Бахшҳо

Абдулло Давлатов: Тибқи пешгӯиҳо солҳои 2050 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад

Абдулло Давлатов, раҳбари Иттиҳоди тоҷикони Русия ва Анҷумани созмонҳои тоҷикии “Самандар” аз сӯи Ҳизби “Партия Роста” номзад ба вакилӣ дар Думаи Русия пешниҳод шудааст. Ӯ дар як суҳбати ихтисосӣ бо “Озодагон” гуфт, номзадиаш рӯзи 4 июл дар Анҷумани ғайринавбатии ин ҳизб ба вакилии Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Русия дар рӯйхати федеролӣ (умумирусиягӣ) аз шаҳри Маскав пешниҳод шудааст: “Номзадҳо ба вакилии Думаи давлатӣ метавонанд аз минтақаҳои мухталифи Русия интихоб шаванд. Ман ки дар Маскав зиндагӣ мекунам, табиист аз ҳамин шаҳр пешбарӣ шудаам”.

Озодагон: Киҳоро рақибони асосии худ медонед ва то чӣ андоза ба перӯзиатон боварӣ доред?

Абдулло Давлатов:
Чун исми ман дар рӯйхати умумирусиягӣ аст, ҳатмӣ нест, ки худам бо намояндагони алоҳидаи ҳизбҳои дигар муборизаи пешазинтихоботӣ барам. Агар ҳизби “Партия Роста” аз монеъаи 5%, ки қонун пешбинӣ кардааст, гузарад, пас 12 нафар аз ин ҳизб вориди парлумон мешавад. Ман ки дар феҳраст таҳти рақами 18 ҳастам, барои ворид шудан бояд “Партия Роста” зиёда аз 7,5 дарсад овоз бигирад.

Рақибони асосӣ “Ҳизби Воҳид” (“Единая Россия”), ки ҳизби ҳоким ҳисоб мешавад ва ҳизби коммунисту ЛДПР ҳастанд. Гумон мекунам, ин се ҳизб зиёда аз 70 дарсади овозро мегиранд. То куҷо муваффақ мешавем, ҳоло пешгӯӣ кардан душвор аст. Аммо умедворкунанда аст, ки қишри фаъоли ҷомеъа аз ҷумлаи ҷавонон ва соҳибкорон бо мо ҳастанд. Ҳарчӣ набошад, Ҳизби “Партия Роста” ҳизби ҷавон аст ва некбин ҳастем”.

Озодагон: Чӣ Шуморо таҳрик дод, то номзад ба намояндаи мардум дар Дума шавед?

Абдулло Давлатов:
22 июни ҳамин сол ба узвияти Шӯрои миллатҳои назди ҳукумати Маскав ва ба ҳайати комиссия оид ба сиёсати муҳоҷират интихоб шудам. Ин мавзӯъро дар Фейсбук матраҳ кардам. Баъди чанде як ҳамватан тамос гирифту табрик кард. Гуфтам, “ҳамагӣ аъзои як шӯро шудаам. Мири шаҳр нашудаам, ки кирои табрик бошад”. Ӯ гуфт: “Медонӣ, ин шабу рӯз чандин нафар занг задаву изҳори хурсандӣ мекунанд, ки тоҷик ба ҳукумати Маскав наздикӣ пайдо кардааст. Ин умеду хурсандии тоҷиконро накӯшу чунин нагӯ! Барои мо ифтихор аст”.

Баъди ин ҳарфҳо, суҳбатҳоро дар Фейсбук дар ин мавзӯъ хондаму дар чашмонам ашк пайдо шуд, ки миллати азизам аз як дастоварди ночизи ҳамватанаш ин қадар шод мешавад! Ҳамин воқеъа ва ҳамин суҳбат мутаҳаррик шуд. Фикр мекунам, ки вакил шудан ва ё ношудани ман муҳим нест. Муҳим он аст, ки тоҷикони Русия чорчӯбаи маҳдудияти худро шикананд ва боврӣ пайдо кунанд, ки дар Русия, новобаста аз ҳама камбудиҳои ин кишвар, метавон муваффақ шуд! Ин амали ман паёмест ба ҷавонони тоҷиктабори Русия: Агар мане ки аз як деҳа, аз даруни пахтазор баромадаам, номзадиямро ба Думаи давлатии Федератсияи Русия пешбарӣ мекунанд, пас шумо ки зодаи ин кишвар ҳастеду имконоти бештар доред, ҳатман муваффақу пирӯз мешавед! Қолабҳои тарсу бегонагиро бишканед ва марди амал бошед!

