Бахшҳо

Э.Раҳмон «Салини Импреҷило»-ро шарики умедбахш дар бунёди “Роғун” хонд (АКС)

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон имрӯз, 1-уми июл дар Қасри миллат Пиетро Салинӣ, раиси ширкати “Салини Импреҷило” –ро, ки ба бунёди “Роғун” машғул хоҳад шуд, ба ҳузур пазируфт.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон зимни мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Салинӣ қайд гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои Бонки ҷаҳонӣ сохтмони нерӯгоҳи “Роғун” аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ карда шудааст: “Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО Роғун арзёбӣ гардид”.

Ҷонибҳо изҳори боварӣ намудаанд, ки фаъолияти ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.

Маврид ба зикр аст, ки имрӯз миёни Тоҷикистон ва «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,9 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид.


Э.Раҳмон «Салини Импреҷило»-ро шарики умедбахш дар бунёди “Роғун” хонд (АКС)

Э.Раҳмон «Салини Импреҷило»-ро шарики умедбахш дар бунёди “Роғун” хонд (АКС)

Э.Раҳмон «Салини Импреҷило»-ро шарики умедбахш дар бунёди “Роғун” хонд (АКС)
Мӯҳр
дустори Ватан
Худо хоҳад Ватани азизи мо Тоҷикистон барои пешравии иқтисодиёт тамоми кушишу ғайраташро сарф намуда истодааст. Бо ризогии Худо дар рузҳои наздик мо ҳам аз буҳрони иқтисодӣ хоҳем баромад. Ин ниятҳои нек барои мардуми ихроҷшуда аз РФ ки дар Тоҷикистон бекор хобанд, акнун 1000-ҳо ҷойи корӣ пайдо мегардад. Муборак бошад мардуми сарбаланди тоҷик ва муваффақият ба ҳама намояндагон. Мо низ тарафдори онем ки тезтар НОБ -и Роғун ба итмом расад, мардуми тоҷик Ватани худ Тоҷикистонро ободу гулгулшукуфон кунад.

дустори Ватан
Худо хоҳад Ватани азизи мо Тоҷикистон барои пешравии иқтисодиёт тамоми кушишу ғайраташро сарф намуда истодааст. Бо ризогии Худо дар рузҳои наздик мо ҳам аз буҳрони иқтисодӣ хоҳем баромад. Ин ниятҳои нек барои мардуми ихроҷшуда аз РФ ки дар Тоҷикистон бекор хобанд, акнун 1000-ҳо ҷойи корӣ пайдо мегардад. Муборак бошад мардуми сарбаланди тоҷик ва муваффақият ба ҳама намояндагон. Мо низ тарафдори онем ки тезтар НОБ -и Роғун ба итмом расад, мардуми тоҷик Ватани худ Тоҷикистонро ободу гулгулшукуфон кунад

Алло чазои Хайр дихад ба икдомгарони хамин лоиха . Хар касе як хасро аз рохи мусулмонеон гирад бехтарин савоб аст. Холо биизниллах ин ГЭС хазорхо мусулмонро мехуронад иншааъаллах. ХУдо баракату имону тавфик дихад ба ШУмо.

Бародархои гурухи 24 мучохидои Сурия Нахзатихо герчико воры в законе и другие слои общества Валлохи хамакаса агар барои сохтани хамин неругох сахми худро гузорем ин дунё он дунёхамонро хубтар хохем кард иншааллох ягон зарар ба ягон кас нест. Хазорхо модарони мусулмон ба хама дуо медиханд. Факат душмани точикиистониён метавонанд дар ин накша ягон нуксоне дарёбанд.

НОБ Рогун ин ифтихор ва ободии Точикистон аст. Мо бояд хама дасгири ин ширкати итолиёви бошем ки онхо дасгири мо шуданд.

ассаламу алайкум бародаро. Хай агар дар сиёсатам камбуди бошад дар диндорихам камбуди бошад Лекин хамин кор яъне сохтани рогун ба фоидаи хамаамон аст . Аллох баракат дихад ба мардуми мусулмон. Рамазон муборак шавад Иди саид муборак шавад.

ассаламу алайкум бародаро . Бале. дар хар як чой сухани харо гуфтан лозим хаст харчанд мо бар зиди хамин режим бошем харчанд бар зиди хамин сиёсат бошем хам бояд гуфт ки хамин ГЭС бар ягон кас заррар надорад бигузор мусимхое ки дар он чо кор мекунанд Аллох чазои хайр дихад ба онхо

Бисёр кори нек аст. Агар НБО Рогун ба зуди аз тарафи ширкати Итолиёвии Салини импречило сохта ба истифода дода шавад Чумхурии Точикистонро ба як кишвари содиркунандаи кувваи барк табдил медихад. Дигар дар хонаи ягон точикистони хомушии баркро намебинем. Заводу фабрикахо сохта мешаванд ва барои мардум чои кори мухайё мешавад. Дигар сатхи камбизоати паст шуда, мухочират низ кохиш меёбад. Ин хамааш самараи Истиклолият ва Вахдат аст.

Шоир -Темурмалик
Сарбаланду сарфароз бошед халки точик...... Худо хохад ватани азизамон обод шуда истодааст,. ин як икдоми бузур аст дар хамаи равандхои пешбурди зиндагии ма рдуми точик ваТочикистониён.... сарбаланду сарфароз бошед фарзандони бо ору номуси Ватан

Мешудаст ку....ахсан ахсан ин як ифтихори бузург ва шодимонист барои хар як шахрванди Точикистон, мо тарафдор ва ифтихормандем ки хукумат ва кишварамон руз ба руз мархила ба мархила максадхои аслии худро амали гардонида истодааст.дустори Ватан,

Ормони миллӣ
Президент гуфта буд: Роғун ормони миллӣ, ҳастии миллат, ҳаёту мамоти миллат аст. Мо б а хориҷиҳо намедиҳем, мо ин тарҳи миллиро худамон месозем.
Боз чӣ шуд ки ҳаёту мамоти миллатро ба дасти хоиҷиҳо дод?

Ватани азизамон барои баланд бурдани сатхи зиндагии мардум бо ёрии Италия Рогунро месозад..Ва мо хам тарафдори он мебошем, ки Ватани мо обод шавад

Мо хам низ барои сохтани Рогун бояд сахми худро гузорем ва Пешвои Миллатро дасгири намоем

Ватандор,
Хама коршиносу насихатгар шидай!!! Рав патпат накын.

Мо ифтихор аз он мекунем, ки давлати Италия барои сохтани Рогун моро дасгири кард ва мо боварии комил дорем, ки Точикистон ба як Давлати пешрафта табдил меёбаж

Чумхурии Точикистон бо кадом рохе, ки набошад бояд НБО Рогунро созад. Сохтмони неругохи мазкур барои мардуми точик такони чиди бар таракиёт ва пешрафти чомеъа мебахшад. Кишвархои минтака хама дорои бойгарихои нафти ва гази мебошанд ЧТ бошад дорои захирахои оби аст аз ин лихоз мо бояд Рогунро хох бо кумаки беруна ва хох бо дастони худ харчи зуддар созем.

Пешвои миллат тамоми сайъу кушиши худро ба харч дода истодааст, к ибо кадом роху воситае набошад Рогунро ба истифода дихем. Мо бо Шумоем Пешвои МИЛЛАТ.

Ба мо мардуми точик фарке надорад, ки дар сохтмони Рогун, ки ширкат меварзад мухимаш он аст, ки сохтмони иншооти мазкур сари вакт ва бо сифати баланд ба итмом рассад ва боз чанд нафар точикистони сохиби чойи ко рва хонаи обод мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)