Русский  >>  فارسی  >>  Ҷумъа 24 феврал 2017, 01:51

35 миллион $ -и ИМА барои беморхонаҳои Тоҷикистон

17 ноябр 2011, 10:17

Сафорати ИМА интиқоли лавозимоти тиббиро ба Тоҷикистон ба маблағи зиёда аз 35 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ намуд.


Тибқи иттилои расида, ин бузургтарин ҳамлу нақли алоҳидаи маводи тиббӣ тайи 10 соли ахир аст.   Гуфта мешавад, доруворӣ ба таври ройгон ба бемористон ва муассисаҳои тиббии саросари Тоҷикистон тақсим карда мешавад.

Манбаъ афзуд, ҳамзамон сафири ИМА Кен Гросс дар маросими тақдими лавозимоти тиббӣ ба  касалхонаи бемориҳои сирояткунандаи шаҳри Душанбе ширкат намуд. Кӯмаки мазкур аз доруворӣ ба маблағи миллионҳо доллар барои мубориза бо касалии гепатити С, антибиотикҳо ва инчунин доруворӣ барои касалиҳои онкологӣ, дил ва рӯҳӣ иборат буд.

Маврид ба ёдоварист, лоиҳаи ҲОУП («Имконияти беҳдошт барои мардум дар тамоми  ҷаҳон») дар ҳамкорӣ бо вазорати тандурустӣ, касалхонаҳои ба кӯмаки тиббӣ бештар ниёз доштаро интихоб карда, тақсимоти лавозимотро ҳамоҳанг намуд. Ин ташкилот дар Тоҷикистон аз соли 2002 инҷониб фаъолият дорад ва дар ин давра маводу таҷҳизоти тиббиро ба маблағи умумии 322 миллион доллари амрикоӣ барои ниёзмандон таъмин намудааст.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ-16;

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60;

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!