Озодагон: Фикр намекунед, ки торафт зиёд шудани шаҳрвандони Русия аз ҳисоби тоҷикон шонси тоҷиконро дар интихоботҳои оянда барои вуруд ба Думаи давлатӣ ва минтақавӣ зиёд мекунад?

Абдулло Давлатов:
Ҳанӯз чанд сол пеш ба раисони ҷамъиятҳои минтақавӣ мегуфтам ва он замон аллакай шароит муҳайё буд, ки на як номзад пешбарӣ кунем. Ҳатто бо ду ҳизби русиягӣ оид ба манфиатҳои тоҷикон ба ивази овозҳои мо суҳбат карда будам. Аммо афсӯс, ки аксар ё боварӣ надоранд ва ё метарсанд, ки “биё мон” мегуфтанду канораҷуӣ мекарданд. Шояд сабабҳои дигар ҳам бошанд, намедонам. Пештар мехостам, ки ягон тоҷики ҷавонро пешбарӣ кунем. Шукри Худо, ки байни ҷавонони тоҷики муқими Русия арзандаҳо зиёданд! Ҳатто маҳфиле ифтитоҳ кардем, ки ҷавононро ҷалб кунему аз байни онҳо арзандатаринҳоро интихоб кунем. Афсус ки нашуд ва акнун худамро ба вартаи ин масъулият партофтам.

Дар даст як мактуб дорам. Аз номи як ҷамъияти славянӣ. Ду сол пеш омада буд. Бо масъулини онҳо суҳбатҳои телефонӣ кардаам. Онҳо даъво доранд, ки аз рӯи омӯзиш ва таҳқиқоту пешгӯияшон, миёнаи асри 21, аниқтараш солҳои 2050 то 2060 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад. Бори аввал дар ин бора мегӯям. Шояд нагуфтанам беҳтар бошад. Аммо рӯзе мешавад, ки он мактубро расонаӣ мекунам. Хулоса тоҷикон имконоти зеҳниву хираду тавони ирсӣ доранд, ки на танҳо вакили парлумон шаванд!

Озодагон: Ба шаффофияти интихоботҳо дар Русия ва фазои пешазинтихоботӣ чӣ назар доред?

Абдулло Давлатов:
Агар бовар намедоштам, ба ин майдон ворид намешудам. Ҳарчӣ нагӯянд, дар Русия интихобот шаффоф мегузарад. Албатта ин ҳам ҳаст, ки дар марҳилаи пешазинтихоботӣ ҳизби ҳукмрон аз имконоти аъзоёни мансабдораш ғайриқонунӣ истифода мекунад.

Озодагон: Чаро маҳз аз Ҳизби “Партия Роста” номзад шудед?

Абдулло Давлатов:
Ин пешниҳоди нав нест. Дар интихоботи пешина ҳам пешниҳод буд. Имсол ҳам аз тарафи як ҳизби дигар низ ду бор хоҳиш карданд. Аммо маҳз бо пешниҳоди ҳизби “Партия Роста” розӣ шудам. Чаро кӣ бо онҳо баъзе барномаҳои ҷиддӣ дар осон кардани аҳволи муҳоҷирони меҳнатӣ, пешниҳодҳои авфи депортшудаҳо, тайёр кардани ҷойҳои корӣ, сохтани хостелҳо (меҳмонхонаҳои нархи арзон барои муҳоҷирони корӣ), шароит фароҳам овардан барои соҳибкории шаҳрвандони хориҷӣ таҳия кардаем ва онҳоро бояд ин ҳизб амалӣ кунад.

Озодагон: Дар сурати пирӯзӣ кадом масъалаҳоро дар Дума мехоҳед бештар матраҳ кунед?

Абдулло Давлатов:
Дар боло гуфтам, ки ҳизби “Партия Роста” барномаҳои амалишаванда рӯи даст дорад ва барои қонунӣ кардани онҳо талош мекунем. Агар Худо розӣ бошад.

