Русский  >>  فارسی  >>  Якшанбе 4 декабр 2016, 02:46

Дар деҳаи Чоркӯҳи Исфара идораи КДАМ ба истифода дода шуд

17 ноябр 2011, 10:02

Қоҳир Расулзода, райиси вилояти Суғд ба шаҳри Исфара ҷиҳати шиносоӣ  бо вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳр сафари корӣ намуд


. Тибқи иттилои хабарнигори маҳаллии «Озодагон» нахуст бо ширкати Расулзода дар ҷамоати деҳоти «Чоркӯҳ»  бинои маъмурии шӯъбаи исфарагии Кумитаи давлатии амнияти миллии ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Райис аз иншооти навбунёд, ки аз тарафи сохтмончиёни ширкати сохтмонии «Исфара» бунёд гардидааст, дидан карда, ба маъмурин тӯҳфаҳои хотиравӣ – компютер ва телевизори ранга тақдим дошт ва бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомии ин минтақаи наздимарзӣ сӯҳбати самимӣ намуд.

Қоҳир Расулзода зимни сафари корӣ ҳамчунин аз вазъи бунёди мактаби таҳсилоти ҳамагонии № 56-и ҷамоати деҳоти «Сурх»-и ноҳия шинос гардид, ки мактаб дар як баст барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст. Дар мулоқот бо сохтмончиён аз вазъи пардохти музди меҳнаташон пурсон шуда, оиди бо сифати баланд бунёд намудани бинои мактаб вазифагузорӣ намуд. То ин дам барои сохтмони ин мактаб аз ҳисоби буҷети вилоятӣ бештар аз 750 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо гардидааст. Тибқи супориши райиси вилоят мактаби навбунёд дар арафаи иди байналмилалии «Наврӯзи Аҷам» мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:

Бойгонӣ

«    Декабр 2016    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!