ гуфтан барвақт аст. Баръакс, айнан ҳамин гуруҳҳои мазҳабӣ ҳастанд, ки аз вазъиятҳои буҳронӣ хуб истифода мекунанд ва мардумро ба худ ҷалб месозанд. Агар воқеан мо мехоҳем, ки андешаҳои муосири демократӣ ва либеролиро ба хотири заъфи исломи сиёсӣ истифода барем, бояд дар як фазои озод фарҳангсозӣ кунем. Фишор ва маҳдудиятҳогузориҳо дар бисёр маврид таъсири баръакс хоҳад дод.

Озодагон: “Ислом ба ҳизб ниёз надорад”. Шиоре буд, ки тӯли чанд сол дар Тоҷикистон садо медод. Ба ҳайси як муҳаққиқ ба ин чиз мувофиқед?

Аҷам Калонов:
Инро ҳамагон медонанд, ки ҳам суннатгароҳо ва ҳам секулорҳо ё дунявигароҳо дар Тоҷикистон ва дар ҳар ҷойи дигар ин шиорро гиромӣ медоранд, чун ҳизб як ташкилоти сиёсист, ки исломро идеоложик мекунад ва ин бар манфиати ҳеч кадоми онҳо нест. Ба андешаи банда, “ҳизб” ба ҳайси як ташкилоти сиёсӣ ба мисли ҳар падидаи дигари дунёи мудерн як падидаи нав аст. Яъне ҳизб ба мисли арзишҳои дигари ҷаҳони муосир маҳсул ва зодаи таҷаддуд (modernity) ҳастанд. Дар таърихи Ислом ва ё аз таълимоти динӣ ҷустуҷӯ кардани он кори беҳудае беш нест. Айнан ба мисли он ки баъзеҳо талош мекунанд, падидаҳое чун демократияро низ дар Ислом ҷустуҷӯ бикунанд. Ҳеҷ яке аз ин падидаҳо реша дар таълимотҳои ҳеч дине надоранд. Аммо чаро исломи сиёсӣ ва ё исломгароҳо ҳизб дар Исломро зарур мешуморанд, як чизи табиӣ аст. Чун ба қавли Оливиер Руа худи исломи сиёсӣ ин як падидаи асримиёнагӣ ва ё ба маънои баргашти таърих нест, балки он худаш маҳсули дунёи муосир ва ё таҷаддуд (product of modernity) аст. Яъне исломи сиёсӣ ба ҳайси як идеология, зода ва фарзанди ҳамин замон аст. Аз ин хотир, истилоҳҳое, ки намояндагон ва бунёдгузорони исломи сиёсӣ истифода карданд, ба мисли “инқилоб”, “ҳизб”, “ҳокимият” ва ғайра аксарашон зодаи дунёи имрӯзанд ва робитае ба гузашта надоранд. Онҳо танҳо талош карданд, ки ин истилоҳотро аз таълимоти динӣ пайдо кунанд.

Озодагон: Дар арсаи ҷаҳонӣ ҳам агар назар кунем мебинем, ки бештари ҳаракатҳои сиёсии динӣ, яъне ҳамон исломи сиёсӣ ба монанди “Ихвон ал-Муслимин”, “Ҳамос”, “Ҳизбуллоҳ” ва дигар ҷанҷолофарин ва номуваффақанд. Номуваффақ ба ин маънӣ, ки дар сари ҳокимият нестанд. Чаро?