Озодагон: Шаҳрвандии Тоҷикистонро ҳам доред?

Абдулло Давлатов:
Шаҳрванди Русия ҳастам ва ҳама амалкардҳоям дар чорчӯбаи қонунҳои амалкунандаи Федератсияи Русия роҳандозӣ мешаванд.

Озодагон: Пешниҳод шудани номзадии Шумо ба ин маъно нест, ки Ҳизби навтаъсиси “Партия Роста” мехоҳад ба ин васила раъй тоҷикони муқими Русияро ба даст биёрад?

Абдулло Давлатов:
Шояд. Аммо бояд иқрор кард, ки будани тоҷик дар рӯйхат метавонад таъсири манфӣ низ расонад. Чаро ки бо афсус бояд қайд кунем, ки дар ин чанд соли ахир мо миллате бо номи нек матраҳшуда нестем.

Озодагон: Мавзӯи муҳоҷирон ва дигар мушкилоти марбут ба он дар барномаи пешазинтихоботии Шумо ва ҳизби Шумо чӣ ҷойгоҳ дорад?

Абдулло Давлатов:
Мавзӯъи раванди муҳоҷират дар барномаи ҳизбӣ ҳаст, на танҳо дар барномаи пешазинтихоботии банда. Ин масъалаи ҷиддист ва ҳизби “Партия Роста” ҳамчун ҳизби соҳибкорон, аз нуқтаи назари фароҳам овардани шароити хуби корӣ барои корфармоён ва муҳоҷирони меҳнатӣ, ин мавзӯъро баррасӣ мекунад. Ман бо ин шакли кор комилан мувофиқ ҳастам.

Озодагон: Шумо дар навиштаи фейсбукатон гуфтаед, “аз дигар ҳизбҳо ҳам пешниҳодҳо буданд”. Ин ба чӣ маъност?

Абдулло Давлатов:
Аз як ҳизби дигар низ пешниҳод шуда буд, ки ҳамроҳи онҳо ба интихобот равам. Аммо барномаи ҳизби “Партия Роста” бештар амалишаванда аст.

Озодагон: Манзури Шумо аз он пешниҳодҳо чӣ аст ва оё Шумо узвияти Ҳизби “Партия Роста”-ро надоред ва агар мехостед аз ҳар ҳизб вориди муборизаи сиёсӣ мешудед?

Абдулло Давлатов:
Баъди гуфтугуҳои тӯлонӣ ва бо назардошти барномаҳои ҷолиби ҳизби “Партия Роста” банда ду ҳафта мешавад, ки аъзои ин ҳизб шудаам. Бори аввал ҳизбӣ шудам.

Озодагон: Ҳизби “Партия Роста”, ки моҳи марти соли равон таъсис шудааст, чӣ вазне дар ҷомеаи бисёрҳизбии Русия дорад?

Абдулло Давлатов:
Тавре қайд кардед, ҳизби “Партия Роста” навташкил аст ва мисли дигар ҳизбҳо матраҳшуда нест. Аммо чеҳраҳои шинохта, соҳибкорони муваффақ кори худро хоҳанд кард ва боварӣ дорам, ки ба зудӣ муаррифӣ хоҳад шуд! Ҳоло ҳар кӯчаву пасткӯчаи Маскав ҳатман бо нишонаҳои ҳизби “Партия Роста” вомехӯред.

Озодагон: Манбаи маблағи мубориза ва таблиғи пешазинтихоботӣ бар дӯши Шумост ё ҳизб?

Абдулло Давлатов:
Маблағгузорӣ аз хазинаи махсуси пешазинтихоботӣ пардохт мешавад, ки аз ҳисоби хайрхоҳони ҳизб ташкил шудааст. Илова бар ин, ҳар номзад худаш метавонад спонсор пайдо кунаду таблиғоти пешазинтихоботӣ барад. Шукри Худо, ки ман низ аз ҷумлаи тоҷикон ду нафаре дорам, ки дар ин самт ваъдаи кӯмак кардаанд.

