Бахшҳо

Сардабири ҳафтаномаи «Пайкон» даргузашт

Ҷанозаи Ҷумъабой Толибов, журналисти шинохтаи тоҷик фардо оромгоҳи деҳаи Испағни Айнӣ ба хок супурда мешавад.


Ҷумъабой Толибов, сарвари «Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ» ва сардабири ҳафтаномаи хусусии Пайкон дар сини 51 солагӣ бар асари бемории саратон дар зодгоҳаш деҳаи Испағни ноҳияи Айнӣ шаби гузашта даргузашт. Ҷумъабой Толибов 25-уми январи соли 1960 таваллуд шудааст. Оиладор, соҳиби 6 фарзанд. Солҳои 1984-1994 дар газетаи ноҳиявии «Меҳнат»-и ноҳияи Айнӣ мусаҳҳеҳ, мухбир ва мудири шӯъба шуда кор кардааст. Солҳои 1994-1995 сармуҳаррири газетаи «Нури ҳақ»-и ноҳияи Айнӣ буд. Солҳои 1995-1998 раиси хоҷагии деҳқонии «Авсанъан». Солҳои 1998-2004 мудири шӯъбаи ҳуқуқи ҳукумати ноҳияи Айнӣ. Дар натиҷаи нашри мақолаҳои интиқодӣ нисбат ба мақомоти қудратӣ 8 моҳ зиндонӣ шуд. Пас аз он боз ба рӯзноманигорӣ баргашт. Солҳои 2004-2005 мухбири махсуси Маркази тадқиқоти журналистӣ дар водии Зарафшон. Солҳои 2005-2006 директори иҷроияи Маркази тадқиқоти журналистӣ. Солҳои 2007-2008 директори Оҷонсии иттилоотии «Зарафшон-таймс» буд. Аз соли 2008 директори Бюрои маслиҳатдиҳӣ, сухансанҷӣ ва тадқиқоти журналистӣ, ҳамзамон, аз моҳи марти соли 2009 сармуҳаррири ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Пайкон».
Аз соли 1987 узви Конфедератсияи байналхалқии журналистон, ва аз соли 1994 узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон мебошад.

Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Март 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)