Аҷам Калонов:
Дар мавриди ҷанҷолофарин ва ё хушунатзо будани ҳаракатҳои динӣ албата андешаҳо мухталифанд. Албата ҷараёнҳое ба мисли “Ҳамос”, “Ҳизбуллоҳ”, “Толибон” ва ҳаракатҳои мазҳабии фаромиллӣ чун ДОИШ ва ҳазорҳои дигар дар адабиётҳои илмӣ хашин ва ифротӣ унвон мешаванд, аммо аксари аҳзобу ҳаракатҳои мазҳабие, ки дар равандҳои сиёсӣ иштирок карда, хушунатро маҳкум мекунанд, муътадил гуфта мешаванд. Ба онҳо номҳои дигар ҳам гузоштаанд, ки инҷо фурсати баҳси онҳо нест. Яъне гуруҳҳои хашин ва ҷангҷӯ дар муқоиса ба гуруҳои миёнарав дар ақалият қарор доранд. Аммо садо ва амали зишти ин ақалият ҳама ҷо дидаву шунида мешаванд. Ба суоли чаро ин гуруҳҳо хушунатхоҳ ва ҷангҷӯй ҳастанд, ҳам ҷавоби қатъӣ ва муштарак додан душвор аст. Чун ҳар яке аз ин ҷунбишу ҷараёнҳои ифротӣ хосияти хоси худро доро буда, дар батни ҷомеаи худ ва дар контексти хос бо иллатҳои хос буруз кардаанд. Барои мисол “Ҳамос” дар макон ва контексте буруз кард, ки ҳамеша хушунат, ғасб ва ноадолатӣ ҳукумфармо будаст. Ин зодаи ҳамон шароит ҳаст. Агар Фаластин аз ҷониби исроилиҳо ғасб намешуд, агар Фаластиниҳо бо ин таҷриба рӯ ба рӯ намешуданд, мо шояд “Ҳамос”-и муътадилтар ва сулҳхоҳтар медоштем. Бисёре аз донишмандон дар муқобили он дидгоҳ, ки худи Ислом зотан хушунатзост, таъкид бар ин мекунанд, ки агар Фаластиниҳо мусалмон ҳам намебуданд, боз ҳам чунин вокунишро шоҳид мешудем. Ғайр аз ин, ба ҳамин монанд таҳлиле дар мавриди Саид Қутб вуҷуд дорад, ки мегӯяд, агар Саид Қутбро зиндонӣ ва шиканҷа намекарданд, шояд чунин тафсири ифротӣ ва хашин аз таълимоти динӣ намекард. Ҳамин тавр ҳар як кадоми ин гуруҳҳоро дар алоҳидагӣ мешавад, таҳлил кард. Аммо ин ба он маъно нест, ки ин гуруҳҳо зотан таълимоти ифротӣ надошта бошанд. Дар масъалаи муваффақ будан ва набудани ин гуруҳҳо низ вобаста ба кишварҳо аз Индонезӣ то Алҷазоиру Марокко хулосаҳои гуногун мешавад, баровард. Номуваффақ будани онҳоро низ аз ҳар зовия мешавад дид. Барои мисол дар ростои расидан ба қудрат ва ё наздик шудан ба арзишҳои демократӣ ва муътадил шудан. Масалан, банда муваффақ будан ва набудани онҳоро дар робита ба арзишҳои демократӣ мебинам.
Мӯҳр
Вахдатхуча.
Безор шудем аз хамин фалсафахову нависонависихо дар боби вахдати милли.Гуе дар як Точикистони кучак 100-миллату кавмият,будпарасту масехиву яхудиени ашкнозиву ортодоксалии иврити ва католикхо зиндаги мекарда бошанд.Россияро бинед,зиеда 150- миллату намояндагони динхои гуногунро дар бар мегирад,танхо як рузи иди ягонагиву хамраьйи дорад.Онхо хоксорона хамин рузро кайд мекунанд.Барои мо чи лозим хамин ид?Дар Казокистоне,ки бисер хам миллатхои гуногун зиндаги мекунанд,хамин хел руз нест.Дар Узбекистону Киргизистону Туркманистон нест.Дар Арманистону Гурчистону Озарбойчон ин хел руз нест.Чи маьни дорад охир ин иди вахдати милли барои мо точикон.Ахолии Точикистон хамаги 8-миллион аст.76-фоизашро танхо точикон ташкил медиханд.О чи лозим хар сол кайд кардани хамин ид?Вахдати милли аз кихо худро чудо созем?Аз узбекхову дакайхои хамсояву хамкучаву нону намакхур?98-фоизи Точикистон мусулмон аст,ое хамин дини исломии суннатии мо моро муттахид карда наметавонад?Гуш меунеду хонед хамватанони азиз,ман хам точикаму Точикистонро дуст медорам.Ман хам ободиву осудагии мардуми Точикистонро орузу дорам.Чи лозим охир боз як иди дигарро тахти сафархову тараддудхо ва тантанаву раксу бозиву суруду мусикихо кайд кардан?Чунин бармеояд,ки мо танхо як руз вохидему ягона,дигар рузхо не?

Бо бародар Вахдатхуча хамфикрам ...
Дар хакикат мардум аз чунин маъракахо монда шуданд ,лек чи илоч бо хотири наранчидани раисон хатто нони хурданхам надошта бошанд бояд дастгири кунанд.
Бо чунин иктисодиёту факру фассодхо ва кариб набудани буча ,аввал бояд харгуна ананаву маъракахои ,ки аз тарафи макомотдорон тавсия дода мешаваду бо харочотхои зиёде кайд карда мешавад манъ кардан зарур аст.
Бо чунин мастигарихо хеч вакт мо бо суи пеш рафта наметаввонем ,дина руз дар вакти бозгаштан аз Помир ронандаро раисон дар вакти мастияшон чунин лату куб карданд,ки дар Карияи боло бистари шудааст. Дар мохи шарифи рамазон хамин дуруст аст ?
Ин идхо танхо бо манфиати як гурухест наики бо манфиати мардуми одди...........

Маколаи чолиб то ба охир хондам,аммо як нукта маро каме норохат сохт ки ин хаммихани мо саволхоро чунон посух мегуяд ки худ мусалмон нест ва арзишхои ислом барояш хеч ахамияте надорад, ин аз он чи ман хондам бароям равшан шуд шояд хато кунам, ба хар хол мо хакки хукм карданро надорем шояд чунин бошаду шояд акс,алмухим мувафакият да касбатон.

nabi farhor
Вахдатхуча Офарин ба шумо. Солхои охир мебинем,рузхои ид зиёд гаштаан.Мисли иди харбуза,иди парчам ва дигарон.Хозир давлати мо дар бухрони иктисоди аст,бигзор ин кадар маблагро барои сохтани фабрикаю корхонахо сарф кунанд.Мо факат худнамои дорем.

Зик нашавед бародарон, иди Вахдатбо харочоти на он кадар бузург даргузашт.Дар пеш 25-солаги, УРРРРА, УРРРРРРА, УРРРРРРРРРРРРА!

Карим
Анвар,
Ислом ба ту ниезе надорад
Ин чо сухбат дар бораи дигар буд - чаро ислом мегуйи???

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)