Суҳбати Сайф Сафар
Мӯҳр
Тарафдор
Бинед, ки боз шуморо сиех накунанд. Аз дасти инхо хама кор ожидать кардан мумкин. Барори кор ба Шумо. Озодагон ташаккур

Gap nest Janobi Davlatov , mo TOJIKON xush holem az on ki hamvatani mo pesh raviho dorad

Худо кувату гайратата зиеод канал бахудо хурсанд лужам бародари точик пируз шави мо дуьо гу.

Хело хуб зиеди одамн аз дур будани рузноманигорон аз кабули конун ба интихоботи рус ба парламон чунин мавзуи бардуругро бо ердами огои Абдулло пешниходи хонандагон намудаанд. Рузи 12 уми июль рохбари ин хизб Титов дар прессконфкренцияи худ албата хохад кайд намуд ки чунин шахсро мо пешниход хам нанамуда будем Диграш А.Давлатов шахрвнди ду давлт ва хеч гох рохбари хизб ба конуншикани дар арафаи интихобот рох намедихад Худ назар намоед ба руи хат дар сомонаи хизб ва ЦИК РФ кихо иштирок ба вакили хоханд намуд.На ному ва сухане аз тарафи хизб дар сомонае гуфта нашудааст Чаро Озои сабаби пахши ин шуд Боз авлод парати ки зиеди рузноманигорониозди аз водии Гарм мебошанд Ин бародарам зодаи Тавильдара. Ба фикрам боз ин "марди" худро ки дар ххарчое пайдо шавад чун рохбари точикон рохбари чамъияти Самандар др Москов муарифи менамояд хост бори дигар аз фиреб доднани сафорати точикистон дар соли 2007 боз бозиро сар намояд Мархамат назар намоед ин духтур касби сексрпотолог дар сохаи медицина чаро аз касби худ даст мекашад ва дар кучо кабулгхе надорад Мухтарам рузноманигорон бо ердами шумо яъне барои обури шуморо ба пасти бурдан ин шахс бори дигар тамоми мухочиронро ба гумрохи бурд Сеюм ки худи Хакамада ин опозицияи имрузаи давлати русия мебошад чаро ин докторро гуе ба инобат хост дидан ( рускые говорять полная чужь) гуе ин хам дар сафи опозицияи имрузаи Точикистон Мабодо чунин бошад мо бояд табрик намоем Абдулоро дар имруза вакили ягона дар опозиции нави точикистонихо дар беруни Ватан. Садхо авсуски мо худи интелегенции гунахгори хамаи имруза вазнинихо ба сари точик расонидаем аз дигарон набояд нолид Ва ин доктор бояд бахшиш аз халкххи рус бипурсад ва фаромуш накунад ки дар руссия конуни консцтитуционии хаст..

.
Исматулло,

Аз хамон бахилии точикиатон кай мемони махалчи? Чи бояд танхо хамшахрихои шумо сари вазифа бошанд? Дунеро дар кашидед, холо хам кам аст?

Абдулло Давлатов: Тибқи пешгӯиҳо солҳои 2050 мири шаҳри Маскав бояд тоҷик шавад... Мо хурсанду лек холо коре накунед, ки русхои азиз хамин гапа фахману хамон чор точики дигар ки дар Руссияанд хамоноро хам пеш кунанд

ХАМВАТАН
Хамаш нагзу хамин гап (2050-точик-мири-шахри Москва) холо барвакттар буд. Шояд шумо банохост гуфтед, аммо Озодагон онро титри мусохибаи шумо кард. Инро фахмидан мумкин. Барои журналист сентсация аз хама мухми аст ва барои он дустро хам фидо мекунад. Хамин титрро ягон нашрияи бадхохи точикон бинад, хатман дастак карда, дар чанд чо бошнашр мекунад. Он гох русхо мегуянд, дар хакикат ВАХЁЧИРА ДАСТ МЕДОДАИ, АЗ ОРИНЧ МЕКАПИДААСТ. Ба хар хол, ин нишонаи нек аст. Худи хамин пешниход шудан далели эътирофи шоистагихои Абдулло Давлатов аст ва табъан, далели эътирофи точикон. Онхое, ки аз дур истода санг мепартоянд, агар хар кадомашон акаллан дар байни чор нафар обру пайдо кунанд, холи точик дар Руссия хатман бех хохад шуд. Худо ёрат, Абдуллохи азиз!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)