Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 11 декабр 2016, 18:56

«Овоза»-ҳо атрофи парвози ҳавопаймоҳои Тоҷикистон асос надоранд

17 ноябр 2011, 09:14

Парвози ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон ба Русия дар реҷаи муқаррарӣ идома доранд.


То ин лаҳза ягон парвоз мавқуф гузошта нашуда ва мушкилӣ низ дар хати парвоз ба вуҷуд наомадааст. Тавре ба хабаргузории «Озодагон» аз хадамоти матбуотии фурудгоҳи байналмилалии Душанбе иттилоъ доданд, овозаву ҳангомаҳои миёни мардум дар бораи он ки ҳавопаймоҳои Тоҷикистонро бо мусофиронашон аз фурудгоҳҳои Русия ба қафо бармегардонанд ва ё қабул намекунанд, ягон асоси воқеӣ надоранд. «Ҳам дар Домодедово ва Внуковои Маскав, ҳам дар Пулкови Санкт-Петербург ва ҳам дар фурудгоҳҳои дигар минтақаҳои Русия тайёраҳои моро мисли қабл пешвоз мегиранд, мушкил нест, қазияи халабонҳои рус ва эълони ҳукми онҳо ба парвоз таъсир нагузоштааст»,-мегӯянд, масъулини ФБД-и Душанбе.

Ҳамзамон, роҳбарияти фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо пахши баёнияи мазкур ба шаҳрвандони Тоҷикистон мерасонад, ки ба овозаҳои беасос бовар накунанд ва ба ҳангомаҳо дода нашаванд.

Маврид ба ёдоварист, рӯзи 7-уми ноябр суди шаҳри Қӯрғонтеппа халабонҳо Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстонияро, ки дар ширкати мавсум ба «Rolkan Investmens Ltd» фаъолият доштанд, барои убури ғайриқонунии марз, қочоқ ва нақзи қоидаҳои байнулмилалии парвоз ба 8,5 соли ҳабс маҳкум кард.Ин қазия вокуниши шадидро дар Русия ба амал оварда, мақомоти ин кишвар ба амалҳои ҷавобӣ гузаштанд. Тибқи иттилоъ, тайи чанд рӯзи ахир фишор болои муҳоҷирони кории тоҷик зиёд шуда, беш аз 60 ҳамватани мо аз қаламрави ФР ихроҷ шудаанд. Коршиносон ин иқдомро чораҳои «симетрӣ ва асиметрӣ»-и Дмитрий Медведев, президенти Русия дар қиболи шарики стратегиаш-Тоҷикистон унвон мекунанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!