Русский  >>  فارسی  >>  Панҷшанбе 8 декабр 2016, 03:11

Шералӣ Хайруллоев аз вазъи литсеи ҳарбӣ ва таълимгирандагони он қаноатманд аст

17 ноябр 2011, 07:14

Дар литсеи ҳарбии вазорати мудофиаи кишвар як толори варзишӣ баъди пурра ба анҷом расонидани корҳои сохтмонӣ мавриди истифодаи ҳайати шахсӣ қарор дода шуд.


Тавре аз давфтари матбуоти вазоратхонаи мазкур  ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ доданд, бунёди толори варзишӣ асосан тибқи нақшаи тасдиқгардидаи корҳои сохтмонӣ дар вазорати мудофиа доир ба рушду нумӯъ ва тақвияти соҳаи варзиш дар мамлакат манша гирифта, дар як муддати кӯтоҳ сохта шудааст.Дар маросими ифтитоҳ ё худ ба истифода додани толори мазкур вазири мудофиаи ҷумҳурӣ Шералӣ Хайруллоев ширкат намуда, баъди шиносоӣ аз шароитҳои фароҳамгардидаи варзишгоҳ изҳори қаноатмандӣ намуд.

Манбаъ афзуд, ки толори мазкур бо нуқтаҳои гуногуни варзишӣ тавре сохта шудааст, ки дар як вақт гузаронидани чанд намуди машғулияту мусобиқаҳои варзишӣ имконпазир мебошад.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!