Русский  >>  فارسی  >>  Душанбе 5 декабр 2016, 15:29

Эрон: Исроил нигарону гирён хоҳад шуд

17 ноябр 2011, 10:33

Масъуд Ҷазоирӣ, муовини фарҳангӣ ва таблиғоти дифоии Ситоди кулли неруҳои мусаллаҳи Ирон бо ишора ба ибрози хушҳолии исроилиҳо аз инфиҷор дар анбори муҳиммоти ҷангии шаҳри Малард, таҳдид кард, ки Исроил мунтазири инфиҷор дар манотиқи мухталифи ин кишвар бошад.

 


Дар инфиҷори рӯзи шанбе дар Малард беш аз 17 тан ҷони худро аз даст дода, муҳиммоти зиёди ҷангӣ талаф шуда буд. Як рӯз пас инфиҷор, ки мақомоти эронӣ онро «як ҳодиса» унвон карда, сабаби онро иштибоҳи фаннӣ дар интиқоли аслиҳа мегӯянд, Вазири мудофиаи Исроил ибрози умедворӣ кард, ки Эрон мунтазири рӯйдоҳои бештаре аз ин даст бошад.

 

Хабаргузории «Меҳр»-и Эрон иттилоъ медиҳад, ки суханони Ҷазоирӣ рӯзи чаҳоршанбе 16-уми ноябр дар ҳамоиши Басиҷ ва сарони расонаҳо садо доданд. Бо ишора ба ин, ки Исроил аз кушта шудани афроди саршиноси эронӣ хушҳол мешавад, изҳор доштааст, ки: аз инфиҷороте, ки дар манотиқи мухталифи Исроил ба гӯш хоҳад расид, ба исроилиҳо мегӯем, ки нигарону гирён бошанд.



Шарҳи худро бинависед:

Ном:*
E-Mail:
Матни шарҳ:

Матолиби ҳамсон:


Дар бораи мо

"Озодагон" нахустин хабаргузории хусусии тоҷикист, ки дар бархе аз кишварҳои Шӯравии пешин ва хориҷ аз он сабти ном шуда, мақоми минтақаиро касб кардааст. Хабаргузорӣ дар ҳоли ҳозир бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ҳуруфи форсӣ хабар нашр мекунад.

Нишонӣ: Душанбе, кӯчаи Мирзо Турсунзода-45; ҳуҷраи 408

Телефон: (+992) 50 20 777 88; (44) 600 10 60; (37) 881 07 09

E-mail: ozodagonweb@gmail.com


Разработка и дизайн сайта: «SmartMedia»

Ҳафтанома

Cаҳифаҳои вижа

Мо дар Фейсбук!