Бахшҳо

Ҳошим Холзода: Ҳимоят аз муҳоҷирон кори ҳамаи мост

Таьсиси Гурӯҳи мусоидат ба вазъи муҳоҷирони тоҷикро метавон  яке аз шоистатарин иқдомҳои солхои охири қишри огоҳ ва ватандӯсти Тоҷикистон  номид.


Ин ҳаракат аз ҳар лиҳоз қобили дастгирист,чун сарнавишти кишвар ва миллати аз бисёр ҷиҳат ба чигунагии раванди муҳоҷират вобаста аст. Некварз Ҳошими Холзода, ҳамватани мо, ки алъон дар ҷумҳурии исломии Эрон ба сар мебарад, зимни ирсоли як нома унвонии хабаргузории «Озодагон» ҳамзамон навиштааст: «Ҳамон тавре,ки ҳамагон огоҳӣ доранд, тоҷикон дар қарни 20 ду бор маҷбур ба муҳоҷират шуданд.Дафьаи аввал, ин раванд нофарҷом ва бидуни дастоварди хосе ва бо оворагӣ, хонабардушӣ, мусибат ва  нобудии садҳо ҳазор нафар ҳамроҳ буд. Аммо муҳочирати дуввум, ки дар соли 1992 оғоз шуд, агарчӣ  сахтихо ва мушкилоти  фаровон  дар бар дошт,дар ниҳоят самараҳои хушоянде барои миллат ба бор овард  ва ҳанӯз ҳам шоҳиди онҳо ҳастем. Имзои созишномаи сулҳ, бозгашти мухолифони пешин ба Ватан ,саҳмгузории қобили таваҷҷӯҳи муҳоҷирин дар иқтисоди кишвар ва рушди ҷаҳонбиниву донишомӯзии ҳазорон тоҷикистонӣ дар хориҷ аз кишвар бахше аз самараҳои муҳоҷират аст. Аз ин рӯ, бемаврид нест, соли 2012  бистумин  солгарди оғози муҳочирати кунунӣ таҷлил шавад»

 

Оқои Холзода мегӯяд, аммо ҳимоят аз ҳамватанони муҳоҷирамон дар Русия аз ҳаётитарин корҳост,ки бояд ба як азми умумимиллӣ табдил шавад. Камина ин мавзӯро дар гузашта зимни дарҷи  мақолаҳое дар  нашрияҳои Ҷомеа ва Қонун, Озодагон, Миллат  ва  сомонаи интернетии Сентразия.ру гӯшзад кардаам ва акнун низ мӯьтақидам,ин ҳимоят фақат ба дӯши давлат нест, ҳарчанд,ки сохторҳои ҳукумати бештарин масулиятро дар баробари сарнавишти ин қишри ҷомеа  доранд. Ҳамин ҷо бояд ошкоро бигӯем, ки ҳанӯз ҳам ҳукуматдорони мо  ба таври лозим ба ин масъулияти худ амал накардаанд.

Ба ҳар ҳол моҷарои маьлуми охир зарурати таваҷҷӯҳ ба вазияти муҳоҷирини тоҷик дар Русияро беш аз пеш дорои аҳамият кардааст ва умед аст таьсиси гурӯҳи "Мусоидат ба вазияти мухоҷирин" ба ин масъалаи сарнавиштсоз такони тоза ва таьсиргузор ворид кунад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)